Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Раёсати илм ва инноватсия

 

AkramovU

 АКРАМОВ Убайд Хасенович, 

сардори раёсати илм ва инноватсия, номзади илмҳои биологӣ, дотсент

Раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистолн ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур соли таҳсили 2017 -2018 дар асоси ворид сохтани тағйирот ба сохтори донишгоҳ таъсис дода шудааст. Ин тағйирот ба Оинномаи донишгоҳ ворид карда шуда, Оиннома бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аз 01 августи соли 2018 таҳти рақами 376 тасдиқ гардидааст. 

Аз моҳи январи соли 2023 роҳбарии онро номзади илмҳои биологӣ, дотсент Акрамов Убайд Хасенович ба ӯҳда дорад.

Раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистолн ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур фаъолияти худро дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника», «Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Низомномаи намунавии раёсат (шуъба)-и илм ва инноватсияи муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо қарори мушовараи  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти рақами № 9/41 аз 29 июни соли 2016 тасдиқ шуда, Оинномаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, фармоишҳои ректори донишгоҳ, супоришҳои муовини ректор оид ба илм ва инноватсия ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва илм таҳия гардида, ба роҳ мондааст.

Раёсати илм ва инноватсия, яке аз сохторҳои асосии қисми илм ва инноватсияи донишгоҳ буда, роҳбарӣ ва назорат аз болои корҳои илмӣ таҳқиқотии устодону омузгорон ва донишҷӯён, фаъолияти инноватсионӣ, омодакунии кадрҳои илмӣ, илмӣ-педагогӣ, ташкили такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои илмӣ, фаъолияти илмии магистратура, докторантура аз рӯи ихтисос (аспирантура) ва докторантураро ба роҳ мемонад.

Раёсати мазкур дар тобеияти бевоситаи муовини ректор оид ба илм ва инноватсия қарор дошта, ба корҳои илмӣ-тадқиқотие, ки кафедраҳо ва факултетҳо иҷро мекунанд, роҳбарӣ менамояд. Фаъолияти раёсат аз ҳисоби маблағҳои харҷномаи донишгоҳ (маблағҳои буҷетӣ, суратҳисоби махсус ва дигар сарчашмаҳо, ки тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ нашудаанд) ба роҳ монда шудааст. Ба корҳои илмӣ-таҳкикотӣ дар донишгоҳ 47 нафар докторони илм, профессорон, аз ҷумла 6 нафар академик, 140 нафар номзадҳои илм, дотсентон, 240 нафар омӯзгорон, ассистентон, 37 нафар докторантони РhD аз рӯйи 27 ихтисос, 36 нафар унвонҷӯён ҳамчунин, шахсоне, ки барои иҷрои корҳои илмӣ аз дигар ташкилотҳо бо мақсади таҷрибаомӯзи, такмили ихтисос ё бозомӯзӣ сафарбар гардидаанд, ҷалб карда мешаванд.

Дар сохтор ва ҳайати раёсати илм ва инноватсия  шуъбаҳои  ташкил ва банақшагири илм ва инноватсия, магистратура, аспирантура ва докторантура РhD. танзими фаъолияти донишҷӯён, бахши рушди касбият, китобхона, маркази табъу нашр, парки технологӣ ва  5 - Шӯроҳои диссертатсионӣ, аз ҷумла 4 Шӯрои диссертатсионии миллии назди Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои дарёфти дараҷаҳои илмии доктори фалсафа (PhD)  аз рӯйи ихтисос, номзад ва доктори илм 6D KOA – 014 аз рӯи ихтисосҳои  6D050600 – иқтисодиёт, 080005- иқтисод ва идораи хоҷагии халқ дар КАС, 6D KOA – 015 аз рӯйи ихтисосҳои 6D080100 – агрономия, 6D080800-Агрохимия ва хокшиносӣ, 6D080900-Меваю сабзавотпарварӣ, 6D081100 – Ҳимоя ва ка-рантини растаниҳо 06.01.01. –“Зироаткории умумӣ, растанипарварӣ”, 06.01.04 – “Агрохимия”, 06.01.07-“Ҳимояи растаниҳо”, дар самти ихтисосҳои зооинжинерӣ 6D. KOA – 049  аз рӯйи ихтисосҳои 6D.080200 - технологияи истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ, 06.02.08-истеҳсоли хӯроки чорво, хӯрокдиҳии ҳайвоноти кишоварзӣ ва технологияи хӯроки чорво, 06.02.10 – зоотехнияи хусусӣ, технология ва истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ ва дар самти ихтисосҳои механиконӣ 6D. KOA – 0506D. KOA – 050 аз рӯйи ихтисосҳои 6D.080600-техника ва технологияи аграрӣ, 05.20.01 – технологияҳо ва воситаҳои механиконии соҳаи кишоварзӣ, 05.20.03- технологияҳо ва воситаҳои хизматрасонии техникӣ дар соҳаи кишоварзӣ  фаъолият менамоянд.

Дар соли 2022 дар назди ин шӯроҳо дар онҳо 2 нафар рисолаи докторӣ, 16 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ намудаанд. Дар дигар шӯроҳои диссертатсионии дар ҷумҳурӣ фаъолияткунанда 5 нафар устодони донишгоҳ ҳимояи рисолаи номзадиро бомуваффақият анҷом доданд ва дар маҷмӯъ дар соли 2022 26 нафар ҳимоя карданд, ки аз ин миқдор 14 нафарашонро устодони донишгоҳ ташкил медиҳанд

Ҳадаф ва вазифаҳои раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ инҳо мебошанд:

 - муайян намудани самтҳои асосӣ ва афзалиятноки корҳои илмӣ- таҳқиқотии устодону омӯзгорон, докторантҳо аз рӯи ихтисос (аспирантон), докторантҳо, магистрҳо, унвонҷӯён ва донишҷӯёни донишгоҳ;
- ҳамоҳанг сохтани корҳои илмӣ, ки дар кафедраҳо бо мақсади иҷрои корҳои мукаммали бунёдӣ, иктишофӣ ва амалӣ сурат мегиранд;
- таҳияи лоиҳаи шартномаҳои хоҷагидорӣ оид ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва шартномаҳо оид ба татбиқи дастовардҳои илмӣ-техникӣ бо муассиса ва ташкилотҳо;
- тартиб ва танзими шартномаҳо оид ба ҳамкориҳои эҷодӣ;
 - таъмини сатҳи зарурии илмӣ-техникии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва самаранокии онҳо, татбиқи онҳо дар истеҳсолот ва раванди таълим;
 - назорати иҷрои нақшаҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотии донишгоҳ, факултет, кафедра ва нақшаҳои инфиродии омӯзгорон дар қисмати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ;
- анҷом додани баҳогузории маҷмӯии ҳарсола ба фаъолияти илмӣтаҳқиқотии кафедраҳо ва устодону омӯзгорон тибқи тартиби муқарраргардида;
- ташкил ва гузаронидани конференсияҳо, семинарҳо, симпозиумҳо ва дигар чорабиниҳои илмӣ;
 - ташкили табъу нашри маҷмӯъаҳои мақола ва асарҳои илмии ҳайати профессорӣ-омӯзгорӣ ва таълимгирандагони донишгоҳ;
- ташкили корҳои ихтироотӣ, патентӣ, литсензионӣ;
- назорати фаъолияти парки технологӣ ва марказҳои инноватсионӣ, бюроҳои конструкторӣ, таҳқиқотӣ, лоиҳакашӣ, технологӣ ва иқтисодии донишҷӯён, гузаронидани озмуни олимони  ҷавони навовари беҳтарин, донишҷӯ ва рушди илмӣ-техникӣ, иштирок дар озмун барои ҷудо кардани грантҳои хурд барои донишҷӯён ва ғ.;
 - назорати иҷрои рисолаҳои хатми бакалавриат, мутахассис ва магистратура, корҳои (лоиҳаҳои) курсӣ;
- назорати фаъолияти Шӯроҳои диссертатсионӣ, ки дар назди донишгоҳ таъсис ёфтаанд;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти Шӯрои олимони ҷавон, Ҷамъияти илмии донишҷӯён ва маҳфилҳои илмии донишҷӯён;
- назорат аз болои фаъолияти илмии магистрантон, докторантҳо аз рӯи ихтисос (аспирантон), докторантҳо ва унвонҷӯён;
 - танзим ва пешниҳод намудани мавод оид ба ҳавасмандкунии ҳайати устодону омӯзгорон ва таълимгирандагон барои бомуваффақият анҷом додани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, иштироки фаъолонаи онҳо дар кори конференсияҳо, семинарҳо, симпозиумҳо ва дигар чорабиниҳои илмӣ;
- ташкили намоишгоҳҳо, озмунҳо ва намоиши дастовардҳои илмӣ-таҳқиқотӣ;
- назорати фаъолияти китобхонаҳои анъанавӣ ва электронии донишгоҳ;
- омода кардани ҳисоботи илмӣ ва маълумотномаҳои донишгоҳ тибқи талаботи мақомоти дахлдор;
-дар якҷоягӣ бо раёсати донишгоҳ мусоидат намудан ба таъсиси заминаи муосири илмӣ ва озмоишӣ барои гузаронидани таҳқиқотҳои илмӣ аз тарафи ҳайати устодону омӯзгорон, донишҷӯён, магистрантон, докторантон РhD аз рӯи ихтисос ва унвонҷӯён доир ба мавзӯъҳои интихобкардаашон ва ба роҳ мондани намудҳои дигари фаъолияти илмӣ ва инноватсионӣ.
- сарфаҷуёна истифода бурдани маблағҳои пулӣ бо мақсади рушди заминаи моддӣ-техникии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ;
- санҷиши иҷрои амру фармоишҳо, дастуру супоришҳои роҳбарияти донишгоҳ оид ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ;
- назорат аз болои манбаъҳои молиявии мавзуъҳои фармоишӣ аз тарафи факултет ва кафедраҳо ва риояи муҳлати иҷрои онҳо;
- танзими ҳуҷҷатнигорӣ ва назорати иҷрои саривақтии он;
- назорат аз болои ба нашр омода сохтани мақолаҳои илмӣ, монографияҳо ва нашри маҷмӯаи осори илмии устодону омӯзгорон;
 - ҳамоҳанг сохтани ширкати ҳайати устодону омӯзгорон, таълимгирандагон ва унвонҷӯён дар конференсияҳои илмӣ ва методии донишгоҳ, байнидонишгоҳӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ.

Айни замон дар донишгоҳ барои таълиму тарбия ва тайёр намудани мутахассисон 460 нафар устод машғуланд, ки дар байни онҳо 7 академики академияи илмҳои кишоварзии ҶТ, 9 узви вобастаи академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, 47 доктори илм,  54 профессор,   151 нафар номзади илм ва 240 омӯзгорони беунвон сафарбар гардидаанд. 80 магистр, 36 аспиранту унвонҷӯ, 34 доктори PhD ба мавзӯъҳои корҳои илмию тадқиқотӣ вобаста карда шудаанд.

Мувофиқи нақшаи дурнамои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ барои солҳои 2020-2024   бошад 2 лоиҳаи фармоишӣ, барои солҳои 2021-2025 бошад 15 лоиҳаи фармоишӣ ва  16 мавзуи сарборӣ дар доираи мавзуъҳои зерин аз тарафи олимони донишгоҳ таҳқиқотҳои илмӣ гузаронида шуданд, аз он ҷумла, иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ оид ба мавзуъҳои фармоишӣ дар факултетҳои агрономӣ аз рӯйи 4 мавзуъ, зооинженерӣ 4 мавзуъ, боғдорӣ ва биотехнологияи кишоварзӣ 1 мавзуъ, агробизнес 1 мавзуъ ва ИИТ биотехнологӣ 1 мавзуъ амалӣ карда мешаванд. Вобаста ба ин олимони донишгоҳ дар доираи мавзуъҳои фармоишӣ таҳқиқотҳои илмиро анҷом дода ба дастовардҳои шоёни илмӣ дар истеҳсолоти кишоварзӣ ноил гардиданд.

1.Лоиҳа: “Омӯзиши хусусиятҳои нашуънамои алафҳои бегонаи   гелиотроп ва қалмочи сафед (триходесма седая) дар киштзори  зироатҳои ғалладона ва такмили  усулҳои самараноки мубориза бар зидди онҳо дар шароити  Тоҷикистон Ҷанубу  Шарқӣ” (Солҳои иҷроиш 2020-2024) . РҚД № 0120ТJ 01032. Роҳбари лоиҳа: д.и.к., профессор Маҳмадёрзода У.М.

  1. 2. Лоиҳа: “Мукаммалгардонии хусусиятҳои ирсӣ ва сифатҳои кории аспҳои тоҷикӣ” (Солҳои иҷроиш 2020-2024). РҚД № 0120ТJ01033. Роҳбари лоиҳа: н.и.к., Сафаров Т.С.
  2. 3. Лоиҳа: “Самаранокӣ ва аҳамияти агротехникии тавъами зироатҳои ғалладонагӣ, лӯбиёдонагӣ, хӯроки чорво, сабзавотӣ ва картошка дар киштгардонҳои кӯтоҳдаври пахта дар шароити диверсификатсияи истеҳсолоти кишоварзӣ” (Солҳои иҷроиш 2021-2025). РҚД 0121ТJ1174. Роҳбари лоиҳа: н.и.к., дотсент Абдурашидова И.Ҷ.
  3. 4. Лоиҳа: “Таъсири тағйирёбии иқлим ба таркиби ботаникии алафҳои табиӣ ҳангоми беҳтаргардонии ҳолати чарогоҳҳои гузарандаи (мавсимӣ) Тоҷикистон” (Солҳои иҷроиш 2021-2025). РҚД 0121ТJ1170. Роҳбари лоиҳа: д.и.к., профессор Қодиров Қ.Ғ.
  4. 5. Лоиҳа: “Коркарди ҳимояи интегратсионии себ аз зараррасонҳо ва касалиҳо дар водии Ҳисор” (Солҳои иҷроиш 2021-2025). РҚД № 0121TJ1173. Роҳбари лоиҳа:   д.и.к., профессор  Қаҳаров Қаҳар Ҳабибуллаевич
  5. 6. Лоиҳа: “Селексияи пахтаи миёнанах ва тритикале дар асоси маводҳои аввалия, такмили технологияи парвариш ва низоми тухмипарварии онҳо дар шароити Тоҷикистони Марказӣ ва Ҷанубу Шарқӣ” (Солҳои иҷроиш 2021-2025). РҚД № 0121TJ1171.  Роҳбари лоиҳа: н.и.к., дотсент Суярова С.Ҷ.
  6. 7. Лоиҳа: “Истифодабарии буққаҳои типи тоҷикии зоти сиёҳало бо мақсади баланд бардоштани сифати зотии чорвои аҳолӣ” (Солҳои иҷроиш 2021-2025). РҚД № 0121TJ1175. Роҳбари лоиҳа: д.и.к., профессор Рӯзиев Т.Б.
  7. 8. Лоиҳа: “Баланд бардоштани маҳсулнокии оилаҳои занбӯри асал тавассути бордоркунии сунъии модарзанбӯр дар шароити Тоҷикистони Марказӣ” (Солҳои иҷроиш 2021-2025).РҚД № 0121TJ1172  Роҳбари лоиҳа: д.и.к., профессор Шарипов А.
  8. 9. Лоиҳа: “Омӯзиши хусусиятҳои ғизоиву инкубатсионии тухми бедона, кабк ва мурғи марҷони зотҳои дар Тоҷикистон парваришёбанда, роҳҳои беҳтар намудани сифати онҳо” (Солҳои иҷроиш 2021-2025). РҚД№ 0121TJ11207. Роҳбари лоиҳа: д.и.к., профессор, академики АИКТ Комилзода Д.Қ. 
  9. 10. Лоиҳа: “Омӯзиши ташкили технологияи нигоҳдорӣ, маркетинг ва логистикаи меваҷот дар шароити Тоҷикистони Марказӣ” (Солҳои иҷроиш 2021-2025). РҚД № 0121TJ1176  Роҳбари лоиҳа: д.и.к., профессор Салимзода А.Ф.
  10. 11. Лоиҳа: “Муайян намудани навъҳои нави ба шароити номусоиди минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон тобовари картошка” (Солҳои иҷроиш 2021-2025). РҚД № 0121ТJ1181. Роҳбари лоиҳа: н.и.б., Анварова М.

Дар соли 2022 дар самти корҳои илмӣ- таҳқиқотӣ 4 мавзуи лоиҳаҳои фармоишӣ барои солҳои 2022-2026, ки аз буҷаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешаванд, аз тарафи олимони донишгоҳ таҳия ва ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон супорида шуданд, ки марҳилаҳои санҷиширо пурра гузаштанд ва дар соли 2022 баҳри амалишавӣ оғоз менамоянд.  

Дар донишгоҳ аз тарафи раёсат барои фаъолияти инноватсионӣ диққати ҷиддӣ дода шуда, фаъолияти ихтироъкорӣ ва корҳои патентиву литсензионӣ, ишғоли ҷойҳои намоён дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявии байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва байналхалқӣ   ҳамеша дастгирӣ ва  ҳавасмандгардонӣ карда мешаванд. Барои ишғоли ҷойи якум -3000 сомонӣ, ҷойи дуюм -2000 сомонӣ ва ҷойи сеюм – 1000 сомонӣ  муқаррар карда шудааст. Маблағи патентҳо пурра аз тарафи донишгоҳ ҳамасола пардохт карда мешавад.

Тавассути ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмиллалӣ, барномаҳо ва лоиҳаҳои инвеститсонӣ, муассисаҳои таълимию илмии хориҷи дуру наздик баҳри мустаҳкамсозии заминаи моддию техникии инфрасохтори моликияти зеҳнӣ “Бюрои конструкторӣ” дар факултетҳои механикунонии кишоварзӣ ва гидромелиоративӣ, 18 озмоишгоҳҳои илмии донишгоҳро таъсис ва бо таҷҳизотҳои муосири озмоишгоҳӣ, аз ҷумла озмоишгоҳҳои илмии “Баланд бардоштани иқтидори идоракунии чарогоҳҳо”, “Истеҳсоли хӯроки чорво”, “Агрохимия ва хокшиносӣ”, “Сифат ва бехатарии маҳсулоти ғизоӣ”, “Маркази логистикӣ”, “Таҳлили сифати гӯшт ва хӯроки чорво”, “Харитасозии рақамӣ” таъмин сохта шуданд, ки мавриди истифодаи олимон, магистрон, докторантон ва донишҷӯён мебошанд.   Дар хоҷагии таълимию таҷрибавии дар шаҳри Ҳисор будаи донишгоҳ, ҳамкориҳои илмӣ бо Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Донишкадаи илмӣ-тадқиқотии пахтапарвари ҶХХ таъмин намудани хоҷагиҳои таълимӣ-таҷрибавии донишгоҳ  бо навъҳои пахта, гандум, ҷуворимака, гузаронидани корҳои илмӣ тадқиқотӣ дар соҳаи селексия, ташкилоти ЮСАИД оид ба технологияи парвариши қулфинай  ба роҳ монда шудааст.

Дар баробари ин ба Комиссияи навъсанҷии давлатӣ ва баҳодиҳии навъи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон картошкаҳои навъҳои “Амиршо”, “Баҳромӣ” ва “Ғончӣ”, пахтаи миёнанахи навъи ДАТ-1 барои санҷиши расмӣ пешниҳод карда шудааст.   

Дар соли 2022,  дар донишгоҳ 40 чорабинии илмӣ, аз он ҷумла 4 конфе-ренсияи байналмилалӣ, 6 конференсияи илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ, 5 конфе-ренсияи илмӣ - назариявӣ, 3 мизи мудаввар,  8 семинари илмӣ-амалии ҷумҳу-риявӣ ва 14 семинари донишгоҳӣ  гузаронида шуда, олимони донишгоҳ дар 12 семинари ҷумҳуриявии илмию амалии дар шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва ВМКБ иштирок ва маърӯзаҳо намудаанд.

Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Тибби бойторӣ ва технологияи муосир дар соҳаи чорводорӣ ва парандапарварӣ”  санаи 13 феврали соли 2021   баргузор гардид.

Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ- назариявӣ дар мавзуи “Заминаҳои асосии  рушди омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ: масъала ва роҳҳои ҳали он” санаи 30 марти соли 2021 санаи 13 феврали соли 2021 баргузор гардид.

Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзуи  “Саноатикунонӣ ва истеҳсолоти кишоварзӣ: ҳолат  ва дурнамои рушд” санаи 28 апрели соли 2021 баргузор шуд.

Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии олимони ҷавон, магистрантҳо, докторантҳо ва донишҷӯён дар мавзуи  “Дастовардҳои муосир ва масъалаҳои актуалӣ дар муҷтамеи агросаноатӣ” санаи 29 апрели соли 2021 баргузор гардид.

Конференсияи илмӣ – амалии омӯзгорон, олимони ҷавон, докторантон, мгистрантон ва донишҷӯён дар мавзуи “Энергетика ва бехатарии истеҳсолот – асоси ташаккулёбии кишоварзӣ” бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90-солагии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур   санаи 15 майи соли 2021 баргузор гардид.

Семинари илмӣ санаи 19 майи соли 2021 дар донишгоҳ дар мавзӯи “Асосҳои моликияти зеҳнӣ” баргузор гардид.

Мизи мудаввар санаи 22 майи соли 2021 дар мавзуи “Татбиқи технологияи геоинформатсионӣ ва механизми идоракуниии иттилоотии рақамӣ дар рушди геодезия ва геоинформатика” баргузор гардид.

Семинари ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ дар мавзуи “Ҳолати киштзорҳои  навъҳои интродуксияшудаи гандум дар шароити водии Ҳисор” дар таърихи 27 майи соли 2021 дар КВТТ ”Ҳисор”-и Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, дар шаҳри Ҳисор баргузор гардид, ки дар он намояндагони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимони донишгоҳ ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, магистрон, докторантони (PhD) ва хоҷагидорони шаҳри Ҳисор, ноҳияҳои Шаҳринав ва Ваҳдат иштирок намуданд.

Конференсияи байналмилалии   илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Иқтисодиёт, идоракунӣ ва молия дар КАС: ҳолат ва самтҳои дурнамои рушди илм дар асри 21” санаи 28 майи соли 2021 баргузор гардид.

Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ дар мавзуи “Идоракунии устувори захираҳои замин – ҳолат, масоили мубрам ва роҳҳои ҳалли он” бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2020 - 2040” ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90 - солагии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур  санаи 25 июни соли 2021 гузаронида шуд.

Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – назариявӣ дар мавзуи “Созмони Ҳамкории Шанхай ва фазои ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ” санаи 8 июни соли 2021 баргузор карда шуд, ки дар он ректори донишгоҳ профессор Маҳмадёрзода У.М., муовини раиси кумитаи корҳои байналмилалӣ ва иттилоот, узви Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессори кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии донишгоҳ, узви вобастаи АМИТ Усманзода Х.У., профессори Донишгоҳи давлатии аграрии Воронеж ба номи Пётри 1-и Федератсияи Россия Алейникова Е.М., дотсенти кафедраи идоракугии давлатӣ ва маҳаллии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ахмедов Р.Р. омӯзгорони донишгоҳ Абдуев Х.Н. ва Неъмонов Б.З. маърузаҳои илмӣ намуданд.

Семинари ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Ба роҳ мондани гирифтани ду-се ҳосили зироатҳои кишоварзӣ” санаи 30 июни соли 2021 дар КВТТ ”Ҳисор”-и Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар шаҳри Ҳисор дар самти амалишавии ҳадафи сеюми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Таъмини амнияти озуқавории мамлакат”  аз тарафи олимони донишгоҳ гузаронида шуд.

Конференсияи байналмилалии илмӣ - амалӣ дар мавзуи “Мутобиқгардонии соҳаи кишоварзӣ ба ивазшавии иқлим: мушкилот ва роҳҳои ҳалли он” бахшида ба             30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90-солагии таъсисёбии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур санаи  23 октябри соли 2021 баргузор гардид. Китоби “Маҷмӯи мақолаҳои илмӣ” дар ҳаҷми  495 саҳифа бо фарогирӣ аз 149 мақолаи илмӣ, аз ҷумла аз хориҷи кишвар Федератсияи Россия 14 мақола, Ҷумҳуриҳои Украина 14 мақола, Белорусия 3 мақола, Ӯзбекистон 3 мақола ва Қазоқистон 1 мақолаи илмӣ нашр карда шуд.

Конференсияи байналмилалии   илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Захираҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳолати муосир ва идоракунӣ дар доираи даҳсолаи «Об барои рушди устувор, 2018 – 2028”  санаи 16 ноябри соли 2021 гузаронида шуд.

Семинари ҷумҳуриявии  илмӣ - амалӣ дар мавзуи “Аҳамияти кишти тирамоҳӣ дар баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои ғалладона” санаи 17 ноябри соли 2021 дар пойгоҳи КВТТ “Ҳисор”-и Донишгоҳи аграри Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур дар  шаҳри Ҳисор бо дастгирии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии  Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор   аз тарафи  Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур  баргузор гардид.

Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ- назариявӣ дар мавзуи  “Системаи геоиттилоотӣ- ҳамчун омили муҳими идоракуниии маълумот дар сектори аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон” санаи 18 ноябри соли 2021 баргузор гардид.

Мизи мудаввар дар мавзуи “Нақши гармхонаҳо дар таъмини амнияти озуқавории кишвар: ҳолат ва самтҳои дурнамои он ” санаи 18 декабри соли 2021 баргузор мегардад.

Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи  “Тараққиёт ва  татбиқи илми муосири  технологӣ барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ” санаи 24 декабри соли 2021 баргузор мегардад.

Дар ҷамъбасти ҳамаи конференсияҳо китоби “Маҷмӯи мақолаҳои илмӣ” нашр гардиданд.

Раёсати донишгоҳ барои иҷрои банди 21 нусха аз Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами №12 аз 29 ноябри соли 2018  “Бо мақсади ба даст овардани ҳосили баланд, бо истифода аз ҳавои мусоид кишту кори тирамоҳии зироатҳои кишоварзиро бо сифати баланд анҷом дода, ба коркарди байни қаторҳои  боғҳо, нигоҳубини ниҳолу дарахтон ва масъалаи расонидани кӯмаки машваратӣ ба деҳқонону боғпарварон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд” ва мутобиқи банди 9 Низомномаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати расонидани кӯмаки машваратӣ ба сардорони сарраёсату раёсатҳои кишоварзӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии вилояту шаҳр ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо мақсади баланд намудани самаранокии соҳа  Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассисони соҳаро ҷалб намуд, ки дар он олимони донишгоҳ барои татбиқи дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот ва машваратдиҳӣ ба истеҳсолотчиёни соҳаи кишоварзии мамлакат баҳри амалӣ намудани банди мазкур олимони донишгоҳ ба шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғду Хатлон, водиҳои Ҳисору Рашт  сафарбар гардида, дар  соли  2021 52 семинар-машварат бо иштироки 6742 нафар кормандони соҳаи кишоварзӣ, раисони ҷамоатҳо, деҳқонон, кишоварзон, фермерон дар мавзуъҳои гуногуни соҳаи кишоварзӣ баргузор гардиданд. Олимони соҳа, профессорони донишгоҳ баромадҳои пурмуҳтаво намуда, ба кишоварзон, боғу токпарварон ва чорводорон тавсияҳои судманд доданд.

Дар соли 2021 аз тарафи олимону омӯзгорони донишгоҳ 28 китоби дарсӣ, 192 дастури методӣ,  17 монография, 38 тавсиянома, 6 патент, 2 шаҳодатномаи муаллифӣ,  1111 мақолаи илмӣ, аз он ҷумла 12 мақолаи илмӣ дар маҷаллаи SCOPUS,  4 шумораи маҷаллаи “Кишоварз” ва 11 шумораи рӯзномаи “Дониш”  ба чоп расонида шуданд. Дар маҳфилҳои илмӣ зиёда аз 500 нафар омӯзгор, аспирант ва унвонҷӯ бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд.

Дар донишгоҳ дар ҳамаи кафедраҳо маҳфилҳои илмӣ ва Ҷамъиятҳои илмии донишҷӯён, мактабҳои илмии профессорону дотсентони пуртаҷриба фаъолият менамоянд. Барои ҷавонони навовару ихтироъкор дар факултетҳои механиконии кишоварзӣ ва гидромелиоративӣ “Бюрои конструкторӣ” таъсис дода шудааст. Донишҷӯёни навовар дар ин маркази илмӣ дар доираи лоиҳаҳои “Тарҳрезӣ ва такмилдиҳии сохти мошинҳо барои механиконии маҷмӯи ама-лиётҳои технологии парвариши пахта, ҷуворимакка” ва “Баланд бардоштани самаранокии истифодабарии захираҳои обию заминии Ҷумҳурии Тоҷикистон” тадқиқотҳои илмӣ мегузаронанд. Дар натиҷаи фаъолияти марказҳои мазкур дар соли 2018 устодону донишҷӯёни донишгоҳ ба чунин муваффақиятҳо ноил гардиданд. Култиватор-нуриандози КУБ-3.5 барои зироатҳои полезӣ аз тарафи олими ҷавони факултети механиконии кишоварзӣ Баҳруллои  Х. таҳти роҳбарии олимон Ахмадов Б. Р., Сафаров М., Ҳоҷиев Б., сохта шуда, дар Озмун-фестивали ҷумҳуриявии «Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон» таҳти унвони «Ҷавонон созандагони Ватан» дар бахши «Довталабон – ихтироъкорон, ихтироъҳо» соҳаи «Механика» сазовори ҷойи дуюм гардида, бо Дипломи дараҷаи II мукофотонида шудааст. Култиватори мазкур аз рамаи бо олотҳои корӣ васлшуда-белчаҳо ва чархҳои такяҳаракатдиҳанда иборат буда, олотҳои корӣ дар шакли теғҳо насб карда шудааст, ки теғҳои онҳо ба ҳамдигар муқобил равона карда шудаанд ва дар паҳлуҳои рама қуттиҳо бо аппаратҳои кишткунанда ва ғизодиҳанда мустаҳкам карда шудааст. Мошини муштарак дар як гашт се амалиёти технологиро иҷро менамояд.

Мошинаи муштараки «КМИС-1.8» бо олоти кории ротатсионӣ барои коркарди хоки қитьаҳои байниқаторӣ дар боғҳои интенсивӣ аз тарафи олими ҷавони факултети механиконии кишоварзӣ Шаҳобуддини Зувайдулло, таҳти роҳбарии олимон  Мироқилов Ҷ., Ясинов Ш., Эркинов М., Раҳимов Б., Абдуллоев Н. сохта шуда, дар Озмун-фестивали ҷумҳуриявии «Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон» таҳти унвони «Ҷавонон созандагони Ватан» дар бахши «Довталабон - ихтироъкорон» соҳаи «Механика» сазовори нишони МДММПИ гардид. Мошини мазкур дар як гашт 5 амалиётҳои технологиро ба монанди коркарди сатҳи болои хок дар чуқурии 12-15 см, майда кардани кулухҳо, ҳамвор кардани сатҳи болоии хок, кашидани ҷуякҳо бо ворид намудани нуриҳои менералӣ ва истифодаи заҳрҳои химиявиро иҷро намуда, барои боғҳои интенсивӣ муқаррар карда шудааст.

Дастгоҳ барои майда кардани ғалладонагиҳо бо роҳи маҷақ кардан. Дастгоҳи мазкур аз тарафи донишҷӯи курси 4-уми факултети механиконии кишоварзии донишгоҳ Абдураҳмонов Аҳтамбек Рустамович, таҳти роҳбарии омӯзгори калон Назаров Саидмурод Сангович сохта шуда, дар Озмун-фестивали ҷумҳуриявии «Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон» таҳти унвони  «Ҷавонон созандагони Ватан» дар бахши «Довталабони аз 15 то 30 сола» соҳаи «Механика» сазовори ҷойи якум гардида, бо Дипломи дараҷаи 1 мукофотонида шудааст. Ин дастгоҳи сохташуда барои майда ва маҷақ намудани ғалладонагиҳо таъин гардидааст, бо олоти кории устувонаҳои маҷақкунанда таҷҳизонида шудааст. Маҳсулнокии дастгоҳ дар як соат 0,5 тоннаро ташкил менамояд. Дастгоҳ бо тавононии муҳаррики барқӣ 4 кВт муҷаҳҳазинонида шудааст. Зудии даврзании навард -1500 давр/дақиқа ва вазни мошинолот – 85 кг буда, шумораи шахсони хизматрасон - 1нафарро ташкил медиҳад. Намнокии маҳсулот ҳангоми коркард бояд -20-30% бошад. Дастгоҳи ғалламайдакунак  барои маҷақ намудани ғалладонагиҳо дар фермаҳои парандапарварӣ то 1,5 мм ва барои фермаҳои чорводорӣ то 2,5 мм таъин гаштааст.

Дар доираи корҳои илмӣ-таҳқиқотии сарбории кафедраҳо  аз тарафи иҷрокунандагон соли ҷорӣ дар майдони 3 га, дар  замини КВТТ “Ҳисор” кишти гандуми тирамоҳии навъҳои  “Московский - 39”, “Московский - 58” ва “Мироновский - 808” аз Федератсияи Россия оварда шуда ва пахтаи миёнанахи навъи “Султонӣ”-и аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон овардашуда дар майдони 4 га барои омӯзиш ва асосноккунии илмию мутобиқгардонии он ба шароити иқлиму хоки ҷумҳурӣ кишту парвариш карда шуд, ҳосилнокии  навъҳои гандум аз 44 то  55,8 с/ га- ро ташкил доданд. Илова ба ин, дар хоҷагии таълимию таҷрибавии “Ҳисор”-и донишгоҳ 1 гармхонаи лимӯ  бо фарогирии 30 адад ниҳол ва дар майдони 0,5 га 125 адад ниҳоли ангури навъҳои  “Ҳусайнии сиёҳ”, “Чилликӣ”, “Шоҳона”, “Тойфии гулобӣ”, “Дамские палчики” ва “Победа” шинонида шудааст, ки нашъунамои онҳо хеле хуб мебошад. Дар озмоишгоҳи “Кишоварз”-и дар хоҷагии мазкур қарор дошта, дар  майдони 0,3 га  ба миқдори зиёда аз 2000 адад тагпайвандҳои маҳаллӣ аз ҷангалзорҳои ноҳияҳои Балҷувон, Ховалинг, Ш.Шоҳин, Муъминобод, Айнӣ, Ҳисор, Ваҳдат ва Варзоб тавассути сафарбаркунии омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ  овардашуда, ташкил ва шинонида шуда,  санаҳои 15-16 августи соли ҷорӣ 750 ниҳоли он пайванд (муғҷапайванд) карда шуд, ки айни замон 737 адади ин ниҳолҳо сабзиши хубро доранд.  Илова бар ин аз тарафи олимони донишгоҳ  барои рушди соҳаи сабзавотпарварӣ дар шароити гармхонаҳо навъҳои гуногуни зироатҳои сабзавотӣ ба монанди қаламфури ширин “Белозёрка”, “Богатир”, “Виктория”, “Подарок Молдовӣ” ва кабудиҳо, ҷамъ 10 намуд мавриди таҳқиқот қарор дода шудааст. Дар кишти тирамоҳии соли ҷорӣ  дар масоҳати 7 гектар 6 навъи тухмии гандум ба монанди “Краснодар-99”, “Туркӣ”, “Зироаткор-77”, “Антанина”, “Московский - 58” ва “Мироновский - 808” кишт карда шуда, минъбад таҳқиқотҳои биологию агротехнологии онҳо омӯзиш карда мешавад. Дар соли 2021 зиёда аз 30 қитъаи намоишии зироатҳои кишоварзӣ вобаста ба масъалаҳои мубрами соҳа ташкил ва мавриди таҳқиқот қарор дода шуд.

Дар ҷамъбасти ҳамаи конференсияҳо китоби “Маҷмӯи мақолаҳои илмӣ” нашр гардиданд.

Дар соли 2021 аз тарафи олимону омӯзгорони донишгоҳ 19 китоби дарсӣ, 192 дастури методӣ,  11 монография, 18 тавсиянома, 4 патент, 1 хабарномаи мусбӣ,  1409 мақолаи илмӣ, аз он ҷумла 8 мақолаи илмӣ дар маҷаллаи SCOPUS нашр гардид.

Шумораҳои рақами 1,2,3 ва 4-и маҷаллаи “Кишоварз” ва 11 шумораи рӯзномаи “Дониш”  ба чоп расонида шуданд ва аз тарафи олимони донишгоҳ зиёда аз 370 маротиба тавассути симо дар шабакаҳои “Тоҷикистон”, “Ҷаҳоннамо” ва “Душанбе НD” дар мавзуъҳои гуногуни илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ вобаста ба тағйирёбии иқлим ва самаранок истифодабарии заминҳои таъиноти кишоварзӣ, нигоҳубин ва хӯронидани чорвои хоҷагии қишлоқ ва хушзоткунии онҳо ва гирифтани 3-4 ҳосили зироатҳои кишоварзӣ дар шароити водиҳои обёришаванда ва самаранок истифодабарии заминҳои кишоварзии хоҷагиҳои ҷумҳурӣ дар киштҳои асосию такрорӣ мусоҳибаю баромадҳо ҳамчун тавсияҳои судманд ба кишоварзон ва чорводорон амалӣ карда шуд.

Дар чорабиниҳои илмӣ зиёда аз 700 нафар омӯзгорон, докторантони (PhD), унвонҷӯёну магистрон ва донишҷӯён бо маърузаҳои илмӣ баромадҳо намуданд.

Ҷиҳати такрор нагардидан ва дақиқ пешниҳод намудани диссертатсияҳо барои дарёфти дараҷаҳои илмӣ (доктори илм, номзади илм ва доктори фалсафа (PhD) –доктори илм аз рӯйи ихтисос), китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ ва чопи мақолаҳои илмӣ раёсати донишгоҳ тадбирҳои судманд андешида, шуруъ аз соли 2019 дар донишгоҳ барномаи компютерии “Антиплагиат”–ро ҷорӣ кардааст, ки тавассути он маводҳои илмӣ, аз ҷумла диссертатсияҳо, авторефератҳои диссертатсияҳо, монографияҳо, мақолаҳои илмӣ барои маҷаллаи “Кишоварз”, маводҳои конференсияҳои илмӣ ва рисолаҳои хатми зинаҳои таҳсилоти бакалавриат ва магистратура санҷида мешаванд, илова ба ин тамоми маводҳои чопгардидаи конференсияҳои илмӣ дар сомонаи донишгоҳ, семинарҳои илмӣ ба базаи он ворид карда шудааст ва ин имконият медиҳад, ки такроршавии маводҳои илмӣ дар донишгоҳ пешгирӣ ва сифати онҳо беҳтар карда шавад.