Шуъбаи кор бо ҷавонон
Шуъбаи кор бо ҷавонон фаъолияти худро аз соли 1992 оғоз намуд, ки нахустин сарвари шуьба Наҳтулло Назаров буд ва ӯ корро дар асоси низомномаҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Шӯрои олимони донишгоҳ, супоришу фармонҳои ректори донишгоҳ ва муовинони онро ба роҳ монда, дар ташаккул ва тарбияи зеҳнӣ ва ақлонии ҷавонон саҳми арзанда мегузорад.
Шуъба бо мақсади андешидани тадбирҳои мақсаднок ва ҳамгарои шуда дар самти татбиқи сиёсати ягонаи давлатии ҷавонон ва варзиш дар миёни донишҷӯёну кормандони ҷавони донишгоҳ, инчунин таъмини ҳуқуқ ва ҳимояи манфиатҳои онҳо таъсис дода шудааст, ки он фаъалияти худро бевосита дар ҳамкории зич бо Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дигар сохторҳои ҳамшабеҳ анҷом медиҳад.
Ҳадаф ва мақсади шуъба дар амалӣ гардонидани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба сиёсати давлатии ҷавонон", санадҳои меъёрии ҳуқуқии донишгоҳ оид ба масъалаи донишҷӯён ва иқтидори эҷодии онҳо ифода меёбад. Такя намудан ба шуъбаи илм ва инноватсияи донишгоҳ, пешниҳод намудани барнома ва лоиҳаҳои мушаххас оид ба беҳтар намудани шароити зиндагии донишҷӯён дар хобгоҳ, пешгирӣ намудани ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳар гуна гурӯҳҳои ғаразноку ифротгаро, ташкил намудани чорабиниҳои варзишӣ ва мусобиқаҳо байни донишҷӯён, ҳамзамон барқарор намудани робитаҳои дӯстиву ҳамкории донишҷӯён бо дигар ташкилотҳои марбут ба ҷавонон, саҳмгузорӣ дар фарҳангу маданият ва эҷодиёти донишҷӯён аз самтҳои асосии фаъолияти шуъба ба шумор меравад.
Ҳимоя намудани ҳуқуқҳо, омӯзиш ва ба низом даровардани пешниҳодҳои донишҷӯён, дастгирии барномаҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва тарбиявии донишҷӯён ва ташкилотҳои онҳо, гузаронидани вохӯриҳо, семинарҳои машваратӣ ва илмӣ, фестивалҳо, конференсияҳо, ҷалб намудани фондҳои гуногун ва идрорпулиҳо ба барномаҳои донишҷӯён аз вазифаҳои аввалиндараҷаи шуъба мебошад.
Дар донишгоҳ бо шарофати истиқлолияти кишвар Шуъбаи кор бо ҷавонон солҳои зиёдест, ки фаъолияти пурсамари меҳнатиро анҷом медиҳад. Бояд тазаккур дод, ки мудирони шуъба дар пешбурди фаъолияти худ мавқеи хосса дошта, аз дониш ва малакаи худ баҳри пешрафти кор дар ин самт саҳми муносиби худро мегузоранд.
Тӯли солҳои мавҷудият шӯъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, ҷавонони донишманд ва болаёқати донишгоҳ ба мисли Назаров Наҳтулло (1993-1994), Сайфиддинов Ғиёсиддин (1994-1995), Ҳасанов Наҳтулло (1995-1997), Назаров Абдурасул (1997-1999), Сафаров Умедҷон (1999-2000), Юсупов Абдуҷалил (2000-2002), Пиров Бахтиёр (2002-2007), Уроқов Ёқубҷон (2007-2016) ва Ҷаборзода Наврӯз (2016-2023) ба шуъба роҳбарӣ намудаанд.
Аз соли 2023 ин ҷониб ба шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, Одинаев Бахтиёр сарварӣ намуда истодааст, ки пешрафти кори шуъба бевосита ба малака ва кордонии ӯ вобастагии зич дорад.
Дар охир ҳаминро қайд намудан зарур аст, ки нақши Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур аз он ҷиҳат баланд аст, ки дар таъмини яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакатамон, яъне амнияти ғизоӣ саҳми арзанда дорад. Инчунин саҳми ҳар як миллату давлат пеш аз ҳама аз ғизои солим вобастагии калон дорад.