ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР

11 Апрел 2019

Осорхона

7-уми  марти  соли 1980   фармони    райёсати   донишгоҳ оиди  ташкили   осорхона   ба  имзо  расид , ки  тибқи    он  хайати   корӣ  таҳти   сарварии   ноиби   ректор  оид  ба  илм  Эшонов, аъзоён,   Холҷӯраев,  Мадаминов    таъсис  ёфт. Дар  ташкили  осорхона  саҳми  ректори   ҳамон вақтаи  донишгоҳ  академик, Юсуфбеков,  ноиби  ректор  оид  ба  корҳои   таълим   Ризоев, директори  намоишгоҳои   комёбиҳои  хочагии  халқи  чумҳурӣ, Раҳматзода,  раиси  иттифоқи  касаба,  Маҳмадкаримов, расоми  НКХХ  Ватага  ва  дигарон   бузург  аст.

4-уми  марти  соли 1982  - Осорхона  ба  таври   расмӣ  кушода  шуд. Дар  остонаи  ҷашни  70-солагии  донишгоҳ  дар  соли  2001  бо  ташшабӯси  собиқ  ректори  ДАТ  Тағоев,  гӯшаю  лавҳаҳо  бо  маводҳои  нав  пурра   карда  шуданд. Таъмиру-тармими  осорхона  дар  арафаи  ҷашни  80-солагии  донишгоҳ   ва  ташрифи  ректорони  донишгоҳои  аграрии  кишварҳои  аъзои  ИДМ  дар  соли  2009  бо  ибтикори  ректори ДАТ академик, Изатулло  Саторӣ  сурат  гирифт, ки  дар  рафти  он  сақфу деворҳо,гӯшаю  лавҳаҳо,маводу  ҳуҷатҳо  ва  навиштаҷотҳо  пурра  карда  шуданд.Дар рафти таъмиру-тармим ноибони  ректор: Салимов, Қодиров, Ҳасанов, Уроқӣ, деканҳо: Маҳмадёров,Қодиров,Каримов, Самандаров, Ҳабибов, Боева,  Қосимов,  ҳайати  устодон, Мирзоев, Амиршоев,Нурматов,  Муҳамадиева, Бобохонова, Сайдалиев, Уроқов,  кормандони  техникӣ, Юсупов,  Саидов, Ҳакимов,  Шарипов, Раҷабова, Ҷобиров,  Сафаралиев   ва  дигарон  фаъолияти  баланди  кордонию меҳнатӣ  нишон  доданд.

 

 

 

 

Муфассал...

Шуъбаи корҳои тарбиявӣ

Саҳифа дар ҳолати коркард қарор дорад!

Муфассал...

Қисми тарбия

Муҳити созандаву созгоре, ки дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур роҳандозӣ мешавад, дар масъалаи тарбияи худшиносию хештаншиносӣ нақши боризе мегузорад, ки татбиқи мантиқии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор рафта, омили асосии ноилшавии дастовардҳои таълиму тарбия ва илм дар ин ягона боргоҳи таълиму тарбияи мутахассисони бофарҳанги кишоварзии кишвар маҳсуб мешавад.

Масъалаи тарбияи насли наврас, махсусан ҷавонон, яке аз масъалаҳои муҳими рӯз ба ҳисоб рафта, аз ҳалли дурусти он пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол вобастагии калон дорад. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбияи кӯдакону наврасон ва ҷавононро дар рӯҳияи арзишҳои суннатию башарӣ яке аз вазифаҳои муҳими имрӯзу ояндаи давлат ва ҷомеа дониста, масъалаҳои демографӣ ва танзими оиларо ҳамчун омили асосии ҷомеаи солим ба миён гузоштаанд, ки роҳу усули самараноки амалӣ намудани онҳо дар қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №94 аз 3 - юми марти соли 2006 дар «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Консепсияи миллии тарбия сиёсати кунунӣ ва дурнамои давлатро дар соҳаи тарбияи миллии оммаи васеи аҳолӣ, махсусан насли наврас, таълиму тарбияи фарзанд муайян месозад. Он моҳият, мақсаду вазифаҳо ва мазмуни тарбияи миллиро дар марҳилаи нави таърихӣ ба танзим оварда, нақш ва мақоми онро дар ташаккули шахсияти инсони комил муайян мекунад, ки яке аз вазифаҳои муҳими имрӯзу ояндаи давлат ва ҷомеа дониста мешавад. Тарбияи наврасону ҷавонон, ба фикри мо, вазифаи ҳар як фарди ҷомеа ва муассисаву ниҳодҳои иҷтимоӣ мебошад. Барои он ки қонуну тартиботи ҷамъиятӣ то меъёри муайян риоя карда шавад, бояд робитаи падарону модарон ба он ниҳодҳои иҷтимоие, ки фарзандонашон дар онҳо таҳсил доранд, мустаҳкам карда шавад. Ин амал, агар аз як тараф ба кам шудани сатҳи ҷиноят дар байни наврасону ҷавонон мусоидат кунад, аз тарафи дигар, ба риоя шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» оварда мерасонад. Дар ин самт суханони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши созанда ва бунёдкорона дорад: «Имрӯз, ки мо зери парчами Ватан ва давлати соҳибистиқлол гирд меоем, бояд, пеш аз ҳама, ҷавонони мо мазмуну моҳияти арзишҳои истиқлолият, худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва ваҳдату ягонагии миллатро аз худ намоянд». Оре, маҳз ҷавонони эҷодкор, бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар, ки воқеан ҳам тафаккури созанда доранд, метавонанд дирӯзу имрӯз ва фардои ҷомеаро пайвандгар бошанд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд мекунанд: «Ҷавонон бояд сабақҳои истиқлолиятро ҳамаҷониба омӯзанд, аз равандҳои сиёсати имрӯзаи кишвар огаҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаю баргашта аз худ карда, аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд». Сарвари давлат дар роҳи бунёду таҳкими давлати соҳибтамаддун ва бофарҳанг, нигоҳ доштани истиқлолияти давлатӣ нақш ва мақому мартабаи ҷавононро хело муҳим арзёбӣ менамоянд. Маҳз ҳамин истиқлолияти давлатӣ буд, ки барои рушду ташаккулёбии ҷаҳонбинӣ ва тафаккури созандаи онҳо ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа тадбирҳои зиёде ба тасвиб расиданд, ба мисли Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон», «Старатегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2020» ва ғайра. Ҳамаи ин санаду барномаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин қишри иҷтимоии ҷомеа ҷиддист. Ҷавонони мо ба қадри тинҷию амонӣ, ободиву оромӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мерасанд. Шукргузорӣ аз неъмати бебаҳои истиқлолияти сиёсӣ менамоянд. Зеро дар дунё ҳастанд давлату ҷомеаҳое, ки аз ҷиҳати ҳаҷму сарҳад, ё ин ки аз ҷиҳати миқдору шумора бамаротиб аз аҳолии ҷомеаи мо дида зиёдтаранд, вале, мутаассифона, соҳибистиқлол нестанд, миллат надоранд, давлату забон надоранд, парешону пора - пора шуда истодаанд.

Тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи эҳтиром ба анъанаҳои миллӣ, расму оини пешқадами ниёгон ва мероси ахлоқии гузаштагон, яке аз талаботи Консепсияи миллии тарбия мебошад. Бузургону хирадмандони тоҷик бо заҳмату талоши пайвастаашон тавонистанд, ки бароямон як фарҳанги волою ғанӣ ва инсонсозро ба мерос гузоранд. Ин фарҳанг чун ҳикмати ҳаётӣ саропо хайр аст, парчами хирадварзӣ, башардӯстӣ, эътиқод, сулҳу дӯстӣ ва ободию осудагӣ фаровонии неъматҳои зиндагист. Ҳамчунин ин фарҳанг шиносномаи миллии мост, ки тавассути он чеҳраи аслии анъанаю суннатҳои миллии мо, бузургии ҷашнҳои бостонии моро ҷаҳониён эҳсос ва дарк менамоянд. Ҷашнҳои арзишманди миллии тоҷикон баёнгари тафаккури таърихӣ, симои маънавӣ, орзую ормон, расму оин, ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии онҳоянд. Тоҷикон аз зумраи он миллатҳои куҳанбунёду тамаддунофаранд, ки тавонистанд ҷашнҳои муқаддаси миллиашон – Наврӯз, Меҳргон ва Садаро дар низомҳои гуногуни сиёсӣ беосеб то ба имрӯз бирасонанд ва тайи солиёни истиқлолият бо қалбҳои саршор аз ифтихори ватандорӣ, бо шукуҳмандии тоҷикона ва шаҳомати ориёна ҳарсола таҷлил намоянд. Ҷашнҳои суннатии миллии мо аз ҳуҷуму тохтутозҳои бешумори аҷнабиён, харобкориву яғмогариҳо, истилову салтанати тӯлонии онҳо, ки боиси аз байн рафтани ёдгориҳои зиёди илмиву адабӣ, ҳунариву фарҳангӣ, хатту забонҳо гардиданд, на танҳо осеб надиданд, балки истилогаронро ҳам тасхир намуда, мавриди қабули онҳо қарор гирифтанд.

Бо баракати даврони истиқлолият ва ба шарофати ваҳдати амиқу суботи комил, бо азму талош ва тадбирҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, агар таъмини зиндагии арзанда ба ҳар фарде чун муҳимтарин ҳадаф дар маркази сиёсати иҷтимоии давлат қарор гирифта бошад, эҳё ва арҷгузорӣ ба арзишҳою суннатҳои муқаддаси аҷдодӣ, чун ҷузъи умдатарини фарҳанги миллӣ, меҳвари сиёсати фарҳангии давлати тозаистиқлоли тоҷикон пазируфта шуд.

Раёсати Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ҷавононро дар рӯҳияи баланди худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ифтихор аз давлатдории миллӣ тарбия менамояд. Онҳоро ҳарчи бештар ба илму касбомузӣ ҷалб намуда дар миёни ҷавонон бахусус донишҷуён тарзи зиндагии солимро тарғиб месозад ва барои ҳамроҳ нашудан ба ҳар гуна гурӯҳҳои ғаразноку ифротгаро пайваста вохӯриҳои судманд бо намояндагони мақомоти дахлдор ва ҳифзи ҳуқуқ баргузор мекунад, ки ташкил ва гузаронидани чунин суҳбату вохӯриҳо дар беҳдошти маърифати сиёсии ҷавонон нақши боризе мегузорад.

Қисми тарбияи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур аз соли 1991 фаъолият карда истодааст. Ин қисматро солҳои сипаришуда устодони пуртаҷриба ба монанди Кароматуллоев Э.С. (1991 – 1997), Тағоев Ҷ.С. (1997 – 1998), Собирҷонов С. (1998 – 2000), Кароматуллоев Э.С. (2000 – 2003), Кароматуллоева Р.С. (2003 – 2009), Ҳасанов Н.Р. (2009 – 2014) роҳбарӣ намуданд. Аз соли 2014 то ҳол роҳбарии ин қисмат ба уҳдаи Самандаров И.Ҳ. мебошад.

 

 

 

Муфассал...

Шуъбаи магистратура, аспирантура ва докторантура (PhD)

Имрӯз Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон яке аз марказҳои бонуфузтарини илм, маданият, маориф ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ-педагогӣ ба шумор меравад. 

Магистратура зинаи таҳсилоти олии касбӣ буда, мақсади он таъмини соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти миллӣ ва системаи илму маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мутахассисони баландихтисос ва кадрҳои илмию педагогӣ мебошад. Таъсис додани магистратура таҳсилоти олии касбии бо стандарти байналмилалии таҳсилот наздик намуда, барои мувофиқати дипломҳо шароити зарурӣ муҳайё месозад.

Магистратура бо фармони Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дар донишкада, академия ва донишгоҳҳое, ки шӯъбаи аспирантура ва докторантура, инчунин, имконияти илмию методӣ, заминаи хуби моддӣ, техникӣ ва таълимӣ доранд, таъсис дода мешавад. Муҳлати таҳсил дар шакли рӯзонаи магистратура ду сол муқаррар карда мешавад.

Шахсони дорои таҳсилоти олии касбӣ метавонанд дар равия ва ихтисоси ба дипломашон мувофиқ дар магистратура таҳсил намоянд.

Магистратура дар Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон аз 01.11. 2012 қабули довталабонро аз рӯи 13 ихтисос оғоз намуд.

Аввалин бор соли 2014 аз рӯи 13 ихтисос 46 нафар магистрантон донишгоҳро хатм намуданд, ки аз онҳо 3 нафарашон соҳиби дипломи аъло ва 43 нафарашон соҳиби дипломи муқаррарӣ гардиданд. Айни замон (соли таҳсили 2018-2019) дар донишгоҳ 133 нафар магистрантон (7 нафар духтарон ва 124 нафар писарон, шартномавӣ 82 нафар ва буҷавӣ 42 ) аз рӯи 17 ихтисос таҳсил намуда истодаанд, ки аз онҳо 39 нафарашон магистрантони курси якум ва 94 нафарашон магистрантони курси 2-юм мебошанд.

Аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Донишгоҳ ба масъалаи тайёр кардани кадрҳои баландихтисос эътибори ҷиддӣ дода мешуд. Дар кори тайёр намудани кадрҳои илмӣ-омӯзгорӣ дар Донишгоҳ нақши муҳимро аспирантура мебозад. Дар масъалаи тайёр намудани кадрҳои илмӣ-омӯзгорӣ нақши муҳимро марказҳои бузурги илмии собиқ Иттиҳоди давлатҳои Шӯравӣ, аз ҷумла шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Воронеж, Новосибирск, Тбилисӣ ва ғайра бозиданд. 

Олимони ДАТ ба кишварҳои хориҷӣ низ барои тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ-омӯзгорӣ кумаки башардӯстона мерасонад. Ҳоло дар аспирантураи ДАТ аспирантон ва унвонҷӯён аз Ҷумҳуриҳoи Исломии Эрон, Афғонистон, Хитой, Туркманистон, Қирғизистон ва ғайра таҳсил ва фаъолияти илмӣ мебаранд. 

Айни ҳол дар 9 факултети Донишгоҳ аз рӯи 3 самт ва 45 ихтисос кадрҳои илмӣ-омӯзгорӣ тайёр кардани мешавад. Дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ-омӯзгорӣ олимони шинохтаи Донишгоҳ Салимзода А.Ф., Норов М.С., Маҳмадёрзода У.М., Гулов С.М., Набиев Т.Н., Самандаров И.Ҳ., Мадаминов А.А., Шарифов З.Р., Сардоров М.Н., Носиров Р, Раҳматиллоев Р, Қодиров Қ.Ғ., Бобоҷонов В.А, Рузиев Т.Б., Раҷабов Ф.М., Шамсиев А., Ҳаитов А, Аҳмадов Б.Р., Кароматуллоев Э.С., ва дигарон саҳми худро  мегузоранд.

Шуъбаи  магистратура  аз соли хониши 2017-2018 бо шуъбаи аспирантура ва докторантура якҷоя карда шуд, шуъбаи магистратура, аспирантура ва докторантура PhD  ном гирифт.

Роҳбари шуъбаи магистратура, аспирантура ва докторантура PhD бо фармоиши ректори донишгоҳ аз соли хониши 2018-2019, номзади илмҳои кишоварзи, дотсент Мирзоев Идибек Абдуҷабборович ба ӯҳда дорад.

Ҷои қайд аст, ки таҳсил дар бахши магистратура, аспирантура ва докторантура PhD, донишгоҳ тариқи шартномавӣ ва буҷавӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳиссаи шуъбаи магистратура, аспирантура ва докторантура PhD дар тарбияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ дар ДАТ ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур сол то сол меафзояд.

Муфассал...

Бахши рушди касбият (карера)

Дар соли таҳсили 2017 -2018 дар сохтори донишгоҳ тағйирот ворид карда, раёсати таълим ва мониторинги  сифат таъсис дода шуд. Ин тағйирот ба Оинномаи донишгоҳ ворид карда шуда, Оиннома бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аз 01 августи соли 2018 таҳти рақами 376 тасдиқ гардидааст.  

Фаъолияти сардори шуъба аз тарафи ректори донишгоҳ муайян карда шуда, он бо муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дигар зерсохторҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятии донишгоҳ алоқаманд мебошад. Аз январи соли 2018 мудири  шуъбаи бахши рушди касбият Саидмурадова Г. Т. 

МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ ШУЪБА

  • Вазифаҳои асосии шуъбаи рушди касбият:
  • Дастгирии ҳамаҷонибаи донишҷӯён ва хатмкунандагон дар соҳаи рушди таълимии онҳо;
  • Пешниҳоди хизматрасониҳои гуногун барои банақшагирӣ ва рушди касбият;
  • Мусоидат дар ба даст овардани ҳадафҳои касбии донишҷӯён ва хатмкунандагон;
  • Ташаккули навгонии малакаи донишҷӯён ва хатмкунандагон бо мақсади баланд бардоштани рақобатпазирии онҳо дар бозори меҳнат;
  • Гузаронидани ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ бо мақсади бо ҷойи кор таъминкунии донишҷӯён ва хатмкунандагон дар бозори меҳнат. 

Вазифаҳои шуъбаи рушди касбият дар самти роҳнамоӣ ва такмили ихтисос:

  • Пешниҳоди маълумот оид ба пешбинии рушди шуғлият дар бозори меҳнат;
  • Усулҳои таълимии касбӣ бо роҳи рушди корӣ;
  • Гузаронидани мониторинг дар бозори меҳнат оид ба талаботҳои касбӣ аз рӯи ихтисос ва тахассусҳои гуногун;
  • Пешниҳод намудани маҷмӯи хизматрасониҳо оид ба гирифтани малакаҳои зарурӣ барои рушди касбият;
  • Ташкили манбаи маълумот дар бораи хатмкунандагон ва корфармоён вобаста ба имкониятҳои рушди касбият;
  • Ташкили хизматрасониҳои таълимӣ ба монанди семинарҳо, тренингҳо ва курсҳои омӯзишӣ бо мақсади пайдо кардани мавқеи арзанда, рушди касбият ва такмили ихтисос.

 Вазифаҳои шуъбаи рушди касбият дар самти ба кортаъминкунӣ: 

  • Ташкил ва нигоҳ доштани алоқаи доимии ҳамкорӣ бо корфармоён дар омода намудани мутахасиссон барои бозори меҳнат;
  • Ҷамъоварӣ, коркард ва паҳн кардани маълумот оид ба идомаи таҳсил, кор, коромузӣ ва таҷрибаомузӣ дар асоси барномаҳои иҷтимоӣ ва лоиҳаҳои гуногун;
  • Мусоидат дар мутобиқсозии хатмкунандагон ба талаботи тахассусии корфармоён.

 

Муфассал...

Шуъбаи танзими фаъолияти илмии донишҷӯён

Ҷамъияти илмии донишҷӯёни донишгоҳ тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маъориф» ташкил карда шудааст. Фаъолияти илмии донишҷӯёни донишгоҳ барои дарёфти истеъдодҳо ҳавасмандкунии корҳои кафедраҳо оидба ташкили корҳои илмӣ- тадқиқотии донишҷӯён барои баланд ьардоштани сифати тайёр намудани мутахассисони соҳиби таҳсилоти касбӣ ташкил карда шудааст

Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисос барои соҳаи кишоварзӣ саҳми хешро гузоштааст. Ба донишҷӯёни донишгоҳ олимони намоёни ҷумҳурӣ таълиму тарбия медиҳанд. Ҷалби донишҷӯён ба корҳои илмӣ- тадқиқотӣ ва иштироки онҳо дар чорабиниҳои илмии донишгоҳӣ ва ҷумҳуриявӣ яке аз вазифаҳои асосӣ пурсамари донишгоҳ ба шумор меравад. Дар солҳои фаъолияташ дар донишгоҳ конференсияҳои илмӣ- амалии донишҷӯён гузаронида шудаанд, ки дар кори онҳо зиёда аз 9500 нафар донишҷӯ иштирок ва баромад намудаанд.

Дар кафедраҳои донишгоҳ маҳфилҳои илмӣ ташкил карда шудаанд. Маҳфилҳо аз рӯйи равияи тахассусӣ ва ғайритахассусӣ ҷудо карда шуда, ба он мувофиқ номгузорӣ карда шудаст.

Фаъолияти кори маҳфил ба аъзоёни он дар зери назорати қатъии раёсати илм ва иноватсияи донишгоҳ буда, соле якмаротиба натиҷаи фаъолияти онҳо муҳокима карда мешавад. Инчунин дар маҳфилҳо рафти корҳои илмӣ- тадқиқотии донишҷӯён шунида муҳокима карда мешавад.

Айни замон фаъолияти танзими илмии донишҷӯёнро Аминова Г.Ю ба ӯҳда дорад. Хамасола дар донишгоҳ барои донишҷӯён конференсия, мизи мудаввар, семинарҳо, мусобиқаҳои корҳои илмии донишҷӯён, олимпиадаҳо гузаронида мешаванд.

Дар ҳама кафедраҳои донишгоҳ  маҳфилҳои илмии донишҷӯён фаъолият доранд ва дар кори онҳо қариб панҷсад нафар донишҷӯ ба фаъолияти илмӣ – тадқиқотӣ машғуланд. Роҳбарии маҳфилҳои илми ба зимаи мудирони кафедраҳо,профессорон ва дотсентони соҳибтаҷриба вогузор карда шудааст. Дар донишгоҳ 50 мактаби профессорон фаъолият дорад.

Муфассал...

Раёсати илм ва инноватсия

Раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистолн ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур соли таҳсили 2017 -2018 дар асоси ворид сохтани тағйирот ба сохтори донишгоҳ таъсис дода шудааст. Ин тағйирот ба Оинномаи донишгоҳ ворид карда шуда, Оиннома бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аз 01 августи соли 2018 таҳти рақами 376 тасдиқ гардидааст. 

Аз моҳи феврали соли 2018 то ба имрӯз  роҳбарии онро номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент  Боймуродов Рӯзимурод Бобокалонович ба  ӯҳда дорад.

Раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистолн ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур фаъолияти худро дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника», «Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Низомномаи намунавии раёсат (шуъба)-и илм ва инноватсияи муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо қарори мушовараи  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти рақами № 9/41 аз 29 июни соли 2016 тасдиқ шуда, Оинномаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, фармоишҳои ректори донишгоҳ, супоришҳои муовини ректор оид ба илм ва инноватсия ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва илм таҳия гардида, ба роҳ мондааст.

Он яке аз сохторҳои асосии қисми илм ва инноватсияи донишгоҳ буда, роҳбарӣ ва назорат аз болои корҳои илмӣ таҳқиқотии устодону омузгорон ва донишҷӯён, фаъолияти инноватсионӣ, омодакунии кадрҳои илмӣ, илмӣ-педагогӣ, ташкили такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои илмӣ, фаъолияти илмии магистратура, докторантура аз рӯи ихтисос (аспирантура) ва докторантураро ба роҳ мемонад.

Раёсати мазкур дар тобеияти бевоситаи муовини ректор оид ба илм ва инноватсия қарор дошта, ба корҳои илмӣ-тадқиқотие, ки кафедраҳо ва факултетҳо иҷро мекунанд, роҳбарӣ менамояд. Фаъолияти раёсат аз ҳисоби маблағҳои харҷномаи донишгоҳ (маблағҳои буҷетӣ, суратҳисоби махсус ва дигар сарчашмаҳо, ки тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ нашудаанд) ба роҳ монда шудааст. Ба корҳои илмӣ-таҳкикотӣ дар донишгоҳ 52 нафар докторони илм, профессорон, аз ҷумла 6 нафар академик, 128 нафар номзадҳои илм, дотсентон, 240 нафар омӯзгорон, ассистентон, 37 нафар докторантони РhD аз рӯйи 27 ихтисос, 36 нафар унвонҷӯён ҳамчунин, шахсоне, ки барои иҷрои корҳои илмӣ аз дигар ташкилотҳо бо мақсади таҷрибаомӯзи, такмили ихтисос ё бозомӯзӣ сафарбар гардидаанд, ҷалб карда мешаванд.

Дар сохтор ва ҳайати раёсати илм ва инноватсия  шуъбаҳои  ташкил ва банақшагири илм ва инноватсия, магистратура, аспирантура ва докторантура РhD. танзими фаъолияти донишҷӯён, бахши рушди касбият, китобхона, маркази табъу нашр, парки технологӣ ва  5 - Шӯроҳои диссертатсионӣ, аз ҷумла 4 Шӯрои диссертатсионии миллии назди Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои дарёфти дараҷаҳои илмии доктори фалсафа (PhD)  аз рӯйи ихтисос, номзад ва доктори илм 6D KOA – 014 аз рӯи ихтисосҳои  6D050600 – иқтисодиёт, 080005- иқтисод ва идораи хоҷагии халқ дар КАС, 6D KOA – 015 аз рӯйи ихтисосҳои 6D080100 – агрономия, 6D080800-Агрохимия ва хокшиносӣ, 6D080900-Меваю сабзавотпарварӣ, 6D081100 – Ҳимоя ва ка-рантини растаниҳо 06.01.01. –“Зироаткории умумӣ, растанипарварӣ”, 06.01.04 – “Агрохимия”, 06.01.07-“Ҳимояи растаниҳо”, дар самти ихтисосҳои зооинжинерӣ 6D. KOA – 049  аз рӯйи ихтисосҳои 6D.080200 - технологияи истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ, 06.02.08-истеҳсоли хӯроки чорво, хӯрокдиҳии ҳайвоноти кишоварзӣ ва технологияи хӯроки чорво, 06.02.10 – зоотехнияи хусусӣ, технология ва истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ ва дар самти ихтисосҳои механиконӣ 6D. KOA – 0506D. KOA – 050 аз рӯйи ихтисосҳои 6D.080600-техника ва технологияи аграрӣ, 05.20.01 – технологияҳо ва воситаҳои механиконии соҳаи кишоварзӣ, 05.20.03- технологияҳо ва воситаҳои хизматрасонии техникӣ дар соҳаи кишоварзӣ  фаъолият менамоянд.

Ҳадаф ва вазифаҳои раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ инҳо мебошанд:

 - муайян намудани самтҳои асосӣ ва афзалиятноки корҳои илмӣ- таҳқиқотии устодону омӯзгорон, докторантҳо аз рӯи ихтисос (аспирантон), докторантҳо, магистрҳо, унвонҷӯён ва донишҷӯёни донишгоҳ;
- ҳамоҳанг сохтани корҳои илмӣ, ки дар кафедраҳо бо мақсади иҷрои корҳои мукаммали бунёдӣ, иктишофӣ ва амалӣ сурат мегиранд;
- таҳияи лоиҳаи шартномаҳои хоҷагидорӣ оид ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва шартномаҳо оид ба татбиқи дастовардҳои илмӣ-техникӣ бо муассиса ва ташкилотҳо;
- тартиб ва танзими шартномаҳо оид ба ҳамкориҳои эҷодӣ;
 - таъмини сатҳи зарурии илмӣ-техникии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва самаранокии онҳо, татбиқи онҳо дар истеҳсолот ва раванди таълим;
 - назорати иҷрои нақшаҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотии донишгоҳ, факултет, кафедра ва нақшаҳои инфиродии омӯзгорон дар қисмати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ;
- анҷом додани баҳогузории маҷмӯии ҳарсола ба фаъолияти илмӣтаҳқиқотии кафедраҳо ва устодону омӯзгорон тибқи тартиби муқарраргардида;
- ташкил ва гузаронидани конференсияҳо, семинарҳо, симпозиумҳо ва дигар чорабиниҳои илмӣ;
 - ташкили табъу нашри маҷмӯъаҳои мақола ва асарҳои илмии ҳайати профессорӣ-омӯзгорӣ ва таълимгирандагони донишгоҳ;
- ташкили корҳои ихтироотӣ, патентӣ, литсензионӣ;
- назорати фаъолияти парки технологӣ ва марказҳои инноватсионӣ, бюроҳои конструкторӣ, таҳқиқотӣ, лоиҳакашӣ, технологӣ ва иқтисодии донишҷӯён, гузаронидани озмуни олимони  ҷавони навовари беҳтарин, донишҷӯ ва рушди илмӣ-техникӣ, иштирок дар озмун барои ҷудо кардани грантҳои хурд барои донишҷӯён ва ғ.;
 - назорати иҷрои рисолаҳои хатми бакалавриат, мутахассис ва магистратура, корҳои (лоиҳаҳои) курсӣ;
- назорати фаъолияти Шӯроҳои диссертатсионӣ, ки дар назди донишгоҳ таъсис ёфтаанд;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти Шӯрои олимони ҷавон, Ҷамъияти илмии донишҷӯён ва маҳфилҳои илмии донишҷӯён;
- назорат аз болои фаъолияти илмии магистрантон, докторантҳо аз рӯи ихтисос (аспирантон), докторантҳо ва унвонҷӯён;
 - танзим ва пешниҳод намудани мавод оид ба ҳавасмандкунии ҳайати устодону омӯзгорон ва таълимгирандагон барои бомуваффақият анҷом додани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, иштироки фаъолонаи онҳо дар кори конференсияҳо, семинарҳо, симпозиумҳо ва дигар чорабиниҳои илмӣ;
- ташкили намоишгоҳҳо, озмунҳо ва намоиши дастовардҳои илмӣ-таҳқиқотӣ;
- назорати фаъолияти китобхонаҳои анъанавӣ ва электронии донишгоҳ;
- омода кардани ҳисоботи илмӣ ва маълумотномаҳои донишгоҳ тибқи талаботи мақомоти дахлдор;
-дар якҷоягӣ бо раёсати донишгоҳ мусоидат намудан ба таъсиси заминаи муосири илмӣ ва озмоишӣ барои гузаронидани таҳқиқотҳои илмӣ аз тарафи ҳайати устодону омӯзгорон, донишҷӯён, магистрантон, докторантон РhD аз рӯи ихтисос ва унвонҷӯён доир ба мавзӯъҳои интихобкардаашон ва ба роҳ мондани намудҳои дигари фаъолияти илмӣ ва инноватсионӣ.
- сарфаҷуёна истифода бурдани маблағҳои пулӣ бо мақсади рушди заминаи моддӣ-техникии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ;
- санҷиши иҷрои амру фармоишҳо, дастуру супоришҳои роҳбарияти донишгоҳ оид ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ;
- назорат аз болои манбаъҳои молиявии мавзуъҳои фармоишӣ аз тарафи факултет ва кафедраҳо ва риояи муҳлати иҷрои онҳо;
- танзими ҳуҷҷатнигорӣ ва назорати иҷрои саривақтии он;
- назорат аз болои ба нашр омода сохтани мақолаҳои илмӣ, монографияҳо ва нашри маҷмӯаи осори илмии устодону омӯзгорон;
 - ҳамоҳанг сохтани ширкати ҳайати устодону омӯзгорон, таълимгирандагон ва унвонҷӯён дар конференсияҳои илмӣ ва методии донишгоҳ, байнидонишгоҳӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ.

Олимони донишгоҳ айни замон дар донишгоҳ айни замон 45 профессор, аз ҷумла 6 академики АИКТ, 5 узви вобастаи АИКТ, 128 нафар номзади илм ва дотсент, 141 магистр, 34 аспиранту унвонҷӯ, 37 доктори PhD ба мавзӯъҳои корҳои илмию тадқиқотӣ вобаста карда шудаанд.

Мувофиқи нақшаи дурнамои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ барои солҳои 2016-2020 ва дар асоси нақшаҳои тақвимии тасдиқшуда барои соли 2019 дар донишгоҳ аз рӯйи 10 мавзӯи фармоишӣ ва 16-мавзӯи сарборӣ тадқиқотҳои илмӣ гузаронида шуда истодаанд:

1.Тарҳрезии нақшаҳои нави киштгардонҳо бо назардошти хусусиятҳои биологӣ ва аҳамияти иқтисодии зироатҳои саҳроӣ дар шароити диверсификатсияи истеҳсолоти кишоварзӣ. РҚД № 0116TJ00756. Роҳбари мавзӯъ: профессор Сардоров М.Н.

2.Таҳияи усулҳои баланд бардоштани ҳосилнокии чарогоҳҳои минтақаи хушкзамини Тоҷикистон. РҚД №0116TJ00760.  Роҳбари мавзӯъ: профессор Қодиров Қ.Ғ.

3.Коркарди маҷмӯи ҳимояи пахта ва харбузаю тарбуз аз сафедболакҳо дар шароити Тоҷикистон. РҚД № 0116TJ00755. Роҳбари мавзӯъ: д.и.к., профессор Тошпулотов М.

4.Коркарди ҳимояи интегратсионии помидор аз зараррасонҳо ва касалиҳо дар водии Ҳисор. РҚД № 0116TJ00754. Роҳбари мавзуъ: д.и.к., профессор Қаҳҳоров Қ.Ҳ.

5. Баланд бардоштани самаранокии истифодабарии чорвои ширии аҳолӣ» РҚД № 0116TJ00758. Роҳбари мавзӯъ: д.и.к., профессор Рӯзиев Т.Б.

6. Такмили усулҳои селексияи чорвои кишоварзӣ дар асоси баҳодиҳии компютерии сифати ҳуҷайратухмҳо ва ташхиси КДН РКД№ 0116TJ00757. Роҳбари мавзӯъ: д.и.б., профессор Амиршоев Ф.С.

7.Коркарди меъёрҳои самараноки истифодаи хӯрокҳои ғайрианъанавии маҳаллӣ дар ғизои бедонаҳо. РКД 0116TJ00638. Роҳбари мавзӯъ: д.и.к., профессор Комилзода Д.Қ.

8.Тарҳрезӣ ва такмилдиҳии сохти мошинҳо барои механи-конии маҷмӯи амалиётҳои технологии парвариши пахта, ҷуворимакка. РКД № 0116TJ00759. Роҳбари мавзӯъ: н.и.т., дотсент Аҳмадов Б.Р.

9.Коркарди усулҳои микроклоналии сабзондани ниҳолҳои сӯзанбарг» РКД № 0116ТJ00559. Роҳбари мавзӯъ: д.и.к., профессор Нимадҷонова К.Н.

10. Муайян намудани намунаҳои нави селексионии ояндадори картошка дар заминаи истифодаи пайвастаи парвариши бофтаҳо ва афзоиши генеративӣ, истеҳсоли нахусттухмии солими онҳо ва навъҳои парваришёбандаи ин зироат.РКД № 011ТJ00558. Роҳбарони мавзӯъ: д.и.к., профессор Салимов А.Ф., н.и.б. Анварова М.

-дар донишгоҳ аз тарафи раёсат барои фаъолияти инноватсионӣ диққати ҷиддӣ дода шуда, фаъолияти ихтироъкорӣ ва корҳои патентиву литсензионӣ, ишғоли ҷойҳои намоён дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявии байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва байналхалқӣ   ҳамеша дастгирӣ ва  ҳавасмандгардонӣ карда мешаванд. Барои ишғоли ҷойи якум -3000 сомонӣ, ҷойи дуюм -2000 сомонӣ ва ҷойи сеюм – 1000 сомонӣ  муқаррар карда шудааст. Маблағи патентҳо пурра аз тарафи донишгоҳ ҳамасола пардохт карда мешавад.

Тавассути ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмиллалӣ, барномаҳо ва лоиҳаҳои инвеститсонӣ, муассисаҳои таълимию илмии хориҷи дуру наздик баҳри мустаҳкамсозии заминаи моддию техникии инфрасохтори моликияти зеҳнӣ “Бюрои конструкторӣ” дар факултетҳои механикунонии кишоварзӣ ва гидромелиоративӣ, 15 озмоишгоҳҳои илмии донишгоҳро таъсис ва бо таҷҳизотҳои муосири озмоишгоҳӣ, аз ҷумла озмоишгоҳҳои илмии “Баланд бардоштани иқтидори идоракунии чарогоҳҳо”, “Истеҳсоли хӯроки чорво”, “Агрохимия ва хокшиносӣ”, “Сифат ва бехатарии маҳсулоти ғизоӣ”, “Маркази логистикӣ”, “Таҳлили сифати гӯшт ва хӯроки чорво”, “Харитасозии рақамӣ” таъмин сохта шуданд, ки мавриди истифодаи олимон, магистрон, докторантон ва донишҷӯён мебошанд.   Дар хоҷагии таълимию таҷрибавии дар шаҳри Ҳисор будаи донишгоҳ, ҳамкориҳои илмӣ бо Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Донишкадаи илмӣ-тадқиқотии пахтапарвари ҶХХ таъмин намудани хоҷагиҳои таълимӣ-таҷрибавии донишгоҳ  бо навъҳои пахта, гандум, ҷуворимака, гузаронидани корҳои илмӣ тадқиқотӣ дар соҳаи селексия, ташкилоти ЮСАИД оид ба технологияи парвариши қулфинай  ба роҳ монда шудааст.

Дар баробари ин ба Комиссияи навъсанҷии давлатӣ ва баҳодиҳии навъи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон картошкаҳои навъҳои “Амиршо”, “Баҳромӣ” ва “Ғончӣ”, пахтаи миёнанахи навъи ДАТ-1 барои санҷиши расмӣ пешниҳод карда шудааст.   

Дар соли 2018 дар донишгоҳ 9 конференсия, 3 мизи мудаввар ва 2 семинари илмӣ гузаронида шудааст:

  1. конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Масоили муҳими таҳлил, баҳисобгирӣ ва истифодаи самараноки захираҳои молиявию қарзӣ дар КАС»;
  2. конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Терроризм - душмани инсоният» (16.04.2018);
  3. конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Идоракунии самараноки захираҳои об - кафолати рушди устувори кишоварзӣ» бахшида ба даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувори солҳои 2018-2028» (21.04.2018);
  4. конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Таъминоти инноватсионии рушди устувори соҳаи кишоварзӣ» (26.04.2018);
  5. конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Истифодаи самараноки омилҳои биоиқлимӣ дар парвариши зироатҳои кишоварзӣ» (02.05.2018);
  6. конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Терроризм ва экстремизм - вабои аср» (04.05.2018);
  7. конференсияи илмӣ-амалии донишҷуён дар мавзӯи «Нақши олимони ҷавон дар рушди тадқиқотҳои инноватсионии кишоварзӣ» (03.05.2018);
  8. конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ «Идоракунии интегралии захираҳои обӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (03.05.2018);
  9. конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ «Ҳифз ва карантини растанӣ барои устувории экологии агробиосенезҳо» (28.09.2018);
  10. мизи мудаввар дар мавзӯит «Конститутсия-шаҳодатномаи миллат» (05.11.2018);
  11. семинари илмӣ-машваратӣ дар мавзӯи «Нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар сохтмони НБО «Роғун» (13.11.2018);
  12. семинари илмӣ-амалии донишҷуён бахшида ба Рӯзи Президент ва ифтитоҳи агрегати аввалини НБО «Роғун» (13.11.2018);
  13. мизи мудаввар дар мавзӯи «Нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар таҳкими Истиқлолияти Тоҷикистон» бахшидаба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оғози фаъолияти НБО-и «Роғун» (14.11.2018);
  14. мизи мудаввар оид ба қабули ҳисоботҳои таҷрибаомӯзии истеҳсолии донишҷуён  (27.11.2018).

Ҳамзамон аз тарафи олимони донишгоҳ 16 китоби дарсӣ, 160 дастури дарсӣ, 6 монография, 650  мақолаи илмӣ ба чоп расонданд ва соҳиби 2 патент шуданд. Дар маҳфилҳои илмӣ зиёда аз 500 нафар омӯзгор, аспирант ва унвонҷӯ бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд.

Дар донишгоҳ дар ҳамаи кафедраҳо маҳфилҳои илмӣ ва Ҷамъиятҳои илмии донишҷӯён, мактабҳои илмии профессорону дотсентони пуртаҷриба фаъолият менамоянд. Барои ҷавонони навовару ихтироъкор дар факултетҳои механиконии кишоварзӣ ва гидромелиоративӣ “Бюрои конструкторӣ” таъсис дода шудааст. Донишҷӯёни навовар дар ин маркази илмӣ дар доираи лоиҳаҳои “Тарҳрезӣ ва такмилдиҳии сохти мошинҳо барои механиконии маҷмӯи ама-лиётҳои технологии парвариши пахта, ҷуворимакка” ва “Баланд бардоштани самаранокии истифодабарии захираҳои обию заминии Ҷумҳурии Тоҷикистон” тадқиқотҳои илмӣ мегузаронанд. Дар натиҷаи фаъолияти марказҳои мазкур дар соли 2018 устодону донишҷӯёни донишгоҳ ба чунин муваффақиятҳо ноил гардиданд. Култиватор-нуриандози КУБ-3.5 барои зироатҳои полезӣ аз тарафи олими ҷавони факултети механиконии кишоварзӣ Баҳруллои  Х. таҳти роҳбарии олимон Ахмадов Б. Р., Сафаров М., Ҳоҷиев Б., сохта шуда, дар Озмун-фестивали ҷумҳуриявии «Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон» таҳти унвони «Ҷавонон созандагони Ватан» дар бахши «Довталабон – ихтироъкорон, ихтироъҳо» соҳаи «Механика» сазовори ҷойи дуюм гардида, бо Дипломи дараҷаи II мукофотонида шудааст. Култиватори мазкур аз рамаи бо олотҳои корӣ васлшуда-белчаҳо ва чархҳои такяҳаракатдиҳанда иборат буда, олотҳои корӣ дар шакли теғҳо насб карда шудааст, ки теғҳои онҳо ба ҳамдигар муқобил равона карда шудаанд ва дар паҳлуҳои рама қуттиҳо бо аппаратҳои кишткунанда ва ғизодиҳанда мустаҳкам карда шудааст. Мошини муштарак дар як гашт се амалиёти технологиро иҷро менамояд.

Мошинаи муштараки «КМИС-1.8» бо олоти кории ротатсионӣ барои коркарди хоки қитьаҳои байниқаторӣ дар боғҳои интенсивӣ аз тарафи олими ҷавони факултети механиконии кишоварзӣ Шаҳобуддини Зувайдулло, таҳти роҳбарии олимон  Мироқилов Ҷ., Ясинов Ш., Эркинов М., Раҳимов Б., Абдуллоев Н. сохта шуда, дар Озмун-фестивали ҷумҳуриявии «Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон» таҳти унвони «Ҷавонон созандагони Ватан» дар бахши «Довталабон - ихтироъкорон» соҳаи «Механика» сазовори нишони МДММПИ гардид. Мошини мазкур дар як гашт 5 амалиётҳои технологиро ба монанди коркарди сатҳи болои хок дар чуқурии 12-15 см, майда кардани кулухҳо, ҳамвор кардани сатҳи болоии хок, кашидани ҷуякҳо бо ворид намудани нуриҳои менералӣ ва истифодаи заҳрҳои химиявиро иҷро намуда, барои боғҳои интенсивӣ муқаррар карда шудааст.

Дастгоҳ барои майда кардани ғалладонагиҳо бо роҳи маҷақ кардан. Дастгоҳи мазкур аз тарафи донишҷӯи курси 4-уми факултети механиконии кишоварзии донишгоҳ Абдураҳмонов Аҳтамбек Рустамович, таҳти роҳбарии омӯзгори калон Назаров Саидмурод Сангович сохта шуда, дар Озмун-фестивали ҷумҳуриявии «Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон» таҳти унвони  «Ҷавонон созандагони Ватан» дар бахши «Довталабони аз 15 то 30 сола» соҳаи «Механика» сазовори ҷойи якум гардида, бо Дипломи дараҷаи 1 мукофотонида шудааст. Ин дастгоҳи сохташуда барои майда ва маҷақ намудани ғалладонагиҳо таъин гардидааст, бо олоти кории устувонаҳои маҷақкунанда таҷҳизонида шудааст. Маҳсулнокии дастгоҳ дар як соат 0,5 тоннаро ташкил менамояд. Дастгоҳ бо тавононии муҳаррики барқӣ 4 кВт муҷаҳҳазинонида шудааст. Зудии даврзании навард -1500 давр/дақиқа ва вазни мошинолот – 85 кг буда, шумораи шахсони хизматрасон - 1нафарро ташкил медиҳад. Намнокии маҳсулот ҳангоми коркард бояд -20-30% бошад. Дастгоҳи ғалламайдакунак  барои маҷақ намудани ғалладонагиҳо дар фермаҳои парандапарварӣ то 1,5 мм ва барои фермаҳои чорводорӣ то 2,5 мм таъин гаштааст.

Муфассал...