ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОТЕМУР

Феврал 2017

18 Феврал 2017

Об омили асосии расидан ба истиқлолияти озуқаворӣ

18 феврали соли 2017 дар толори Шӯрои илмии донишгоҳ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Об омили асосии расидан ба истиқлолияти озуқаворӣ» баргузор шуд, ки ба даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» бахшида шуд.

Муфассал...

17 Феврал 2017

Вохӯри бо кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

17.02.2017 дар Донишгоҳи арграии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур оид ба иҷрои талаботи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2020» вохӯри баргузор гардид, ки кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Шерком ва Акрамзода Ёсуман Абдуҳалим иштирок карданд.

Муфассал...

Пешгирии зӯроварӣ дар оила

Санаи 17.02.2017 дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур, бо ибтикори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе семинари омӯзишӣ, таҳти унвони «Маҳви хушунат», бо иштироки намояндагони раёсат ва инчунин кормандони муассисаи давлатии «Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе» ва маркази репродуктивии шаҳри Душанбе, ҳамзамон раисони Шӯрои занони факултетҳои донишгоҳ ва 70 – нафар донишҷӯён баргузор гардид. Баъд аз анҷоми суханронии созмондиҳандагони чорабинии мазкур, баҳси судманд байни меҳмонон ва донишҷӯён доир гардид.

Муфассал...

10 Феврал 2017

Мо – ҷавонон пайрави Пешвои миллатем

Санаи 10.02.2017 дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур аксияи донишгоҳӣ, таҳти унвони «Мо – ҷавонон пайрави Пешвои миллатем», бахшида ба соли ҷавонон,  бо иштироки зиёда аз 700 – нафар донишҷӯ баргузор гардид.

Муфассал...

04 Феврал 2017

Илм ва инноватсия дар асри XXI

Дар  факултети  механиконии  кишоварзии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон  ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур  4.02.2017 конференсияи  байналмилалии илмӣ-амалӣ  дар мавзӯи «Илм ва инноватсия дар асри XXI: масъалаҳои  актуалӣ, дастовардҳо ва тамоюли рушд»  бо иштироки  намояндагони  муасисаҳои  олии  касбии  Федератсияи Россия, Қирғизистон, муассисаҳои  олии ҷумҳурӣ  ва олимон, донишҷӯён ва магистрон  баргузор гардид. Конференсияи байналмилалӣ   самтҳои  зеринро фарогир буд:

Муфассал...

03 Феврал 2017

Масъалаҳои актуалӣ ва самтҳои асосии такмилдиҳии технология ва воситаҳои механиконӣ дар истеҳсолоти кишоварзӣ

Санаи 03.02.2017 дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур мизи мудаввар бо иштироки намояндагони муасисаҳои олии касбии Федератсияи Россия, Қирғизистон ва олимони донишгоҳ дар мавзуи «Масъалаҳои актуалӣ ва самтҳои асосии такмилдиҳии технология ва воситаҳои механиконӣ дар истеҳсолоти кишоварзӣ» бо иштироки олимон, унвонҷӯён, аспирантон, донишҷӯёни боистсъдоди факултети механиконии кишоварзӣ гузаронида шуд.

Муфассал...