Китобхона
Китобхонаи илмии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур баробари ташкилёбии донишгоҳ соли 1931 таъсис ёфта, 1уми сентябри ҳамон сол дарҳои худро барои хонандагон боз кардааст. Китобхона аз 5 шӯъбаи хизматрасонӣ, 6 толори хониш, толори феҳристҳо, маркази компютерӣ бо васли шабакаи Интернет, намоишгоҳи китобҳои нав ва намоиши гӯшаю лавҳаҳо бахшида ба санаҳои ҷашнию таърихӣ иборат аст.
Масоҳати умумии китобхона 1153 метри мураббаъро ташкил медиҳад, аз ҷумла:
- масоҳати умумии захираи махзан 520 метри мураббаъ, аз ҷумла: шумораи умумии махзан бо назардошти ҳамаи ҳуҷҷатҳо: 372620 нусха;
- махзани китобҳои илмӣ 33436;
- махзани китобҳои дарсӣ 320263;
- махзани китобҳои бадеӣ 18921;
- давомоти хонандагон дар 1 сол 120590 нафар;
- гардиши китобӣ 73782 нусха;
- 34компютер, 2 принтер, 1 дастгоҳи нусхабардорӣ;
- шумораи аъзоёни китобхона 8032 нафар, ки 451 нафарашон устодон мебошанд;
- миқдори ҷойи нишаст дар китобхона 300, аз ҷумла дар бинои асосӣ 285 ҷойи нишаст, дар бинои факултети зооинженерӣ 15 ҷойи нишаст;
Ҳар сол ба захираи махзани китобхона аз 750 то 1500 ҳазор нусха адабиёти гуногунмазмуну соҳавӣ ворид мегардад.
Алҳол директори китобхона САБУРОВ Саид Маҳмадович ба уҳда дорад.