ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР

24 Июн 2019

Идоракунии захираҳои обӣ ва истифодаи он-дар алоқамандӣ бо иқлим ва озуқаворӣ

Санаи 24.06.2019 дар пойгоҳи донишгоҳ  бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо конференсияи байналмилалӣ дар мавзӯи “Идоракунии захираҳои обӣ ва истифодаи он-дар алоқамандӣ бо иқлим   ва озуқаворӣ” бо иштироки 60 нафар олимону мутахассисони соҳа аз муассисаҳои олӣ ва ташклотҳои байналмилалии кишварҳои Австрия, Испания, Фаронса, Олмон,  Туркия,  Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баргузор гардид. Конференсияи байналмилалиро муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоимзода Ҷамшед Шодӣ ифтитоҳ бахшид, ҳамзамон ректори донишгоҳ, профессор Салимзода Амонулло Файзулло дар масъалаи дигаргуншавии иқлиим, таъсири он ба соҳаи кишоварзии мамлакат ва сардори гурӯҳи кории конференсия аз Иттиҳоди Аврупо, ҷаноби Стефано Еллеро  ибрози ақида намуданд.

 

 

 

Муфассал...

Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ

Субҳи 24-уми июни соли 2019 дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар заминаи Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон “Мо бояд ба оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва рушди бемайлони варзиш дар мамлакат таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем” (22.12.2017) дар арафаи таҷлили 22-солгарди Ваҳдати миллӣ ва инчунин сазовор ҷашнгирии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон майдончаи замонавии варзишӣ ба истифода дода шуд. Дар маросими кушодашавӣ Аҳмадзода Дилноза–муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Табарова Мавҷуда–муовини Раиси ноҳияи Исмоли Сомонӣ ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ  иштирок доштанд.

Муфассал...