ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОТЕМУР

Декабр 2016

15 Декабр 2016

Ҳар ҷо ки ҳабибест ба паҳлӯяш рақибест (вокуниш)

Рӯзи сиюми ноябри соли ҷорӣ рӯзномаи «Озодагон» - ро ба даст гирифтаму  чашмам ба мақолае бо номи «Дастурамали донишҷӯйи тоҷик» бархӯрду табьам хира гашт. Вале ба худ андешидаму шукри ақли расои ҷавононамон кардам, ки зиракии сиёсиро ҳеҷ гоҳ аз даст намедиҳанду ба ҳама чиз аз нигоҳи воқеъбинона баҳо медиҳанд. Имрӯз онҳо тавассути расонаҳои гуногуни иттилоотии замонавӣ хабарҳои мухталифи майнагиҷкунандаро мехонананд ва шукр, ғарқи гирдоби дурӯғини онҳо намешаванд. Аммо чизи дигар касро ба ташвиш меорад, ки чаро баъзе афроди дар Тоҷикистони офтобрӯя дар сояи Истиқлоли давлатӣ, дар шароити сулҳу сафо ва оромона зиндагӣ дошта, ношукрӣ карда мехоҳанд дар васити ахбори умум ҳангомаҷӯӣ намуда, бо коштани тухми адоват миёни ҷомеа кинаву нобовариро барангезанд. Навиштаҳои хабарнигори «Озодагон» Абдуқодири Рустам идомаи мантиқии ҳмин шӯрангезиҳо байни ҷавонон мебошад, ки мақсад дар замири донишҷӯёни мо тухми кина коштану ҳар рӯз онро ба воситаи таблиғоти худ об додан аст, то сабзида хушк шаваду баъдан оташ гираду гулистонро ба биёбон табдил диҳанд.

Муфассал...

08 Декабр 2016

15 октябри соли 2016 оғози лоиҳаи нав

Аз 15 октябри соли 2016 дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур дар доираи ҳамкориҳои барномаи Erasmus+ амалишавии лоиҳаи «Маълумоти олӣ дар Осиёи Миёна : системаи стандартҳои озӯқаворӣ» No 574005-EPP-1-2016-1-LV-EPPKA2-CBHE-JP шуруъ гардид. 

Муфассал...

05 Декабр 2016

Акси садо (вокуниш)

Сухан  дониста  бояд  гуфт

Дар   замоне, ки  имрӯз  аксарияти   кулли  кишварҳои дунёро  буҳрони  сиёсию  маънавӣ  фаро   гирифтааст, гом задан  ба  норасоиҳои  ҷузъӣ  ва  нодида гирифтани  дастовардҳои  чашмрас  дар  тӯли  25 соли соҳибистиқлолӣ   аз  рӯи  инсоф  нест. Фаромӯш  набояд  сохт , ки  чоряк   аср  дар  назди  таърих  чизе  нест, ки  дар беш аз нисфи он роҳбарияти  мамлакат   паи хомӯш  намудани  оташи  ҷанг  буданд.

Муфассал...