ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР

Шуъбаи фарҳанг

Шуъбаи  фарҳанг  соли  1978 таъсис ёфта, ба он Боев Г. роҳбарӣ менамуд  ва  Хоркашев М.  роҳбари маҳфил буд. Баъди бо ташаббуси Боев Г. гузаронидани озмуни ҳасваскорони санъат масъалаи ташкил додани  ташкил ҳайати доимии клуб аз ҳисоби ғолибони озмун ва ба он номгузорӣ пеш омад. Бо таклифи раиси доварон  Хол Ҷӯраев озмуни  номи беҳтарин эълон карда шуд. Дар ин озмун номи пешниҳодкардаи мудири  кафедраи  хореографияи Донишгоҳи саъати  Точикистон ба номи М Турсунзода, профессор Азиза Азизова «Гулдаста» беҳтарин дониста шуд. Иштирокчиёни аввалини ин ансанбл омӯзгорону  донишҷӯёни  бо истеъдоди донишгоҳ Ҷ. Мусавӣ, О. Холматов, Ш. Бозоров, М. Охунов, А.Сатторов, А. Катаев, Х. Наҷмиддинова, В. Наҷмиддинов, А. Гурезов, Х. Убайдулоев, Х. Файзулоев, М. Мусоев, Г. Исмоилова, Г. Ҳайдарова буданд

Аз соли 1978 дар байни факултаҳо гузаронидани озмуни санъат ба ҳукми анъана даромад. Ансамбли «Гулдаста» дар толорҳои  консертии шаҳрҳои  Киев, Симферопол, Рославл, Сафинев, Гагарин,  шаҳру ноҳияҳои Ӯзбекистон баромад кардааст. Соли 1985 ансамбл ва 20 аъзи он лаурети озмуни умумииттифоқии гурӯҳҳои худфаъолиятӣ  гардиданд.

Бо қарори Шӯрои иттифоқҳои касбии ҷӯмҳурӣ аз 26-уми марти соли 1987 барои дар тарбияи ҷавонон фаъолона иштирок намудан ва маҳорати баланди санъаткорӣ нишон додан, ба «Гулдаста» номи ансамбли халқӣ дода шуд. Соли 1987  ансамбли халқии  «Гулдаста» бо ташаббуси  шуъбаи  маданияти  комиҷроияи  ш.Душанбе  дар ҷашнгирии  100- солагии бародаршаҳри  Душанбе Монастир, дар Тунис иштирок намуд. Ансамбл дар шаҳрҳои Монастир, Табарка, Табаршук, Дуча, Силна ва Боча барномаҳои консерти нишон дод.

Аз соли 1979 сар карда дар донишгоҳ ба ин ансамбл донишҷӯёни хориҷӣ  низ мароқ зоҳир намуданд ва  гурӯҳи ҳунарии  донишҷӯёни  хориҷӣ таъсис дода шуд. Дар ин солҳо Муҳаммад Содиқ, Наҷибулло Муҳаммараҳим, Муҳаммадкарим ва Шакилои  Афғон, Алберто Зеро, ва Дохунси  Кении ҳабаш  Картик Кришани  ҳинду аъзои  фаъоли ин даста гашта, бо хондани сурудҳои тоҷикӣ низ шуҳрат пайдо карданд.

Ансамбли  «Гулдаста» дар солҳои охир дар тамоми ҷорабиниҳои шаҳрӣ, озмунҳое, ки байни донишгоҳҳо мегузарад ба гирифтани ҷойҳои фахрӣ сазовор гардидааст. Дар маҳфили зарифон, ки байни донишгоҳҳо гузаронида  шуд, ба гирифтани ҷои аввал сазовор гардид. Ҳар  сол дар донишгоҳ бахшида ба рӯзҳои таърихӣ байни факултаҳо  фестивал-озмунҳо гузаронида мешавад, ки дар ин озмунҳо аъзои ҳакамон аз ҷумлаи ҳунармандони касбӣ даъват карда шуда, ба баромадҳо баҳогузорӣ мекунанд. Ҳунарпешаи хизматнишондодаи  Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, драматург, актёр Нуруллоҳ Абдуллоев , Арбоби шоистаи ҳунар , Корманди шоистаи маданият Қодир Раҳимов ва дигарон  пайваста  дар чорабиниҳои ҳунарии донишгоҳ  ширкат меварзанд. Дар чорабиниҳои  театрикунонида хизмати  коргардон  Қодир Раҳимов ва барои ба сасҳна гузоштани  рақсҳои умумӣ хизмати номзади  илмҳои  иқтисодӣ  Юлдошева Наргис бузург аст. Ҳоло ансамбли «Гулдаста» зиёда аз 60 нафар аъзо дорад, Дар ансамбл Тағоймурод Раҷабов, Рабиев Фаридун,  Салимов Хушед, Беков Бахтовар, Шеров Шодибек, Ҳикматова Малоҳат, Мирзода Наргис , Икромова Мавзуна, фаъолият кардаанд. Имрӯз  узви фаъоли ансамбл  мебошанд, ки дар ҳама чорабиниҳои донишгоҳ иштирок  менамоянд. Узви дастаи  «Гулдаста»  Тағоймурод Раҷабов  соли 2016 дар озмуни « Суруди донишҷӯ» , миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касби кишвар ғолиб гардид. Корманди шоистаи маданияти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмурод Боев мекӯшад, ки ҳар як маъракаи ҷумҳуриявӣ ва донишгоҳӣ дар сатҳи баланд гузарад.

Аз соли 2017 инҷониб вазифаи мудири шуъбаи фарҳанг ба зимаи Назаров Кароматулло Мирзоқурбонович вогузор карда шудааст. Дар ин давра ансамбли «Гулдаста»-и донишгоҳ дар як қатор чорабиниҳою озмунҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори номи баланд ва ҷойҳои гуногун гаштааст.