ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР

Июл 2019

15 Июл 2019

Нишасти матбуотӣ

15 июли соли равон дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур бо иштироки масъулини донишгоҳ ва намояндагони васоити ахбори оммаи ватанӣ аз рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Мароми пойтахт», «Дониш», маҷаллаҳои «Тоҷикистон», «Кишоварз», телевизиони «Ҷаҳонннамо», радиоҳои Тоҷикистон, «Садои Душанбе» нишасти матбуотӣ доир гардид.

Ректори донишгоҳ, профессор Салимзода Амонулло Файзулло дар бораи фаъолияти таълимию илмӣ, тарбияву фарҳангӣ, иқтисодиву хоҷагидории донишгоҳ дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2018 – 2019 ва нақшаҳо дар соли хониши 2019-2020 мухтасар маълумот доданд.

Идомаи нишаст ба тариқи саволу ҷавоб сурат гирифт. Рӯзноманигорон ба саволҳои хеш роҷеъ ба  роҳҳои баланд намудани маҳсулнокии чорво ва нақши омӯзгорони донишгоҳ дар ин самт; самаранокии боғҳои интенсивӣ ва аз ҷониби олимони донишгоҳ гузарогидани машғулиятҳои омӯзишӣ бо мутахассисону кишоварзон дар бораи зиёд намудани майдонҳои низоми нави истеҳсолии боғу токзор; тадбирҳои донишгоҳ роҷеъ ба боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таълим; чораҷӯиҳои донишгоҳ дар бораи бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагон; дар кадом поя қарор доштани таъминот бо кадрҳои унвондор дар кафедраҳо ва дигар пурсишҳо ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд

Нишасти матбуотӣ ошкоро ва бо рӯнамо (презентатсия), ки дар он аз ҷадвалу диаграмма, суратҳо ва дигар маводи намоишӣ самаранок истифода гардид, бисёр ҷолибу хотирмон гузашт.

Муфассал...

11 Июл 2019

ЗАЙНУЛОЕВ Собирҷон Шералиевич

ТАШАККУЛ ВА РУШДИ БОЗОРҲОИ ЯКЛУХТИ ОЗУҚАВОРӢ ҲАМЧУН ШАРТИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 08.00.05 –Иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ: иқтисодиёт, ташкил ва идоракунии корхонаҳо, соҳаҳо, комплексҳо (комплекси агросаноатӣ ва хоҷагии қишлоқ)

Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-014

ДИССЕРТАЦИЯ 11.07.2019
Анти плагиат 11.07.2019
Рӯйхати корҳои илмӣ 11.07.2019
Тақризи роҳбарони илмӣ 11.07.2019

 

 

Муфассал...

05 Июл 2019

САИДОВ Исломиддин Маҳмудович

ТЕХНОЛОГИЯИ ПАРВАРИШИ МАРҶУМАК ДАР ШАРОИТИ МИНТАҚАИ НАЗДИКӮҲИИ ТОҶИКИСТОНИ МАРКАЗӢ

Барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои  кишоварзӣ аз рӯйи ихтисоси 06.01.01 - Зироатчигии умумӣ, растанипарварӣ баргузор мегардад. 

Шӯрои диссертатсионии  6D.КОА-015 

ДИССЕРТАЦИЯ 05.07.2019
Анти плагиат 05.07.2019
Рӯйхати корҳои илмӣ  05.07.2019
Тақризи роҳбари илмӣ   05.07.2019

Муфассал...