Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Озмоишгоҳи фитопатология

Аз калимаи мураккаби юнонии phyton  растанӣ (ҳиссаи аввали калимаҳои мураккаб, ки муносибати калимаҳои мазкурро ба растанӣ ифода мекунад), pathos  касалӣ ва logos мафҳум, таълимот гирифта шудааст.

Соли 2010 бо мақсади омӯзиши касалиҳои растанӣ, хусусияти устуворӣ, воситаву усулҳои пешгирӣ ва бартараф кардани онҳо бо дастгирии Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Тоҷикистон, ки аз тарафи Оҷонсии ҳамкории байналмилалии Шветсия (SIDA) маблағгузорӣ мегардад, сохта ба истифода дода шуд.

Вазифаи озмоишгоҳ тадқиқи касалиҳои растанӣ, ки занбӯруғҳо, актиномисетҳо, бактерияҳо, вирусҳо, паразитҳо, нематодаҳо ва диг. ба вуҷуд меоваранд, пайдо кардани усулҳои мубориза ва интихоби навъҳои устувор мебошад. Ин ҷо биологияи барангезандагони касалӣ, сабабу шароити пайдоиш, қонунияти инкишоф ва паҳншавии касалӣ, дараҷаи масунияти растанӣ ва хусусияти анатомию физиологии растаниҳои касал мавриди омӯзиш қарор мегирад.

Озмоишгоҳи фитопатология бо тарҳи замонавӣ иборат аз 3 қисмат сохта шудааст. Қисмати аввал ҳуҷраи ҳарораташ идорашаванда буда, дар он растаниҳои омӯзишӣ кишт карда шуда, бо барангезандагони касалӣ сироят карда мешаванд. Қисмати дуввум ва сеюм ҳамгиро сохта шуда, дар он ҳарорат, рӯшноӣ, намнокӣ мукаммал идорашаванда аст.

Ин қисмат аз 14 бокси таҳлил ва раванди гузаронидани корҳои озмоишӣ иборат аст. Дар як вақт имконияти санҷиш ва баҳодиҳии беш аз 100 намунаро доро аст. Дар ин озмоишгоҳ имконияти ташхиси сифати тухмӣ, растанӣ ва дараҷаи устувории растанӣ ба касалӣ, навъҳои устувор ва амсоли ин баҳо дода мешавад.

Дар шароити лабораторӣ барангезандаҳои касалӣ ба навъҳои алоҳида ворид карда шуда, дараҷаи устувории ҳар як навъ вобаста ба намуди барангезанда муайян карда мешавад. Дар асоси ин озмоиш навъҳои ба барангезандагони гуногун устувор интихоб шуда, ба минтақаҳои мухталифи кишоварзӣ барои кишт тавсия карда мешаванд.

Ҳамзамон дар озомишгоҳ дараҷаи таъсиррасонии биопрепаратҳои дохиливу хориҷӣ, ки хусусияти устувории растаниро ба барангезандагони касалӣ баланд мегардонанд, мавриди татқиқ қарор дода мешавад. Тайи чанд моҳи охир дараҷаи таъсиррасонии биопрепарати "Субтилбен" ба зироатҳои ғалладонагии гурӯҳи 1 ва навъҳои пахта мавриди татқиқ қарор дошт, ки ба натиҷаи хуби илмӣ ноил гардид.

Дар озмоишгоҳи фитопатология як қатор санҷишу озмоишҳои таълимӣ гузаронида шуда, имконияти васеъро барои донишҷӯён дар мавриди тамоми сол гузаронидани таҷрибаҳо, парвариш намудани зироатҳои кишоварзӣ ва амсоли ин замина фароҳам овардааст.