Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Шуъбаи магистратура, аспирантура ва докторантура (PhD)

Abdulibekov B

  Абдуллобеков Беҳзод Собирович-

мудири шуъбаи магистратура, аспирантура ва докторантура (PhD), номзади илмҳои техникӣ

Имрӯз Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон яке аз марказҳои бонуфузтарини илм, маданият, маориф ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ-педагогӣ ба шумор меравад. 

Магистратура зинаи таҳсилоти олии касбӣ буда, мақсади он таъмини соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти миллӣ ва системаи илму маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мутахассисони баландихтисос ва кадрҳои илмию педагогӣ мебошад. Таъсис додани магистратура таҳсилоти олии касбии бо стандарти байналмилалии таҳсилот наздик намуда, барои мувофиқати дипломҳо шароити зарурӣ муҳайё месозад.

Магистратура бо фармони Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дар донишкада, академия ва донишгоҳҳое, ки шӯъбаи аспирантура ва докторантура, инчунин, имконияти илмию методӣ, заминаи хуби моддӣ, техникӣ ва таълимӣ доранд, таъсис дода мешавад. Муҳлати таҳсил дар шакли рӯзонаи магистратура ду сол муқаррар карда мешавад.

Шахсони дорои таҳсилоти олии касбӣ метавонанд дар равия ва ихтисоси ба дипломашон мувофиқ дар магистратура таҳсил намоянд.

Магистратура дар Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон аз 01.11. 2012 қабули довталабонро аз рӯи 13 ихтисос оғоз намуд.

Аввалин бор соли 2014 аз рӯи 13 ихтисос 46 нафар магистрантон донишгоҳро хатм намуданд, ки аз онҳо 3 нафарашон соҳиби дипломи аъло ва 43 нафарашон соҳиби дипломи муқаррарӣ гардиданд. Айни замон (соли таҳсили 2021-2022) дар донишгоҳ 177 нафар магистрантон (30 нафар духтарон ва 141 нафар писарон, шартномавӣ 83 нафар ва буҷавӣ 88) аз рӯи 24 ихтисос таҳсил намуда истодаанд, ки аз онҳо 65 нафарашон магистрантони курси якум ва 106 нафарашон магистрантони курси 2-юм мебошанд.

Аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Донишгоҳ ба масъалаи тайёр кардани кадрҳои баландихтисос эътибори ҷиддӣ дода мешуд. Дар кори тайёр намудани кадрҳои илмӣ-омӯзгорӣ дар Донишгоҳ нақши муҳимро аспирантура мебозад. Дар масъалаи тайёр намудани кадрҳои илмӣ-омӯзгорӣ нақши муҳимро марказҳои бузурги илмии собиқ Иттиҳоди давлатҳои Шӯравӣ, аз ҷумла шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Воронеж, Новосибирск, Тбилисӣ ва ғайра бозиданд. 

Олимони ДАТ ба кишварҳои хориҷӣ низ барои тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ-омӯзгорӣ кумаки башардӯстона мерасонад. Ҳоло дар аспирантураи ДАТ аспирантон ва унвонҷӯён аз Ҷумҳуриҳoи Исломии Эрон, Афғонистон, Хитой, Туркманистон, Қирғизистон ва ғайра таҳсил ва фаъолияти илмӣ мебаранд. 

Айни ҳол дар 10 факултети Донишгоҳ аз рӯи 3 самт ва 45 ихтисос кадрҳои илмӣ-омӯзгорӣ тайёр кардани мешавад. Дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ-омӯзгорӣ олимони шинохтаи Донишгоҳ Салимзода А.Ф., Норов М.С., Маҳмадёрзода У.М., Гулов С.М., Набиев Т.Н., Самандаров И.Ҳ., Мадаминов А.А., Шарифов З.Р., Сардоров М.Н., Носиров Р, Раҳматиллоев Р, Қодиров Қ.Ғ., Бобоҷонов В.А, Рузиев Т.Б., Раҷабов Ф.М., Ҳаитов А, Аҳмадов Б.Р., Кароматуллоев Э.С., ва дигарон саҳми худро  мегузоранд.

Шуъбаи  магистратура  аз соли хониши 2017-2018 бо шуъбаи аспирантура ва докторантура якҷоя карда шуд, шуъбаи магистратура, аспирантура ва докторантура PhD  ном гирифт. Аз  1-уми ноябри соли 2019 то ин ҷониб мидири шуъбаи магистратура, аспирантура ва докторантура PhD, номзади илмҳои техникӣ  Абдуллобеков Беҳзод Собирович   ба уҳда дорад.

Ҷои қайд аст, ки таҳсил дар бахши магистратура, аспирантура ва докторантура PhD, донишгоҳ тариқи шартномавӣ ва буҷавӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳиссаи шуъбаи магистратура, аспирантура ва докторантура PhD дар тарбияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ дар ДАТ ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур сол то сол меафзояд.