TAJIK AGRARIAN UNIVERSITY NAMED SHIRINSHO SHOTEMUR

News

ТУҲФА ДАР АРАФАИ ҶАШНҲО

29-июни соли 2017 саҳни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур намуди идона дошт. Навиштаҷоту овезаҳо аз фарорасии соли нави таҳсили 2017-2018 ва ҷашни фархундаи 26 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарак медоданд. Пораҳо аз матни суханрониҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, пос доштани забони ноби тоҷикӣ, расму оини миллӣ ҳар гӯшаи донишгоҳро зеб медоданд. Парчами давлатӣ ҳамаҷо парафшони мекарду аз ояндаи дурахшони ин сарзамини бостонӣ башорат медод.

Қалби профессорону омӯзгорон, аспиранту унвонҷӯён, магистру донишҷӯёни донишгоҳ лабрез аз шодиву фараҳ буд. Гулдухтарони толибилм дар бар либосҳои миллӣ ба ҳусни идгоҳ ҳусни нав зам мекарданду пироҳанҳои атласу чакани онҳо ба гулзори тамоми майдонҳоро фарогирифта рангрезӣ менамуданд. Ин ҳама гувоҳи онанд, ки аҳли донишгоҳ аз тӯҳфаи идона хеле хушнуданд. Дар ин рӯзи саиду хурсандӣ онҳо соҳиби боз як бинои хуштарҳу зебои замонавӣ гардиданд.

Санги асоси бинои мазкурро, ки барои факултети агробизнес пешбинӣ шудааст Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 8 - октябри соли 2011 ҳангоми ширкат дар ҷашни 80 - солагии донишгоҳ гузошта, дастур доданд, ки ҳамчун таҷриба дар донишгоҳ вобаста ба талаботи имрӯзаи истеҳсолот ихтисосҳои васеъсамт ҷорӣ карда шаванд. Бо мақсади иҷрои ин дастур 7 ихтисоси ҳамгиро ташкил карда шуд, ки баъди хатм мутахассисони ихтисосҳои мазкур соҳиби ду касб мегарданд. Мақсад аз ин амал он аст, ки дар шароити кунунӣ силсилаи истеҳсол - нигоҳдорӣ - коркард - маркетинг - фурӯш дар истеҳсолот татбиқ шуда, бештар самара орад. Барои аҳли донишгоҳ ифтихори бузург аст, ки соли ҷорӣ дастур ва мақсади наҷиби Сарвари давлат дар бораи ихтисосҳои васеъсамт ва бунёди бинои нави таълимиро амалӣ намуданд. Нахустин чунин мутахассисон пас аз хатми донишгоҳ ба истеҳсолот фиристода шуданду омӯзгорону донишҷӯёни факултети агробизнес соли нави таҳсилро дар ин бинои хуштарҳу замонавӣ оғоз мекунанд. Ташаббускори бунёди бинои мазкур Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд ва дар арафаи ҷашнҳои шоён туҳфаи арзандаест барои аҳли донишгоҳ.

Ба сохтмони бинои нави таълимии факултети агробизнес 12 июни соли 2012 оғоз бахшида шуд ва то ин дам аз ҳисоби маблағҳои махсуси донишгоҳ барои бунёди он 6731080 сомонӣ хароҷот карда шуду бинои 5 ошёнаи хуштарҳу зебои замонавӣ дар шафати бинои асосии донишгоҳ қомат афрохт. Бино аз 2 толори лексионӣ, 1 маҷлисгоҳ, 2 озмоишгоҳи илмӣ-таълимии замонавии сифат ва бехатарии маҳсулоти ғизоӣ, 13 синфхона, 14 ҳуҷраи корӣ дар маҷмуъ барои зиёда аз 600 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст. Синфхонаҳо бо маводи замонавии таълимиву иттилоотӣ муҷаҳаз гардонида шудаанд ва Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ барои бо маводи таълимиву иттилоотӣ ва мизу курсӣ ҷиҳозонидани бино ҳамаҷониба дастгирӣ намудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маорифро яке аз самтҳои асосии стратегии давлат медонанд ва ба ин соҳа таваҷҷуҳи ҳамаҷониба зоҳир менамоянд. Маҳз ҳамин боис гардида, ки дар бисту панҷ соли Истиқлолияти давлатӣ дар ҷумҳурӣ зиёда аз 2500 муассисаи таълимӣ бунёду азнавсозӣ гардида, онҳо бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири таълимӣ ва дигар шароити замонавӣ таъмин карда шуданд. Бинои нави таълимии факултети агробизнес низ бо маводи таълмӣ ва васоити иттилоотии ҳозиразамон таъмин карда шудааст. Дар ҳамаи синфхонаҳо тахтаҳои электронӣ васл гардида, синфхонаи компютерӣ бо шабакаи интернет васл карда шудааст. Бо бунёди бинои мазкур пойгоҳи моддӣ – техникии донишгоҳ вобаста ба кафолати талаботи сифати таҳсилот мустаҳкам гардида, барои истифодаи самарабахши омӯзгорону донишҷӯён машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ ин 13-умин бинои таълимӣ буда акнун ба миқдори 6600 ҷои нишаст муҳайё шуд.

Факултети агробизнес зодаи Истиқлолияти давлатӣ мебошад ва ихтисоҳои он вобаста ба талаботи давру замон ба роҳ монда шудаанд ва алҳол дар факултет 6 ихтисос амал мекунад, мутахассисон дар равияҳо таъмини амнияти озуқаворӣ, бозоршиносӣ, технологияи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ тарбия мешаванд. Яке аз ихтисосҳои нав тибқи дастури Сарвари давлат таъсис дода шудааст.

Дар донишгоҳ ҷиҳати боз ҳам боло бурдани сатҳи донишандӯзӣ дар самти таълим, илм, такмили касб ва коромӯзии омӯзгорон, таҷрибаомӯзии истеҳсолии донишҷӯён, мубодилаи донишҷӯён, таҳсил дар зинаи магистратура, забономӯзӣ, ташкили ихтисосҳои нави магистрӣ, гузаронидани конференсияҳои илмӣ, методӣ, хондани лексияҳо аз тарафи устодони донишгоҳҳо, навиштани китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, барномаҳои намунавии таълимӣ алҳол бо 100 муассисаи таҳсилоти олии касбии хориҷи дуру наздик ва 19 барномаи ташкилотҳои хориҷӣ шартномаҳои ҳамкорӣ дорад, ки омӯзгорону донишҷӯён аз ин ҳамкориҳо самаранок истифода мебаранд ва тавассути таҷрибаивазкунӣ сатҳи дониши хешро боло бурда дар тадқиқотҳои илмиашон аз тарзу услуби муосири илмӣ истифода менамоянд.

Дар рӯзи маросими ифтитоҳи бинои нави таълимии факултети агробизнес меҳмони олиқадр Зокирзода -муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сатторӣ Иззтулло -вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асозода Нуралӣ Маҳмадулло -президенти АИКТ, Самӣ Шариф Ҳамид -раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Мирбобоев Раҳматулло Мадаюбович–муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фарру Ҳайдапров -сардори раёсати мактабҳои олии ва баъди дипломии вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ дастпарварони донишгоҳ, ки имрӯз дар вазифаҳои мухталифи хоҷагии халқи кишвар ифои вазифа менамоянд иштирок намуданд. Онҳо бо синфхонаву толор, озмоигоҳу утоқҳои кории бино шинос гардида ба сифати сохтмон баҳои баланд доданд.

Сипас дар саҳни бинои навсохт ҷамъомади тантанавӣ доир гардид. Зокирзода Маҳмадтоир Зоир муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он Суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд кард, ки мо дар остонаи ҷашни бароямон бисёр азизу гиромӣ қарор дорем, ки он барои мо неъмати бебаҳосту озодию осудагии ҳаёти инсонро дар қаламрави мамлакат таъмин намуд, барои меҳнати озодонаи ҳар сокини кишвар, таълиму тарбия дар мактаб ва оила, донишкадаю донишгоҳҳо, ҳунаромӯзӣ шароити мусоид фароҳам овард. Соҳиби давлати мустақил гардидем, ки ин барои ҳар инсони соҳибдил бахти беҳамтост. Ба шарофати истиқлолият ба дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ноил шудем, вале табиист, ки давлати мо чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ табиист, ки аз равандҳои ҷаҳонишавӣ берун буда наметавонад. Аз ин рӯ робитаҳоямон бо кишварҳо ва минтақаҳои гуногуни олам вусъат меёбаду тамаддуну фарҳанги онҳо таъсирашро ба миллати мо мерасонад. Бинобар ин Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо таъкид менамоянд, ки дар ин замонаи ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддунҳо зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Мақсади асосии эъмори давлати мустақили ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии шоистаи инсон аст. Сатҳи рушди иқтисодии кишвар ин ҳадафҳои моро амалӣ месозад ва дар ин раванд рушди бахши кишоварзӣ нақши муҳим мебозад ва мутахассисони соҳа онро амалӣ месозанд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисодиёти кишвар эътибори аввалиндараҷа дода, доимо таъқид менамояд, ки таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва беҳдошти вазъи иқтисодии мардум ба дараҷаи сатҳи инкишофи ин соҳа вобастагии амиқ дорад. Дар амалигардии ин ҳадафи тақдирсоз ва пешрафти соҳа мутахассисони баландпояи ба меъёрҳои талаботи бозори ҷаҳонии меҳнат ҷавобгӯ мавқеи муҳимро ишғол менамоянд. Чунин мутахассисонро дар ҷумҳурӣ Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур тайёр менамояд.

Донишгоҳ дар тӯли 86 соли фаъолияти худ ба яке аз муассисаҳои калонтарини касбии таълимию илмии ҷумҳурӣ табдил ёфтааст. Дар ин солҳо донишгоҳ зиёда аз 49 ҳазор мутахассисони баландихтисос, аз он ҷумла, дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ 31 ҳазор нафарро тайёр кардааст, ки ин 66 фоизи теъдоди умумии хатмкардагонро ташкил менамояд. Дар айни замон дастпарварони донишгоҳ дар тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ ва кишварҳои дигар дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва мақомоти роҳбарикунанда бомуваффақият кор мекунанд. Дар байни онҳо бисёр қаҳрамонони меҳнат, ходимони намоёни давлатию ҷамъиятӣ, роҳбаролни корхонаҳои комплекси агросаноатӣ, муассисаҳои илмӣ, академикҳо, докторҳо, профессорҳо ва дотсенту номзадҳои илм ҳастанд. Як зумра хатмкардагони донишгоҳ дар давраи истиқлолият вазифаҳои муҳими давлатиро иҷро намуда, дар рушди иҷтимоию иқтисодии Ватани азизамон соҳми арзанда гузошта истодаанд.

Раёсати донишгоҳ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушдбахшии пойгоҳи қавии таълимию илмӣ тадбирҳои судманд меандешад.

Ҳозирони гиромиқадр! Инак мо дар ин рӯзи фаробахш, дар арафаи ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар маросими ифтитоҳи бинои нави факултети агробизнес, ки санги асосашро 8 октябри соли 2011 ҳангоми таҷлили ҷашни 80-солагии таъсисёбии донишгоҳ Асосгузори сулҳу Ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта буданд, қарор дорем.

Дар ин ҷо маврид ба ёдоварист, ки таъсиси факултет, ки худ зодаи истиқлолият аст ва бо назардошти ҳалли масъалаҳои мубрами таъмини бехатарии озуқаворӣ, дигаргуниҳои куллии иқтисодию иҷтимоӣ, шаклҳои гуногуни моликияту истифодаи замин дар шароити диверсификатсияи истеҳсолоти кишорварзӣ фаъолияташро ба роҳ мондааст.

Дар тӯли ин солҳо факултети агробизнес ҳамчун ҷузъи сохтори идоракунии донишгоҳ, дар қатори дигар факултетҳо фаъолияташро бо муваффақона ба роҳ мондааст. Айни замон дастпарваронаш дар соҳаҳои гуногуни истеҳсолот саҳми арзанда гузошта истодаанд.

Бинои нави зебои факултети агробизнес, ки бо заҳмати сохтмончиён ва аҳли донишгоҳ қомат афрохтааст ва боз ҳам ба ин гӯшаи зебоманзари пойтахт нуру сафо бахшидааст, бо 13 синфхонаи дорои 600 ҷойи нишаст, 2 толори лексионӣ, 2 озмоишгоҳ, 14 утоқи кории устодон ва 1 маҷлисгоҳ шароит фароҳам меоварад, ки таълиму тарбияи мутахассисон дар ин бахш дар сатҳи замонавӣ ба роҳ монда шавад.

Таҳти сарварии профессор, узви вобастаи АИКТ Салимзода Амонулло Файзулло донишгоҳ ба як зумра комёбиҳои дар миқёси байналмилалӣ ва ҳам ҷумҳуриявӣ ноил гаштааст. Олимони донишгоҳ дар баробари тарбияи мутахассисони замонавӣ, технологияҳои истеҳсолот боз ҳам ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва татбиқи натиҷаҳо дар истеҳсолот дар самти мукаммалгардонии технологияи парвариши зироату чорво, ҳимояи зироату ҳосил дар организмҳои зараррасон, технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, селексияи навъҳои сермаҳсули зироатҳо ва зотҳои чорво, самаранок истифодабарии заминҳои корам тавассути киштҳои асосӣ, такрорӣ ва фосилавӣ, ба танзим даровардани реҷаҳои хок ва ғайра машғуланд.

Дар охир ба боварии том бояд изҳори ақида намуд, ки ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони ёрирасони донишгоҳ чун фардони худогоҳу ватандӯст ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри рушди соҳа шукуфоии Ватани азизамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол тамоми нерӯи зеҳнии хешро дареғ намедоранд. Соли нави хонишро ба аҳли донишгоҳ ва дар симои онҳо ба кулли маорифчиёни кишвар самимона муборакбод мегӯем ва бо орзую умедҳои нек таманно мекунем, ки ҷашни 26-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бигузор барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбию кушоишҳо оварад!

Аз номи аҳли донишгоҳ донишҷӯи курси дуюми факултети агробизнес баромад намуда, аз ҷумла қайд кард, ки Ректори донишгоҳ, профессор, узви вобастаи АИКТ Салимзода Амонулло Файзулло аҳли донишгоҳро дар ин рӯзи хурсандӣ ва кабули туҳфаи идонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон-бинои нави таълимии факултети агробизнес самимона муборакбод намуд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави таълимӣ пойгоҳи моддӣ – техникии донишгоҳ вобаста ба кафолати талаботи сифати таҳсилот боз ҳам мустаҳкам гардида, барои истифодаи самарабахши омӯзгорону донишҷӯён машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ акнун дар 13 бинои таълимӣ, 217 синфхона бо миқдори 6600 ҷои нишаст, ки бо асбобҳои айёнию воситаҳои техникӣ таҷҳизонида шудаанд, мегузаранд. Сарвари донишгоҳ ҳозиринро бо фарорасии соли нави хониш ва ҷашни 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта барояшон комёбиву сарбаландиҳоро таманно намуд.