Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Озмоишгоҳи ҳимояи наботот

Соли 2009 бо дастгирии Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди (ҶММ) "ФАВЗ" дар пойгоҳи факултети боғдорӣ ва биотехнологияи кишоварзӣ кушода шудааст. Аз рӯзи таъсисаш д.и.к. Қаҳхоров Қ. Ҳ. вазифаи мудириашро ба ӯҳда дорад.

Равияҳои корҳои илмӣ тадқиқотии озмоишгоҳ ба омӯзиши масъалаҳои пешгӯии афзоиши миқдори ҳашароти зараррасон ба касалиҳо, интихоби усули мубориза ва дар ҳолати зарурат истифодаи препаратҳои кимиёвӣ, муайянкунии намуди зараррасонҳо, энтомофагҳо, касалиҳо дар давраҳои гуногуни инкишоф, зиёд намудани энтомофагҳо ва истифодаи мавсимии онҳо, муайян намудани таъсири истифодаи усулҳои гуногуни мубориза ба шароити муҳити зист ва миқдори зараррасонҳо ба воситаи ферментҳо дар агросенозҳои гуногун ва ғайра бахшида шудаанд.

Барои тарҳрезии барномаҳои илмии аспирантону унвонҷӯён ва рисолаҳои дипломии донишҷӯён шароити зарурӣ пойдор гардонида шудааст.