Қисми илм ва инноватсия
Мирзоализода Тоҳир Мирзоали,
муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои ветеринарӣ, дотсент
ИЛМ, дар баробари ҳалли вазифаи асосии тайёр намудани мутахассисони баландпоя барои эҳтиёҷоти КАС-и ҷумҳурӣ ҳайати профессорон ва омӯзгорони донишгоҳ ба раванди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ аз рӯзҳои аввали таъсисёбии он аҳамияти хосса медиҳанд. Дар ин раванд бояд тазаккур дод, ки донишгоҳ дар баробари он, ки муассисаи таълимист дар ҷумҳурӣ дар як вақт яке аз марказҳои илмии боэътимод ба шумор меравад.
Аввалин дастовардҳои илмӣ маҳз маҳсули натиҷаи тадқиқотҳои илмии олимони ҳамин даргоҳанд. Бо назардошти ин таърихи илмии донишгоҳ як саҳифаи пурғановати илму истеҳсолоти кишоварзии ҷумҳуриамонро ташкил медиҳад.
Дар солҳои аввали таъсисёб то солҳои 40-ум мавзӯи корҳои илмӣ-тадқиқотии олимони донишгоҳ бо тарҳрезии агротехникаи парвариши зироатҳои ғаллагӣ, пахта, юнучқа, ток, меваю сабзавот бахшида шуда буд. Ҳанӯз соли 1940 нақшаи корҳои илмии олимони донишгоҳ 20 мавзӯъро дар бар мегирифт. Аз соли 1946 сар карда ҷамъбасти корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар солҳои тақвимӣ муҳокима карда мешуданд. Олимони донишгоҳ дар конференсияҳои илмӣ, ки ба онҳо соли 1946 оғоз бахшида шудааст, бо маърӯзаҳо мунтазам баромад мекарданд.
Соли 1948 аввалин маротиба маҷмӯаи мақолаҳои илмии олимони донишгоҳ бо номи "Навиштаҷоти Донишкадаи хоҷагии кишлоқи Тоҷикистон" бо 19 мақола аз чоп баромад. Олимони донишгоҳ дар хонданбоб гаштани маҷаллаи илмӣ-истеҳсолии Вазорати хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон "Хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон" (соли таъсисаш 1948) саҳми босазое гузоштаанд.
Дар солҳои баъдиҷангӣ дар баробари масъалаҳои номбаршуда ба мавзӯи тадқиқотҳои илмӣ масъалаҳои парвариши анҷибар, гулкарам ва механиконии зироаткорӣ, интродуксияи зироатҳо илова шуданд. Соли 1957 аз рӯи 45 ва соли 1962 аз рӯи 66 мавзӯъ тадқиқотҳои илмӣ гузаронида мешуд ва дар амалӣ гардонидани онҳо мутаносибан 62 ва 102 нафар омӯзгор иштирок мекарданд. Дар ин солҳо омӯзгорони кафедраҳои ҷомеашиносӣ ба корҳои илмӣ ҷалб карда шуданд. Олимони факултети зоотехникӣ ба масъалаи мукаммалгардонии зотҳои мавҷудаи чорвои хоҷагии қишлоқ ва мубаддалгардонии чорвои каммаҳсули ҷойдорӣ ба сермаҳсул машғул буданд.
Дар солҳои 50-60- ум олимони донишгоҳ аз рӯйи натиҷаҳои корҳои илмӣ- тадқиқотиашон ба гирифтани 11 шаҳодатномаи муаллифӣ мушарраф гардонида шуданд.Дар солҳои 60-70-ум ва минбаъд омӯзиши маҷмӯи масъалаҳои хоҷагии қишлоқи ҷумҳурӣ дар доираи соҳаҳо: агрономӣ, ҳимояи наботот, зоотехникӣ, тибби ветеринарӣ, тарҳрезии масъалаҳои рушдбахши истеҳсолот ва беҳтар намудани сифати маҳсулоти соҳа, интродуксия, корҳои селексионӣ, ҳалли масоили кимиёкунонӣ, механиконӣ, гидромелиоративӣ, технология, таъмир ва иқтисодиёти истеҳсолоти кишоварзӣ масъалаҳое буданд, ки мавриди тадқиқоти олимони донишгоҳ қарор дода шуда буданд.
Дар соли 1969 якумин қисмати сохтории донишгоҳ озмоишгоҳи "Ғизои минералии чорвои хоҷагии қишлоқ" таъсис дода шуд, ки роҳбариашро профессор Ғаффоров А. Қ. ба уҳда дошт. Дар тӯли ин солҳо маҳсулнокии корҳои илмӣ ва шумораи иштирокчиёни он меафзуданд. Масалан, агар дар соли 1969 ҳамчун маърӯзачӣ дар конференсияҳои илмӣ 47 омӯзгор иштирок карда бошад, пас дар соли 1970 шумораи онҳо ба 91 расидааст.
Барои ин солҳо дар фаъолияти илмӣ равонасозии тамоми иқтидори зеҳнӣ ба ҳалли масъалаҳои актуалии прогресси илмӣ-техникӣ, васеъгардонии тадқиқотҳои маҷмӯӣ, мустаҳкамгардонии алоқаи илм бо истеҳсолот хос аст.
Донишкада дар кулли мавридҳо дар ин солҳо ташкилкунанда ва иштирокчии фаъоли конференсияҳои илмӣ-истеҳсолӣ буд, ки онҳо ба ҳалли масоили соҳаҳои мухталифи истеҳсолоти кишоварзӣ, истифодаи таҷрибаи пешқадами истеҳсолоти кишоварзии минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ оид ба ирригатсия, мелиоратсия, иқтисодиёт ва ташкили хоҷагии қишлоқ баромад намудааст.
Дар ҳамон солҳо аз рӯи натиҷаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ корҳои зерин ҳаллу фасли худро ёфтанд:
- ихтирои типи нави тоҷикии швитсизебуии чорво (Горбунов Н.); Тарҳрезии технологияи тайёр намудани биопреппаратҳо ба муқобили нағзаки бузҳо (Ванновский Т. Я.); Ихтирои навъҳои нави пахтаи миёнанах ТСХИ-63, ТСХИ-65 (Нагибин Я. Д., Ҳайдаров Э. Ҳ.); Ихтирои навъи нави гандуми тирамоҳӣ "Сурхак юбилейный" (ЕрмоленкоА. П.); Усул ва мукаммалгардонии роҳҳои муайянкунии миқдори нитроген ва микроэлементҳо (Мешеряков А. М., Ҷуманқулов Ҳ.Қ.);
- интихоби зироатҳои мобайнии нашъунамои зимистона дар системаи дар давоми сол пурра истифода бурдани заминҳои обӣ, агротехникаи шолӣ, реҷаи обию ҳавои хокҳо (Нурматов А. Н., Қаюмов Ғ. Қ., Гулмамедова Н. Н.); Ихтирои зоти нави гуштӣ-равғанӣ ва пашмии тоҷикии гӯсфанд (Алиев Ғ.А.); Муайян намудани миқдори микроэлементҳо дар хӯрокаҳою маводҳои биологӣ ва таъсири онҳо ба маҳсулнокии чорво (Ғаффоров А. Қ.);
- мукаммалгардонии усулҳои мубориза бар зидди касалиҳои сирояти хун (Авессаломов И. С); Таҳрезӣ ва тавсиянома оид ба системаи чорабиниҳои нигоҳдории тандурустӣ- диспансеризатсияи ҳайвони калони шохдор ва истифодаи флюорографии рентгенӣ ва дигар методҳо (Мустақимов Р. Т.); Усулҳои самараноки мукаммалгардонии дохили зотии гӯсфандони ҳисорӣ (Форсихонов С. И,); Тарҳрезии усулҳои самараноки мубориза бар зидди фузариоз ва дигар касалиҳои пахта (Менликиев М. Я); Ихтирои чӯянҳои нави ба хӯрдашавӣ устувор (Лядский В. Б.); Тарҳрезӣ ва тадбиқи усулҳои нави барқароркунии қисмҳои мошину олотҳо (Пулотов А,); Тайёр намудани намунаи таҷрибавии мошинаи анҷибарғундоранда, хушккунаки индуксионӣ ва тухмипошаки универсалӣ (Шукуров А., Мадалиев А., Попов А., Ахунов Т. И,); Технологияи гирифтани ду ҳосили дон дар як сол аз заминҳои обии минтақаҳои мухталифи хокию иқлимии ҷумҳурӣ (Қосимов Ҷ. Қ,);
- тарҳрезӣ ва татбиқи усули муборизаи интегратсионӣ бар зидди зараррасонҳои пахта (Муҳиддинов С. М,); Омӯзиши хусусиятҳои хоси физикии булурҳои моеъ (Бобоев А. С., Сабуров Б.С.); Тарҳрезии усулҳои нави обёрии заминҳои нишеб ва конструксияи системаи объёрӣ (Нурматов Н. К.); Тадқиқотҳо ва тадбиқи онҳо дар истеҳсолот оиди ҳисоби хоҷагӣ ва ҳавасмандгардонии маводи меҳнат (Мироқи лов Т.М., Солиев Х.С.) ва ғайраҳо.
Истиқлолияти давлатӣ, иқтисоди бозоргонӣ, шаклҳои гуногуни моликият ва истифодаи замин масъулияти олимони донишгоҳро боз ҳам афзуд. Бо назардошти ин ва бо мақсади дуруст ба роҳ мондани фаъолияти илмӣ дар сохтори идоракунии қисми илм тағйиротҳо ворид карда шуданд. Айни замон дар сохтори қисми илм ва инноватсияи донишгоҳ раёсати илм ва инноватсия (сардораш дотсент Акрамов У.Х.), Шуъбаи ба нақшагири (Сангинова У.С) шуъба оид ба корҳои магистратура, аспирантура ва докторантура (PhD) (Абдуллобеков Б.С.), бахши рушди касбият (кариера) (Саидмуродова Г.), шуъбаи танзими фаъолияти илмии донишҷӯён (Мухторзода П.Ҷ.), маркази табъу нашр (Сайдалиев М.), директори парки технологӣ (Валиев Н.В.), шурои диссертатсионӣ, озмоишгоҳҳо, мутахассиси-патентшиносӣ (Абдуллоева С.), муҳосиб (Амиршоев Р.Ф.). Тибқи Қарори Шӯрои олимони донишгоҳ № 1 аз 26.09.2008 вазифаҳои муовини декан оид ба илм низ ба ҷадвали вохидҳои корӣ ворид карда шудааст.
Фаъолияти илмии олимони донишгоҳ дар рушди илми кишоварзӣ ва пешниҳоди усулҳои навини тадқиқот дар самтҳои селексия ва технологияи парвариши зироату чорво, ба танзим даровардани реҷаҳои мухталифи хоку зироатҳо, ҳифзу табобати зироатҳои кишоварзӣ ва чорво аз касалиҳо ва организмҳои зараррасон, мукаммалгардонии мошину олотҳои кишоварзӣ, татбиқи усулҳои самараноки обмонӣ, хӯронидани чорво, бунёди боғҳои интенсивии нав, интродуксияи растаниҳо, татбиқи механизми усулҳои муфиди иқтисодӣ дар идоракунии истеҳсолоти кишоварзӣ ва ғ. бағоят назаррас аст. Дар ҳамаи зинаҳои тараққиёти ҷомеа мазмуну мундариҷаи корҳои илмӣ-тадқиқотии олимони донишгоҳ ба ҳалли масъалаҳои бунёдию амалӣ нигаронида мешуданд, ки маҳз аз талаботи истеҳсолоту вазифаҳои гузошташуда бармеомаданд.
Алҳол олимони донишгоҳ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар шароити Истиқлолияти давлатӣ, шаклҳои гуногуни моликият ва истифодабарии замин он масъалаҳоеро таҳқиқ намоянд, ки ба рушди истеҳсолот дар давраи гузариш ба иқтисоди бозоргонӣ мусоидат намуда, каммасрафу обу энергия захиракунанда бошанд ва бешубҳа барои болоравии иқтисодиёти кишвар заминаи боэътимод гузоранд.
Мувофиқи нақшаи дурнамои корҳои илмию тадқиқотии донишгоҳ барои солҳои 2021-2025 дар асоси нақшаҳои тақвимии тасдиқшуда барои соли 2022 дар донишгоҳ аз рӯи 15 мавзӯи фармоишӣ (барои солҳои 2020-2024 – ум 2 - то, 2021-2025 – ум 9 - то, 2022 -2026 -ум 4 - то) ва 17 мавзӯи сарборӣ корҳои илмию тадқиқотӣ гузаронида мешаванд. Вобаста ба ин, аз тарафи роҳбарони илмӣ ва иҷрокунандагони мавзуъҳои илмӣ барномаҳои корӣ ва нақшаи тақвимии гузаронидани корҳои илмӣ–тадқиқотӣ дар соли 2022 таҳия ва дар Шӯрои олимони донишгоҳ Суратҷаласаи №9 аз 28.02.2022 тасдиқ карда шудааст. Баҳри амалисозии мавзуҳои лоиҳаҳои фармоишии аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағ гузоришаванда 83 нафар кормандони илмӣ, аз ҷумла 16 нафар докторони илм, 35 нафар номзадони илм ва 32 нафар омӯзгорону дастёрон сафарбар гардидаанд. Дар доираи мавзӯъҳои илмӣ чунин корҳо анҷом дода шуданд.
Дастовардҳои лоиҳаҳои илмӣ ва татбиқи онҳо:
- 1. «Омӯзиши хусусиятҳои нашуънамои алафҳои бегонаи гелиотроп ва қалмочи сафед (триходесма седая) дар киштзори зироатҳои ғалладона ва такмили усулҳои самараноки мубориза ба зидди онҳо дар шароити Ҷанубу Шарқи Тоҷикистон» (2020-2024) РҚД № 0120ТJ 01032
Дар шароити иқлимии вилояти Хатлон хусусиятҳои нашуънамои алафҳои бегонаи гелиотроп ва қалмочи сафед (триходесма седая) дар киштзори зироатҳои ғалладона, таъсири онҳо ба сифати дон ва роҳҳои пешгирии онҳо омӯхта шуд. Таҷрибаҳо нишон доданд, ки меъёри кишт ба инкишофёбии гандуми тирамоҳии навъҳои “Московский-56” ва “Антонина” ба нашъунамои гелиотроп ва қалмочи сафед таъсир расонид. Ҳосилнокии дони гандум вобаста аз вариантҳои тадқиқотӣ 38,7-48,0 с/га ташкил дод.
Ҳосилнокии дони гандуми тирамоҳӣ вобаста ба муҳлатҳои кишт 11,8-23,4 с/га-ро ташкил намуд.
Дар асоси натиҷаҳои бадастомада 1 монография, 2 тавсиянома, ду санади татбиқи натиҷаҳои амалӣ дар истеҳсолот ва 6 мақола чоп карда шудааст.
- 2. «Мукаммалгардонии хусусиятҳои ирсӣ ва сифатҳои кории аспҳои тоҷикӣ» (2020 – 2024). РҚД № 0120TJ01033
Саршумори умумии аспи зоти тоҷикӣ дар ҷумҳурӣ 36 ҳазор сар буда, ки 45% саршумори умумии аспҳоро дар ҷумҳурӣ ташкил медиҳанд. Вазни зиндаи аспҳо яке аз нишондодҳои асосии коршоямии онҳо ба ҳисоб меравад. Муайян карда шуд, ки вазни зиндаи айғирҳои зоти тоҷикии хоҷагии «Мир»-и ноҳияи Ховалинг ба ҳисоби миёна 367,7 кг-ро ташкил дода нисбат ба айғирҳои хоҷагии деҳқонии «Эмомҷон»-и ноҳияи А.Ҷомӣ 2,9 кг ва нисбат ба айғирҳои хоҷагии «Дошмандӣ» 0,8кг зиёдтар аст. Натиҷаҳои вазнафзункунии куррачаҳои зоти аспи тоҷикӣ дар шароити нигоҳдории галлагӣ қаноатбахш буда, муайян гардид, ки аз таввалуд то синни 6- моҳагӣ аз ҳама бештар куррачаҳои ҷинси нари хоҷагии «Мир» вазн афзун намудаанд (161,4 кг), ки нисбат ба ҳамсолони худ мутаносибан 11,9 кг ва ё 7,37% (х/д «Дошмандӣ»); 15,4 кг ва ё 9,54% (х/д «Эмомҷон») зиёдтар буд. Дар ҷинси модинаи куррачаҳо низ аз рӯйи ва аз афзункунии мутлақ куррачаҳои хоҷагии «Мир» бартарӣ доштанд.
Аз тарафи иҷрокунандагони лоиҳа 2 мақола чоп карда шудааст.
- 3. «Истифодабарии буққаҳои типи тоҷикии зоти сиёҳало бо мақсади баланд бардоштани сифати зотии чорвои аҳолӣ» (2021-2025) РКД № 0121TJ1175
Мақсади асосии мавзуъ ин муайян намудани вазни зинда (дар асоси гирифтани андозаҳо), рушду тараққиёти чорво (дар асоси гирифтани андозаҳо) дараҷаи ширдӯшии модаговҳои хушзотшуда ва модаговҳои маҳаллии хушзотнашуда (дар асоси гузаронидани ширдӯшии санҷишӣ) мебошад. Муайян карда шуд, ки буққаҳои истифода шуда байни ҳамдигар фарқ мекунанд. Онҳо ҳангоми таваллуд вазни зиндаи 274,5 кг доштанд, ки нисбати духтарони буққаҳои маҳаллӣ 34,1 кг (14,1 %) ва нисбати духтарони буққаи №1 дар ҳамин синну сол 11,2 кг (4,2 %) бартарӣ доштанд.
Натиҷаи асосии лоиҳа дар 1 монография, 3 тавсиянома, ду санади татбиқи натиҷаҳои амалӣ дар истеҳсолот ва 13 мақола чоп карда шудааст.
- 4. «Омӯзиши хусусиятҳои ғизоиву инкубатсионии тухми бедона, кабк ва мурғи марҷони зотҳои дар Тоҷикистон парваришёбанда, роҳҳои беҳтар намудани сифати онҳо» (2021-2025) РҚД № 0121ТJ11207
Натиҷаи таҳқиқотҳо, нишон доданд, ки нишондодҳои вазни тухм, индекси сафедӣ, зардӣ ва ғафсии пӯчоқи тухми мурғи марҷони кросси сафеди қафасаи синапаҳм мутаносибан 10,7%, 5,0%, 4,0 ва 4,2% нисбат ба ирсиятҳои маҳаллӣ зиёд аст. Зичии тухм, вазни нисбии сафедӣ, зардӣ ва пӯчоқ дар гурӯҳҳо фарқи зиёд надошта ба меъёр мувофиқ аст. Дар бордоршавии тухмҳо (89-87%) ва (76-72%) фарқияти бисёр мавҷуд нест. Ҳамзамон, баромади чӯҷаҳои солим аз тухмҳои инкубатсионии кросси мурғи марҷони «Сафеди қафасаи синапаҳм» (76%) нисбати мурғи марҷони популятсияи маҳалли 4,0 % зиёд буд.
Аз тарафи иҷрокунандагони лоиҳа 7 мақола чоп карда шудааст.
- 5. «Баланд бардоштани маҳсулотнокии оилаҳои занбӯри асал тавассути бордоркунии сунъии модарзанбӯр дар шароити Тоҷикистони Марказӣ » (2021-2025) РҚД № 0121ТJ1172
Дар доираи мавзуъ хоҷагиҳои тачрибавии КВТТ «Ҳисор»-и «Камолиддин-2Н» ш.Ҳисор оилаҳои беҳтарини аҳамияти зотпарварӣ дошта интихоб карда шуданд. Таҷрибаҳои гузаронида оид ба таъсири бордоркунии сунъӣ ба тухмгузорӣ ва маҳсулнокии оилаи занбӯри асал дар шароити ноҳияи Оби-Киик ва Сангобаи Роғун нишон дод, ки дар ҳолати ҷамъ намудани воҳиди асалии маҳсулоти занбӯрони таҳқиқотӣ, ки 33,7 ВА-ро ташкил намуд, маблағи он то ба 2022 сомонӣ баробар шуд, ки аз занбӯрони зоти карпатӣ ба миқдори 177 сомонӣ зиёд мебошад.
Дар асоси натиҷаҳои бадастомада 1 монография ва 16 мақола чоп карда шудааст, ҳамзамон дар ҳаммуаллифӣ бо олимони Институти чорводории АИКТ “Типи тоҷикии занбӯриасал” ноҳиябандӣ карда шуд.
- 6. «Таъсири тағйирёбии иқлим ба таркиби ботаникии алафҳои табиӣ, ҳангоми беҳтаргардонии ҳолати чарогоҳҳои гузарандаи (мавсимӣ) Тоҷикистон » (2021-2025) РҚД № 01011ТД075
Барои самаранок будани усули беҳтаргардонии чарогоҳҳои минтақаи хушки Тоҷикистон ва гузаранда, кишти зироатҳои ба хушки тобовар ба мисли саксаул, изен ва дигар растаниҳо корида шудаанд. Маълум карда шуд, ки киштҳои саксаул, изен ва омехтаи алафҳоӣ табиӣ вобаста аз ҳамаи намудҳо ва навъҳо, меъери кишт ва дигар намудҳои технологияҳои агротехникӣ ҳосилнокии чарогоҳҳоро аз 2 то 4 маротиба зиёд мекунад. Инчунин дар тухми алафҳои табиӣ ғаллагӣ хардумаки серқилтиқ ва ҷави пиёзакдор, изен бошад намудҳои изени сангин ва навъи Куйканак хусусияти сабзида зиёд шуданро доранд.
Аз тарафи иҷрокунандагони лоиҳа 6 мақолаи илмӣ чоп шудааст, 1 монография ба нақша гирифта шудааст ва 1 тавсиянома аз чоп баромад.
- 7. «Коркарди ҳимояи интегратсионии себ аз зараррасонҳо ва касалиҳо дар водии Ҳисор» (2021-2025) РҚД № 0121TJ1173
Натиҷаи мониторинги феромонӣ нишон дод, ки мавҷи популятсионии нисбатан аниқи парвози насли аввал бо зичии зиёд (ба ҳисоби миёна аз 17 то 36 фард дар 1 дом дар шабонарӯз авҷи парвоз) дар даҳрӯзаи сеюми моҳи май ва даҳрӯзаи аввали моҳи июни соли ҷорӣ мушоҳида карда шуд. Натиҷаи таҳқиқот нишон дод, ки ҳангоми паҳн кардани 820 фард/дарахт самаранокӣ бар зидди насли якум 24.2%, аммо ҳангоми меъёри зиёди истифода то 1230 фард/дарахт самаранокӣ 36.4% ва ҳангоми 1640 фард/дарахт - 48.6% ро ташкил мекунад.
Аз ҷониби иҷрокунандагони лоиҳаи мазкур 6 тавсияномаҳо ва 14 мақолаҳои илмӣ аз чоп бароварда шудаанд.
- 8. «Омӯзиши ташкили технологияи нигоҳдорӣ, маркетинг ва логистикаи меваҷот дар шароити Тоҷикистони Марказӣ» (2021-2025). РҚД № 0121 TJ 1176
Дар асоси мавзӯи омӯхташаванда низоми ташкили нигоҳдорӣ ва маркетингию логистикии меваҷот таҳия гардида, онҳо ҳамчун пойгоҳ дар низоми гуногунсатҳи муносибатҳои ҳаракати маҳсулоти озуқаворӣ, аз ҷумла меваҷоти тару тоза дар шароити ҷомеаи Тоҷикистони Марказӣ истифода шуда, имконияти ошкор намудани камбудиҳои соҳа ва тавсияҳо барои бартарафсозии норасоиҳоро таъмин менамояд.
Аз тарафи иҷрокунандагони лоиҳа 11 мақола чоп карда шудааст.
- 9. «Самаранокӣ ва аҳамияти агротехникии тавъами зироатҳои ғалладонагӣ, лӯбиёдонагӣ, хӯроки чорво, сабзавотӣ ва картошка дар кишт-гардонҳои кӯтоҳдаври пахта дар шароити диверсификатсияи истеҳсолоти кишоварзӣ» (2021-2025). РҚД №0121ТJ1181.
Натиҷаи тадқиқотҳо нишон дод, ки тавъами сабзии барвақтӣ (кишт 7.02 ва ғунучини ҳосил 13.04) шароит фароҳам меоварад, ки аз ҳар гектари заминҳои корами обӣ дар киштҳои такрорӣ 278 сентнер ҳосил ба даст оварда шавад. Пиёзи барвақтӣ (кишт 10.09 ва ғунучини ҳосил 18.04) имконият дод, ки аз ҳар гектар замини корам 310 с ҳосил рӯёнда шавад. Аз картошкаи барвақтӣ (кишт 20.11 ва ғунучини ҳосил 23.04) 216 с/га ҳосил ғундошта шуд.
Дар асоси натиҷаҳои ба даст овардашуда тибқи лоиҳа 4 мақолаи илмӣ ба чоп расонида шудааст.
- 10. «Селексияи пахтаи миёнанах ва тритикале дар асоси маводҳои аввалия, такмили технологияи парвариш ва низоми тухмипарварии онҳо дар шароити Тоҷикистони Марказӣ ва Ҷанубу Шарқӣ» (2021-2025). РҚД № 0121TJ1171
Дар доираи иҷрои лоиҳаи мазкур дар соли 2022 бо зироати пахта 2 таҷрибаи саҳроӣ дар шароити Тоҷикистони Марказӣ ва Тоҷикистони Ҷанубу Шарқӣ, дар масоҳати 0,5 гектар дар шароити водии Ҳисор ва 0.25, гектар дар шароити ноҳияи Ёвон, бо 22 навъу намунаи коллексионӣ, ки дар кафедра мавҷуд буд амалӣ карда шуд.
Дар натиҷаи корҳои селексионӣ навъи пахтаи миёнанахи “Баракат” офарида шуда ба Комиссияи Давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳои Вазорати кишоварзии ҶТ супорида шуд. Ғайр аз он пахтаи навъи “ДАТ-1” дар минтақаҳои пахтакори ҷумҳурӣ ноҳиябандӣ карда шудаанд.
Дар давраи ҳисоботӣ аз рӯи натиҷаҳои бадастомадаи лоиҳа 7 мақолаи илмӣ ба чоп расида соҳиби 1 шаҳодатномаи муаллифӣ гаштанд.
- 11. «Муайян намудани навъҳои нави ба шароити номусоиди минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон тобовари картошка» (2021-2025). РҚД №0121ТJ1181
Интихоби растаниҳои намунаҳои дорои нишондодҳои баланди ҳосил-нокӣ, муҳлати пухта расидан, тобоварӣ ба касалиҳо, зараррасонҳо ва шароитҳои номусоиди ноҳияҳои Деваштич, Шаҳристон, Сангвор ва Лахш; солимгардониданӣ ва истеҳсол намудани нахусттухмии навъҳои интихобшуда дар намуди растании найчашишагӣ ва микролӯндаҳо дар шароити in vitro; парвариш намудани минилӯндаҳо ва насли дуюм ва сеюм навъҳои интихобшудаи ноҳияҳои санҷишӣ дар шароити ноҳияҳои санҷишӣ; омӯзиши ҳарҷонибаи хусусиятҳои агробиологии намунаҳои картошкаи пайдоишашон бофтагӣ ва генеративӣ: ҳосилнокӣ, тобоварӣ ба касалиҳо, омӯзиши элементҳои асосии агротехнологии парвариши тухмии навъҳои серҳосили селексионии картошка, ки бо усулҳои биотехнологӣ ба даст оварда шудааст; омӯхтани ҳолати сифати тухмии навъҳо дар вақти нигоҳдорӣ дар анборхона (дар муддати моҳҳои октябр – апрел) -соли якуми санҷиш; пешниҳод намудани навъҳои нави селексионӣ барои парвариш дар минтақаҳои куҳии Суғд ва Рашт ба Комиссияи давлатии навсанҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар асоси натиҷаҳои ба даст овардашуда тибқи лоиҳа 6 макола, 2 тавсиянома, 3 тезис чоп шудааст.
- 12. «Асосноккунии илмии усулҳои инноватсионии парвариши чормағзи заминӣ дар шароити иқлимии Шимоли Тоҷикистон » (2022-2026)
Таҷрибаҳо нишон доданд, ки ҳосилнокии дони чормағзи заминӣ вобаста аз усулҳои кишт ба 31,9-34,7 с/га баробар шуд. Ҳосилнокии дон дар усули кишти пуштагӣ нисбат ба усули кишти ҳамвор то 2,8 с/га ҳосилнокии бештари донро таъмин намуд. Вобаста аз муҳлатҳои кишт ҳосилнокии баланди донро муҳлати кишти 10 май таъмин намуд, ки он ба 34,3 с/га баробар шуд. Бо зиёд намудани зичии растаниҳо дар киштзор аз 75 то 135 ҳаз.раст/га ба баландшавии ҳосилнокии дони чормағзи заминӣ мусоидат намуд, ки он мутаносибан ба 26,4 - 34,5 с/га баробар шуд. Аз 135 ҳаз.раст/га бештар намудани зичии киштзор то 150 ҳаз.раст/га боиси пастшавии ҳосил то 1,5 с/га шуд. Ба ҳисоби миёна ҳосилнокии дони чормағзи заминӣ вобаста аз такрорёбиҳо ва вариантҳои омӯзишӣ ба ҳисоби миёна дар усули кишти пуштагӣ то 35 с/га, муҳлати кишти 10 май 34,3 с/га ва зичии 120-135 ҳаз.раст/га ба 33,4-34,5 с/га баробар шуд.
Аз тарафи иҷрокунандагони лоиҳа 1 мақола чоп шуда, 2 мақолаи дигар ба чоп пешниҳод карда шудааст.
- 13. “Мониторинг ва дурнамои ҳолати истифодаи замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” (2022-2026). РҚД № 0122TJ1316
Аз тарафи иҷрокунандагони мавзуъ дар соли ҳисоботӣ таҳлил ва омӯзиши ҳолати заминҳои минтақаи кадастрии шаҳри Ҳисор, ноҳияи Шаҳринав, шаҳри Турсунзода, шаҳри Ваҳдат, ноҳияи Рӯдакӣ, ноҳияи Варзоб гузаронида шуд. Ҳолати заминҳои минтақаҳо муайян гардид, ки дар шаҳри Ҳисор ҷамъи заминҳои ноҳия 97514 га, аз ҷумла заминҳои обӣ 14308 га, ҷамъи заминҳои корам 11906 га, аз ҷумла корам обӣ баробари 7486 га ба як одам 0,02 га; ноҳияи Шаҳринав ҷамъи заминҳои ноҳия 100696 га, аз ҷумла заминҳои обӣ 7502 га, ҷамъи заминҳои корам 8362 га, аз ҷумла корам обӣ баробари 3666 га; шаҳри Турсунзода, ҷамъи заминҳои ноҳия 117539 га, аз ҷумла заминҳои обӣ 17334 га, ҷамъи заминҳои корам 14711 га, аз ҷумла корам обӣ баробари 9223 га; шаҳри Ваҳдат, ҷамъи заминҳои ноҳия 367400 га, аз ҷумла заминҳои обӣ 14729 га, ҷамъи заминҳои корам 13747 га, аз ҷумла корам обӣ баробари 10320 га; ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамъи заминҳои ноҳия 173528 га, аз ҷумла заминҳои обӣ 13655 га, ҷамъи заминҳои корам 19128 га, аз ҷумла корам обӣ баробари 8443 га; ноҳияи Варзоб ҷамъи заминҳои ноҳия163133 га, аз ҷумла заминҳои обӣ 14729 га, ҷамъи заминҳои корам 2063 га, аз ҷумла корам обӣ баробари 58 га рост меояд.
Аз тарафи иҷрокунандагони лоиҳа 3 мақола чоп шудааст.
- 14. “Баланд бардоштани маҳсулнокии ширии модаговҳо ва беҳтар намудани хосиятҳои технологии шир бо роҳи пурбаҳо хӯронидан” ( 2022-2026). РҚД№ 0122TJ1317
Таҳлили ҳолати базаи хӯрокӣ ва ратсионҳои хӯронидани модаговҳо дар хоҷагӣ нишон медиҳад, ки онҳо аз рӯйи миқдори протеин ва карбогидратҳо ба талабот ҷавобгӯ нестанд. Дар хоҷагӣ асоси ратсиони тобистонаро юнучқаи сабз ташкил мекунад, ки дар он миқдори протеин зиёд буда, карбогидратҳо кам мебошад. Муайян гардид,ки талаботи модаговҳо бо қанд танҳо 40-60% таъмин мегардад, миқдори протеин аз меъёр 50-100% зиёд буда, таносуби қанду протеин ба 0,3-0,5:1 баробар мебошад, ки дар натиҷа маҳсулнокию наслнокӣ, миқдори равған ва сафеда дар шир кам мешавад. Бо мақсади баланд бардоштани маҳсулнокии ширии модаговҳо новобаста аз зоташон ратсионҳои пурбаҳо тартиб дода ба ин васила маҳсулнокии ширии модаговҳоро то ба 15-20 фоиз баланд бардоранд.
Аз тарафи иҷрокунандагони лоиҳа 4 мақола чоп шудааст.
- 15. “Рушди истифодаи самараноки захираҳои заминӣ-обӣ дар Болооби Зарафшон барои васеъ намудани истеҳсолоти кишоварзӣ ва худтаъминкунии озуқаворӣ” (2022-2026). РҚД№ 0122TJ1318
Натиҷаҳо нишон доданд, ки захираҳои замини минтақа аз сабаби дар водиҳои чуқур ҷорӣ шудани оби дарёҳо самаранок истифода бурда намешаванд. Заминҳои кишоварзии минтақа дар нишобиҳои кӯҳҳо ҷойгир шуданд ва обёрӣ намудани онҳо сармояи калонро талаб менамояд. Намудҳои асосии заминҳои кишоварзӣ дар минтақа заминҳои корами обӣ, лалмӣ ва чарогоҳҳо мебошанд.
Муқаррар карда шуд, ки моддаҳои ғизоӣ аз миқдори муайяншуда хело зиёд буда, қонунҳои асосии кишоварзӣ — қонуни «бозгашт» вайрон карда шудааст. Дар натиҷа заминҳои обёришаванда хеле кам шуда, хосиятҳои физикию химиявии онҳо ниҳоят бад шуда, мувозинати умумии биологӣ вайрон карда шудааст.
Озмоишгоҳи таълимӣ-таҳқиқотии «Бионтинсекта» мувофиқи лоиҳаи гранти хурд дар мавзуи «Рушди ҳимояи биологӣ ва истеҳсоли энтомофагҳо дар шароити озмоишгоҳи таълимӣ-таҳқиқотии «Бионтинсекта» корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ гузаронида, дар доираи он парвариши якчанд намуди энтомофагҳоро ба роҳ монда истодааст. Асосан 3 намуди энтомофагҳои тиллочашмак трихограмма ҳабробракон ҳабетор, ки аз тухми модариашон гирифта шудааст, дар шароити озмоишгоҳ афзоиш истеҳсол карданд. Мутахассисони озмоишгоҳ дар як давра шумораи намудҳои энтомофагҳоро дар шароити озмоишгоҳ парваришашонро ба роҳ монданд: аз ҷумла трихограмма 24 гр. (зиёда аз 1 млн. фарди болиғ) метавон ин миқдорро барои 12 га заминҳои зироатҳои кишоварзӣ бар зидди зиёда аз 250 намуди тухми зараррасонҳо истифода бурд, ҳабробракон ҳебетор бошад миқдори парваришёфта 40 000 фарди болиғ-ро ташкил медиҳад, ки метавонем ин миқдорро барои 40 га бар зидди кирмакҳои ҳашаротҳои зараррасон истифода намоем ва тиллочашмаки оддӣ бошад дар шароити озмоишгоҳ 40 000 дона тухм парвариш карда шуд, ки ба 10 га заминҳои зироатҳои кишоварзӣ бар зидди туҳми зараррасонҳо, кирминаҳои синни хурди зараррасонҳо, ширинчаҳо, тортанаккана ва трипс истифода бурда мешавад. Бояд қайд намуд, ки энтомофагҳои парваришёфтаро санаи 30 апрели соли 2022 ба КВТТ “Ҳисор”-и шаҳри Ҳисор бурда, дар заминҳои боғ, ғалладонагӣ, сабзавот ва пахта сар дода шудаанд.
Дар солҳои 2014-2018 олимони донишгоҳ аз рӯйи натиҷаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ навъҳои навъи пахтаи “Ҳисор”, “Зарафшон”, “Ҳулбуқ”, гандуми навъи “3000-солагии Ҳисор”, “Моҳи нав”, картошкаи “Каримӣ”, “Ғончӣ” эҳтироъ намуданд ва дар ҳамаи ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз тарафи Комиссияи навсанҷии давлатӣ ва баҳодиҳии навъи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон минтақабоб карда шудаанд.
Гандуми мулоими навъҳои “Сипар”, “Меҳргон”, “Лочин”, тритикалеи “Юсуфӣ” аз соли 2016 барои санҷиши расмӣ ба Комиссияи навсанҷии давлатӣ ва баҳодиҳии навъи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои санҷиш бо роҳбарии профессор Расулов С., Ҳайдаров З., Салимзода А.Ф., Анварова М., Маҳмадёрзода У.М. пешгниҳод карда шудааст.
Дар баробари ин ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ дар раванди амалӣ гардонидани барномаҳои рушдбахши соҳаҳои мухталиф (боғу токпарварӣ, пиллапарварӣ, тухмипарварӣ, занбӯриасалпарварӣ, Моҳипарварӣ Харгушпарварӣ), ки аз қарорҳои Ҳукумати ҶТ бармеоянд, фаъолони иштирок меварзанд. Олимони донишгоҳ дар кулли чорабиниҳои илмию амалие, ки аз тарафи Ҳукумати ҶТ, вазоратҳои кишоварзӣ, маориф ва илм, иқтисоду савдо, АИ ҶТ, АИКТ ва дигар муассисаҳои давлатӣ гузаронида мешаванд, мунтазам саҳми худро мегузоранд.
Дар фаъолияти раёсати донишгоҳ дар қатори корҳои таълимию тарбиявӣ ба рушди корҳои илмӣ тадқиқотӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад. Дар раванди амалигардонии натиҷаҳои КИТ шумораи чоп ва дастрас намудани тавсияномаҳо шаҳодати ин натиҷаҳост. Дар ин давра аз тарафи олимони донишгоҳ 80 тавсиянома ба истеҳсолкунандагон пешниҳод шудаанд.
Дар ин солҳо тайёр намудани олимони ҷавон номзадҳо ва докторони илм пурмаҳсул аст, ки дар таърихи донишгоҳ дар самти тайёр намудани кадрҳои илмию педагогӣ як саҳифаи дурахшон аст. Дар 5 соли охир маҳз аз рӯйи методикаи корҳои илмӣ-тадқиқотии донишгоҳ 43 нафар рисолаи номзадӣ ва 6 нафар рисолаи дараҷаи илмии докториро ҳимоя намуданд. Аз ҷумлаи дифоъкардагон 39 нафар (6 рисолаи докторӣ-Хотамов Т.М., Бобохонов Р., Султонова М., Назарова Н., Сахимов М.Р., Аҳмадов Б.Р.) дифоъ намудаанд.
Донишгоҳ дар раванди тайёр намудани кадрҳои илмию педагогӣ пойгоҳи зарурии моддию техникӣ ва моддиро дорост. Дар ин самт раёсати донишгоҳ тайёр аст, ки омӯзгороне, ки майлу рағбати дифои рисолаҳоро доранд, ҳаматарафа дастгирӣ менамояд.
Дар фаъолияти илмии ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур дар баробари тадқиқоти илмӣ тарбияи кадрҳои илмию педагогӣ мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Ҳоло дар донишгоҳ 47 нафар доктори илм, аз ҷумла 6 нафар академики АИКТ, 5 нафар аъзои вобастаи АИКТ, 140 нафар номзади илм ва дотсент, 36 нафар унвонҷӯ, 80 нафар магистр ва 34 нафар доктори PhD ҷиҳати тарҳрезии лоиҳаи мазкур ҷалб карда шудаанд. Ҳамаи онҳо ба мавзӯъҳои корҳои илмию тадқиқотӣ вобаста карда шудаанд ва фаъолияти онҳо таҳти назорати доимӣ мебошад.
Барои тайёр намудани кадрҳои дараҷаи илмӣ дошта, дар назди донишгоҳ дар соли 2022, 3 Шӯрои диссертатсионии миллии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти дараҷаҳои илмӣ 6D KOA – 016 доктори фалсафа (PhD) –доктори илм аз рӯйи ихтисосҳои 6D050600 - Иқтисодиёт (6D050608- иқтисодиёти коммплекси агросаноатӣ); 6D KOA – 065 аз рӯйи ихтисосҳои 6D080100 – Агрономия (6D080101 - зироаткории умумӣ, растанипарварӣ); 6D080800- Агрокимиё (6D080801- Агрокимиё); 6D081100 – Ҳифзи наботот ва карантини растаниҳо (6D081101- Ҳифзи растаниҳо) ва барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ва доктори илм аз рӯйи ихтисосҳои 06.01.00 - Агрономия (06.01.01. – зироаткории умумӣ, растанипарварӣ” (доктори илм ва номзади илм), 06.01.04 – Агрокимиё ва 06.01.07-муҳофизати растаниҳо; 6D. KOA-007 аз рӯйи ихтисосҳои 6D.080200 - технологияи истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ, (6D.080201 Зоотехнияи ҷузъӣ, технология ва истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ; 6D.080203 - истеҳсоли хӯроки чорво, хӯрокдиҳии ҳайвоноти кишоварзӣ ва технологияи хӯроки чорво) ва дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои кишоварзӣ аз рӯйи ихтисосҳои 06.02.08-истеҳсоли хӯроки чорво, хӯрокдиҳии ҳайвоноти кишоварзӣ ва технологияи хӯроки чорво, 06.02.10 – зоотехнияи хусусӣ, технология ва истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ (номзади илм) дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият намуда истодаанд, ки дар онҳо 12 нафар рисолаҳои номзадӣ (Рӯзиев Х., Ҷурабоева Ҳ., Қадамов А.Қ., Расулова Д.Б., Сангов М., Мирзон Н. М., Пирназаров Ш.М., Мирзоев С.А., Шокирзода Н.И., Ҳасанова Ф.Ш.), 1 нафар рисолаи докторӣ (Юлдашев Ҳ.У.) ва 1 нафар доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯйи ихтисос (Парвизи Ҳотам) дифоъ намудаанд, ки аз ин миқдор 5 нафари онҳоро устодони донишгоҳ (Парвизи Ҳотам – дар Шӯрои агрономӣ ва Рӯзиев Х.- дар Шӯрои зооинженерӣ, Сангов М. – дар Шурои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Пирназаров Ш.М., Мирзоев С.А. – дар Шӯрои иқтисодӣ,) ташкил медиҳанд ва 8 нафар иҷозат ба ҳимояи ошкороро гирифтаанд. Дар давраи ҳисоботӣ Шӯрои диссертатсионии тобеи Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия Д737.003.03 - оид ба дарёфти дараҷаҳои илмии номзади илм ва доктори илм аз рӯйи ихтисосҳои 06.01.01 – зироаткории умумӣ, растанипарварӣ ва 06.01.07-ҳимояи растаниҳо кушода шуд ва 3 нафар унвонҷӯён (Сангинова Б.С., Махкамов М.А., Мустафоқулова М.О.) бо муваффақият рисолаҳои номзадии худро ҳимоя намудаанд, ки як нафари онҳо Мустафоқулова М.О. омӯзгори донишгоҳ мебошад.
Дар донишгоҳ соли ҷорӣ 37 чорабинии илмӣ аз он ҷумла 3 конференсияи байналмилалӣ, 8 конференсияи илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ, 6 конференсияи илмӣ - назариявӣ, 11 мизи мудаввар, 2 семинари илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ, 1 семинари минтақавӣ ва 6 семинари донишгоҳӣ гузаронида шуданд.
Дар соли 2018 маҷаллаи "Кишоварз" ба рӯйхати маводи чопии эътирофшудаи КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд, ки орзуи деринаи ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ буд.
Дар ин давра зиёда аз 160 китоби дарсӣ, 465 дастур, 75 монография, 3254 мақолаи илмӣ нашр карда шудаанд, ки аз натиҷаи иҷрои корҳои илмӣ шаҳодат медиҳанд. Саҳми олимони донишгоҳ дар раванди ихтироот ва сазовор гардидан ба патенту шаҳодатномаҳои муаллифии Маркази миллии патенту иттилоотии Вазорати иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ дар ин солҳо назаррас аст. Ба олимон муяссар гардидааст, ки ба гирифтани 84 патенту шаҳодатномаҳои муаллифӣ барои дастовардҳои илмӣ сазовор гарданд.
Ду нафар олими шинохтаи донишгоҳ Иззатулло Сатторӣ ва Нурматов Неъмат Қурбонович ба гирифтани Мукофоти байналмилалии ба номи Суқрот сазовор шудаанд. 10 олими ҷавони донишгоҳ ба гирифтани ҷоизаи ҷумҳуриявии Исмоили Сомонӣ мушарраф гаштаанд, ки инҳо Аҳмадов Баҳром Раҷабович, Олимов Аловиддин Хайруллоевич, Сатторов Носир Расулович, Баева Нодира, Давлатмуродов Тоҳир, Низомов Исохон, Ҳасанов Наҳтулло, Набиев Тоҳир, Комилзода Анис, Бахтиёри Саидвалӣ мебошанд. Профессор Муҳиддинов С. барои дастовардҳои илмӣ ба гирифтани Ҷоизаи ба номи академик Е.П. Павловский сазовор гирдидааст.
Ҷалби донишҷӯён ба КИТ ва иштироки онҳо дар чорабиниҳои илмии донишгоҳӣ, ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ яке аз маҳаки фаъолияти пурсамари донишгоҳ ба шумор меравад. Дар ин солҳо ҳамчунин дар донишгоҳ конференсияҳои илмӣ-амалии донишҷӯён гузаронида шуданд, ки дар онҳо зиёда аз 10000 нафар донишҷӯ иштирок ва баромад намуданд.
Ҳар сол тибқи барномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи 12 фан дар озмуни олимпиадаҳои фаннӣ донишҷӯён иштирок меварзанд ва дар байни дигар донишгоҳу донишкадаҳо ба гирифтани ҷойҳои намоён сазовор мегарданд.
Бо мақсади рушдбахшии фаъолияти илмии донишҷӯён дар 43 кафедраҳои тахассусии донишгоҳ вобаста ба равияҳои фаъолияташон маҳфилҳои илмӣ ва ҷамъиятҳоиилмиидонишҷӯён таъсис дода шудааст ва онҳо ба он мувофиқ номгузорӣ карда шудаанд. Фаъолияти маҳфилҳо ва ҷамъиятҳои илмӣ зери назорати қисми илм ва инноватсия ва садорати факултетҳо қарор дошта, ба он диққати ҷиддӣ дода мешавад. Вобаста ба ин “Бюрои конструкторӣ” дар факултетҳои муҳандисӣ ва дар донишгоҳ “Маркази дарёфти рушди истеъдодҳо” амал менамоянд, ки 124 нафар аъзоёни худро доранд ва дар асоси низомномаи таҳия ва тасдиқ гардида, фаъолиятҳои худро пеш бурда истодаанд.Вобаста ба ин фаъолияти маҳфилҳои илмӣ ва Ҷамъияти илмии донишҷӯён ва магистрон, иштироки онҳо дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ дар донишгоҳ хуб ба роҳ монда шуда, баҳри ҳавасмандии онҳо аз тарафи раёсати донишгоҳ барои ишғоли ҷойи якум 3000 сомонӣ, ҷойи дуюм- 2000 сомонӣ, ҷойи сеюм – 1000 сомонӣ, барои ҷалби бештари онҳо ба ихтирокорӣ бошад, барои ишғоли ҷойи якум 5000 сомонӣ, ҷойи дуюм 3000 сомонӣ ва ҷойи сеюм 2000 сомонӣ, ҷойи чорум -1000 сомонӣ ва ба роҳбарони онҳо ҳамин миқдор маблағҳои зикршуда дода мешаванд.
Таърихи 28-30 марти соли ҷорӣ як нафар донишҷӯи курси 1-уми факултети гидромелиоративӣ Мирализода Алишери Миралӣ таҳти роҳбарии дотсент Анақулов М. дар Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни физика, ки дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба олими бузурги соҳаи тиб Абӯали ибни Сино ширкат варзида соҳиби дипломи иштирокчии ин олимпиадаи байналмиллалӣ гардид.
Озмуни ҷумҳуриявии корҳои илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвон “Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ” аз соли 2016 инҷониб миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баргузор мегардад. Имсол сазовори ҷойи якум дар бахши техникӣ ва инноватсия Ҳафизов Орзу - донишҷӯи курси 4 – уми факултети механиконии кишоварзӣ гардид.
Ҳамзамон 13-14 майи соли ҷорӣ дар II – юмин Озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти “Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” Алихони Рӯзиқул донишҷӯи курси 1-уми факултети агробизнес аз рӯи самти Географияи иқтисодӣ бо асосҳои демография таҳти роҳбарии устод Лоиқов Шералӣ ҷои 3 – юмро ишғол намуд.
Дар даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии “Илм- фурӯғи маърифат” Ҳоҷиев Бахтиёр Бобоевич – мудири кафедраи мошинҳо ва таҷҳизотҳои равандҳои технологӣ ва агроинженерӣ, н.и.т., дотсент аз рӯи номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ сазовори ҷойи- II, Аъзамов Шоҳрон Охунович – омӯзгори кафедраи химия, н.и.х. аз рӯи номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ сазовори ҷойи – III, Раҷабов Муҳаммадҷон Бобохонович – магистри соли 2 факултети гидромелиоративӣ аз рӯи номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ сазовори ҷойи III, Ҳафизов Орзу Зиёвидинович – донишҷӯи курси 4 факултети механиконии кишоварзӣ аз рӯи номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ сазовори ҷойи – II ва Шукуров Сайриддин Зубайдуллоевич - донишҷӯи курси 3, факултети гидромелиоративӣ аз рӯи номинатсияи география сазовори ҷойи III гардиданд
Дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд соли ҷорӣ моҳҳои апрел-май Озмуни “Занбӯриасалпарвар-2022” аз рӯи ду номинатсия баргузор гардид, ки дар он донишҷӯёни курси 4 –и ихтисоси занбуриасалпарвар (28 нафар) ваомӯзгорон (12 нафар) иштирок намуданд. Ғолибони озмуни “Занбуриасалпарвар – 2022” байни донишҷӯёну омӯзгорон, ки аз тарафи Агентии ТИКА дар Тоҷикистон ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур баргузор гардида буд таърихи 23.06.2022 бо ифтихорнома ва сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуда, ба ҳар як ғолиб Сертификати дорандаи 10 оилаи занбур бо тамоми таҷҳозоту асбобҳо тақдим карда шуд.
Санаи 30-юми сентябр дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ озмуни “Ихтирокор ва навовари беҳтарин” бахшида ба “Бистсолаи – омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” баргузор гардид, ки донишҷӯни донишгоҳ бо дастовардҳо ва ихтироотҳои худ иштирок намуда сазовори ифтихорнома барои иштироки фаъолона гардиданд.
Баҳри пешбурди корҳои илмию таҳқиқотӣ ва таълиму тарбияи кадрҳои илмӣ ва илмию омӯзгорӣ 17 озмоишгоҳи илмӣ ва 72 озмоишгоҳи таълимию илмӣ, Институти илмӣ-таҳқиқотии биотехнологӣ, китобхонаи донишгоҳ, китобхонаи электронӣ, ки бо таҷҳизоту дастгоҳҳои муосир ва мизу курсиҳои нав ҷиҳозонида шудааст, хоҷагиҳои таълимӣ-таҷрибавии КВТТ “Ҳисор” – и шаҳри Ҳисор ва “Ёвон-1” –и ноҳияи Ёвон ва Парки технологии донишгоҳ мавриди истифода қарор доранд. Озмоишгоҳҳои илмӣ бо асбобҳои замонавии озмоишгоҳӣ ва воситаҳои таълимию илмии электронию компютерӣ таҷҳизонида шудаанд. Танҳо дар тӯли 2-3 соли охир бо ҷалби инвеститсияҳои хориҷӣ озмоишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотии “Истеҳсоли хӯроки чорво”, “Агрохимия ва хокшиносӣ”, “Сифат ва бехатарии маҳсулоти ғизоӣ”, “Баланд бардоштани иқтидори идоракунии чарогоҳҳо”, “Идоракунии устувори чарогоҳҳ”, “Таҳлили сифати гӯшт ва хӯроки чорво”, “Занбуриасалпарварӣ”, “Тухмипарварӣ ва селексия”, озмоишгоҳҳои таълимиию илмии “Химия”, “Ихтиоология ва физиологияи ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ”, “Физика” ва дар пойгоҳи факултети механиконии кишоварзӣ озмоишгоҳи замонавии “Манбаҳои барқароршавии энергия” бо таҷҳизотҳои муосири озмоишгоҳию таълимӣ таҷҳизонида шуданд.
Аз ҷумла соли 2021 лоиҳаи “Ташкили корхонаҳои навтаъсис СТАРТАП TRIGER –II” бо дастгирии Ҷамъияти ҳамкориҳои Олмон ба фаъолият шурӯъ намуд, ки дар доираи он пойгоҳи Хоҷа обигарм ва донишгоҳ ба маблағи 110 ҳазор сомонӣ маводҳои таълимӣ, тахтаҳои синфӣ ва телевизорҳои калонҳаҷм харидорӣ гардиданд.
Бо дастгирии фонди филиали тоҷикистонии Маркази экологии минтақавии Осиёи Марказӣ ба маблағи 350 000 (сесаду панҷоҳ ҳазор ) сомонӣ дар пойгоҳи факултети гидромелиоративӣ бино барои ташкили “Кластери навоварӣ, илмӣ – тадқиқотӣ оид ба идоракунии ҳамгирои захираҳои об” дар масоҳати 163 м2 (2 синфхонаи таълимӣ, ки ҳар яки он барои 60 нафар, 1 толори маҷлисгоҳ барои 90 нафар ва 1 утоқи корӣ барои 4 нафар) пурра таъмир гардида, аз ҷониби ташкилоти GIZ дар доираи лоиҳаи “Инкишофи ҳамаҷонибаи ноҳияҳои кишоварзӣ” ба маблағи 176 000 сомонӣ мебел барои кластери мазкур харида шуд. Дар доираи Лоиҳаи миллии “Идоракунии захираҳои обӣ” бо маблағгузории ташкилоти “Хелветас”, ташкилоти Ҳамкории Шветсария бошад, маркази мазкур пурра бо технологияи муосир муҷаҳҳаз гардонида шуда, мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар доираи лоиҳаи “Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани натиҷаҳои он дар ҳавзаи баҳри Арал” майдончаи иқлимшиносӣ ташкил ва бо таҷҳизоту асбобӣ муосири иқлимшиносӣ таъмин гардид.
Дар доираи лоиҳаи “Мукаммалгардонии барномаҳои таълимӣ дар соҳаи аграрӣ мувофиқ ба стандартҳои байналмилалии таълимӣ” толори конфронсӣ баъди таъмир ва таҷҳизонидан бо технологияи муосир дар пойгоҳи факултети иқтисодӣ ба истифода дода шуд. Ҳамзамон, дар доираи лоиҳаи мазкур 4 китобу дастурҳои методӣ чоп гардида, китобхонаи электронии донишгоҳ ба маблағи 374 000 сомонӣ таъмир ва бо мизу курсӣ, моноблок ва воситаҳои техникӣ таъмин гардид. Инчунин, дар доираи лоиҳаи мазкур озмоишгоҳҳои селексия ва тухмипарварии зироатҳои кишоварзӣ бо 15 номгӯй таҷҳизот ба маблағи 313540 сомонӣ ва замбӯриасоалпарварӣ бо 19 номгӯй таҷҳизот ба маблағи 137190, дар маҷмӯъ бо маблағи 450730 сомонӣ таъмир ва бо таҷҳизоти муосир таҷҳизонида шуданд.
Бо дастгирии молиявии ташкилоти швейтсариягии Каритас дар доираи лоиҳаи «Хизматрасонӣ дар самти обу ҳаво, об ва иқлим» 3 синфхонаи таълимӣ оид ба гидрология, агрометеорология, озмоишгоҳи таълимии масолеҳи сохтмонӣ ва 1 утоқи корӣ пурра аз таъмир бароварда шуда, бо таҷҳизотҳои муосири таълим таъмин ва таҷҳизонида шуд.
Дар доираи барномаю лоиҳаҳо дар КВТТ «Ҳисор»-и шаҳри Ҳисор дар ҳамкории донишгоҳ бо ширкати TICA ва мутахассисони ширкати METOS-и давлати Туркия дастгоҳи муосири il METOS - стансияи агрометереологӣ муҷаҳҳас карданд. Дастгоҳи мазкур барои гузаронидани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ҷиҳати муайян кардани ҳарорати ҳаво, намнокӣ, боришот, намнокии баргҳо, шиддати шамол, шӯрии хок, намии хок, ултрасадои анонометрии шиддат, самти вазиши шамол, намнокии хок дар қабатҳои 5, 15 ва 25 см ва умуман аз рӯйи 15 нишондод истифода бурда мешавад. Ин дастгоҳ оид ба ҳамаи ин нишондодҳо ҳар соат, ҳар рӯз ва ҳар ҳафта маълумот медиҳад. Дастгоҳи мазкур лаҳзаи обталабии зироатро низ муайян мекунад ва қодир аст, ки маълумоти 7- рӯзаро пешгӯӣ кунад. Забони кории асбоби мазкур бо забонҳои русӣ ва англисӣ мебошад. Бо дастгирии Фонди филиали тоҷикистонии “Маркази экологии минтақавии Осиёи Марказӣ” дар пойгоҳи факултети гидромелиоративӣ “Кластери навоварӣ, илмӣ – таҳқиқотӣ оид ба идоракунии ҳамгирои захираҳои об” дар масоҳати 163 м2 (2 синфхонаи таълимӣ, ки ҳар яки он барои 60 нафар, 1 толори маҷлисгоҳ барои 90 нафар ва 1 утоқи корӣ барои 4 нафар) ва дар доираи лоиҳаи миллии “Идоракунии захираҳои обӣ” бо маблағгузории ташкилоти “Хелветас” ташкилоти Ҳамкории Шветсария бошад, маркази мазкур пурра бо технологияи муосир муҷаҳаз гардонида шуд.
Натиҷаи корҳои илмию таҳқиқотии олимони факултети механиконии кишоварзӣ нисбати таъминсозии захирашавии хароҷотҳои энергетикӣ нахустпатент аз тарафи Маркази миллии патентии иттилоотӣ барои ихтирои “Култиватор-нуриандози КУБ-3,5 барои зироатҳои полезӣ” ва “Тарзи коркарди хоки болои пал бо ғизодиҳии растаниҳои зироатҳои полезӣ” сазовор шуданд.
Доир ба тарҳрезӣ ва такмилдиҳии тарзи истифодабарии манбаъҳо алтернативии истихроҷи қувваи барқ тадқиқотҳои назариявӣ гузаронида шудаанд. Дар натиҷаи тадқиқотҳо дастгоҳи муштарак, ки аз қувваи шамол гармӣ ва рӯшноӣ, мавҷҳои электромагнитии радио нерӯ гирифта, онро ба энергияи барқ табдил медиҳад, тарҳрезӣ карда шуд.
Ба қисми илмии донишгоҳ дар солҳои гуногун профессорон Мешеряков А.М., Форсихонов С.И., Эшонов И.Э., Литвинов В.Н., Масаидов Р.С., Мирзоев Д.М., Пириев Ҷ.С., Салимов Т.О., Сардоров М.Н. Норов М.С. ва Аҳмадов Б.Р роҳбарӣ кардаанд.
Дар айни замон аз соли 2022 ин вазифаро номзади илмҳои ветеринарӣ, дотсент, Мирзоализода Т.М. иҷро мекунад.