ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР

20 Ноябр 2019

Пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим

20-уми ноябр дар толори фарҳангии факултети агробизнес оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 2019, №463 «Дар боари Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024» ҷамъомад баргузор шуд. Аҳмадов Б. Р.-муовини ректор оид ба илм ва инноватсия дар бораи баланд намудани дастрасии аҳолӣ ба маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза, истифодаи самарабахши заминҳои корам дар рушди истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва ташаккули ғизои солим ба моддаҳои ғизоӣ баромад намуд.

Муфассал...

Ба амалҳои коррупсионӣ оштинопазир бошем

20-уми ноябри соли равон дар толори Шӯрои илмии донишгоҳ вохӯрии омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ бо кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар оғоз аз ҷониби ҳозирин Суруди миллии  Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда шуд. Сипас,  дар мавзӯи «Мубориза бо коррупсия кори дастаҷамъист» гуфтугӯи ошкоро баргузор шуд.

Муфассал...