Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Озмоишгоҳи Бионтинсекта

Соли 2008 таъсис дода шудааст. Мудири аввалинаш дотсент Тешаев И. аст. Маълум аст, ки масъалаи ҳимояи растаниҳо ва ҳосил яке аз масъалаҳои рӯзмарраи истеҳсолоти кишоварзӣ мебошад. Бо ин мақсад заҳрхимикатҳо ба таври васеъ истифода бурда мешаванд.

 

Дар баробари самараашон ба муҳити зист таъсири манфӣ мерасонанд. Раёсати донишгоҳ бо назардошти ин ва бо мақсади истеҳсоли маводи тозаи экологӣ ин озмоишгоҳро кушод. Дар он дар баробари тарҳезии барномаҳои илмӣ истеҳсолӣ энтомофагҳо ба роҳ монда шудааст.

Истеҳсоли энтомофагҳо аз қабили тухмхӯраки трихограмма, муфтхӯри берунаи кирмҳои зараррасон хабробаракон, тиллочашмакҳо, момохолакҳо, гавҳораҷунбонакҳо ба роҳ монда шуда,  озмоишгоҳ бо тамоми асбобҳою дастгоҳҳои замонавӣ, шароити зарурии истеҳсолӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Озмоишгоҳ имконият дорад, ки дар асоси шартнома энтомофагҳои номбурдаро истеҳсол намояд.
Солҳои 2008-2009 чунин шартномаҳо бо хоҷагиҳои мухталифи ноҳияҳои Фархор ва Ҳамадонӣ баста шуда буд. Ба ғайр аз ин дар пойгоҳи озмоишгоҳ синфхонаи махсус таъсис дода шудааст ва машғулиятҳои амалӣ аз рӯи ҷадвали дарсҳо мунтазам дар он гузаронида мешаванд.