ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР

Китобхонаи эллектронӣ

Китобхонаи электронии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур соли 2006 таъсис дода шуда буд. Дар махзани ин китобхона ҳамагӣ 12 000 нусхаи электронии китобу лексияҳо мавҷӯд буда,  дорои 10 компютер пайваст ба интернет то соли 2011 кору фаъолият мекард.

 

Соли 2012 миқдори компютерҳо ба 30 адад расида, шумораи аъзоёни китобхонаи электронӣ якчанд маротиба афзуд. Ҳар сол ба захираи махзани ин китобхона аз 3500 то 4000 нусхаи электронии китобу лексияҳои илмӣ, дарсӣ, соҳавӣ, кишоварзӣ, иқтисодӣ, техникӣ, бадеӣ ва маҷаллаҳо дар шакли Word, PDF, DjVuReader, HTML, PowerPoint  ворид мегардад.

Дар давоми соли 2015 фаъолияти кории китобхонаи электрониро аз ғанӣ гардонидани моводҳои гуногуни илмию таълимӣ оғоз намуда, то имрӯз зиёда 4 800 нусхаи маводҳои электрониро бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҷамъоварӣ намудем.

Ҳамаи ин маводҳо дастраси устодону донишҷӯён гардидааст ва  имрӯз китобхонаи электронии донишгоҳ дорои 39840 маводҳои электронӣ мебошад.