TAJIK AGRARIAN UNIVERSITY NAMED SHIRINSHO SHOTEMUR

News

ОДАМОН АЗ ДӮСТӢ ЁБАНД БАХТ…

Бузургтарин дастоварди инсон фарҳанг буда, ин омили муҳимест, ки қавму миллатҳо ва кишварҳоро ба ҳам мепайвандад ва равобити мамлакатҳоро равнақ бахшида, дар таҳкими риштаҳои дустӣ ва ҳамкориҳои бародарона  нақши муҳим мебозад.

Таҳкими робитаҳои иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон бо мамолики Осиёи Марказӣ ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи Сарвари давлатамон қарор дорад.

Чи тавре ки маълум аст, баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми ҷумҳуриҳои собик Шӯравӣ як муддат дар ҳолати бухрони сиёсӣ, иқтисодӣ, маънавӣ қарор доштанд. Вале дар Тоҷикистон ин буҳрони сиёсиву иқтисодӣ ва ғояви буҳрони аз он ҳам шадидтари иҷтимоӣ ва маънавиро ба вуҷуд овард. Мардуми Тоҷикистон ҷанги бародаркуш – душвортарин ва фочианоктарин давраҳои таърихи хешро, ки дар ибтидои соҳибистиқлолии кишварамон ба вуқуъ пайваст, аз хотир намебарорад. Махз дар хамин рӯзҳои сангин дар радифи дигар ҷумҳуриҳои собик Шӯравӣ Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз имкониятҳои мавҷудаи худ истифода намуда, дасти ёрии беғаразонаи худро бародарвор ба халқу давлати  мо дароз намуд.

Барои мо тоҷикон робитаҳои дӯстона ва мустаҳками абади бо Ӯзбекистон ҳам тақозои таърихи ва ҳам ба манфиатҳои мардуми ҳарду кишвар нигаронида шудааст. Тоҷикистон бо ҳама душвориҳои дохилии оғози соҳибистиқлолиаш нигоҳ накарда, дар соҳаи сиёсати хориҷӣ фаъолона ва вусъати бештар амал менамояд, ки ин ба афзудани нуфузу эътибори байналхалқии он мусоидат мекунад. Таҳкими равобит ва ҳамкори бо мамлакатҳои Осиёи Марказӣ барои ҷумҳурии мо аҳамияти муҳим дорад. Аз ин лиҳоз, таҳлилу омӯзиши муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар замони имрӯза қадами дигаре барои боз ҳам мустаҳкам кардани муносибатҳои фарҳангӣ ва ривоҷёбии он мебошад.

Робитаҳои дӯстонаи байни мардуми тоҷику ӯзбек қарнҳо бо ҳам неку ҳадафмандона буданд. Ҳарчанд баъзан бар асари баъзе аз манфиатҳои сиёсӣ афроду гурӯҳҳои муайян кӯшиши ба ин робитаҳо халал ворид намудро ба харҷ медоданд, вале ҳусни тафоҳуми дар сатҳи муносибатҳои васеи иҷтимоӣ мавҷудбуда ин мавзеъгириҳоро хуш қабул намекард ва ҳамоно бар зидди ин амалҳо алоқаҳо инкишоф меёфтанд. Ин муносибатҳоро омилҳои марбут ба ҳамсоягии тӯлонӣ бо ҳамдигар доштан, баҳрабардорӣ аз дастовардҳои фарҳангии якдигар  ва ғайра мустаҳкам месохтанд ва то ҳозир устувор  нигоҳ медоранд.

Мутаассифона, пас аз соҳибихтиёр шудани кишварҳои Осиёи миёна муносибати баъзе аз ин кишварҳо нисбат ба ҳамдигар то андозае сусттар гардид ва дар натиҷа дар баъзе мавридҳо онҳо барои ба роҳ мондани алоқаҳои мардумашон дар сатҳҳои гуногун монеа эҷод мекарданд. Дар як давра ин аломатҳо дар муносибатҳои байни Ӯзбекистону Тоҷикистон низ бар асари нофаҳмиҳо ба вуҷуд омаданд ва мардум ҳамеша интизори ҳали худро пайдо кардани ин нофаҳмиҳо буданд. Зеро муносибатҳои печидаи хешовандию ҳамсоягии мардуми ду тарафи дар марзҳои сиёсӣ ҷойгирифта наметавонист ҳама вақт дар ин бунбаст боқӣ монад. Ҳарчанд ҳамоно мардум бо ҳам рафтуомадро қатъ намекарданд, вале мушкилот хеле зиёд буданд, ки ба маънӣ доштани онҳо ақли солим ба шубҳа менигарист.

Хушбахтона, имрӯзҳо пайки нек дар мавриди ба тадриҷ роҳи ҳалли худро ёфтани ин мушкилиҳо ба назар мерасад ва инро мардумони ҳарду мамлакат бо фараҳмандӣ қабул карда истодаанд. Ҳарчанд имрӯз ҳам ҳастанд гурӯҳҳое, ки гарм шудани муносибатҳои мамлакатҳои моро хуш қабул надоранд ва инро як падидаи нопойдор меноманд, вале бар зиди ин андешаҳо бозтоби шарораҳои гарми дӯстӣ дили сокинони ҳарду тарафро болида нигоҳ медорад. Танҳо баъзе аз чорабиниҳои муқарраротии расмие аст, ки бояд дар сатҳҳои сиёсии ду кишвар дида баромада шаванд ва ин тамоюлро барои содатар кардани барқарории муносибатҳои деринаю бародаронаи мардумони оддӣ ва доираҳои тиҷоратию  истеҳсолӣ татбиқ намоянд. 

Аллакай мо имрӯз гуфта метавонем, ки раванди ҳодисаҳои ҷамъиятии ин ду мамлакат дар сатҳи ғайрирасмӣ ҳам рӯ ба мақсади беҳбуд бахшидани робитаю муносибатҳои дуҷониба оварда истодаанд. Барои мо тоҷикон робитаҳои дустона ва мустаҳками абади бо Ӯзбекистон ҳам тақозои таърихи ва ҳам ба манфиатҳои мардуми ҳарду кишвар нигаронида шудааст. Таҳкими равобит ва ҳамкори бо мамлакатҳои Осиёи Марказӣ барои ҷумҳурии мо аҳамияти муҳим дорад. Аз ин лиҳоз, таҳлилу омӯзиши муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар замони имрӯза қадами дигаре барои боз ҳам мустаҳкам  кардани  муносибатҳои фарҳангӣ ва ривоҷёбии он мебошад.

Умуман алоқаву муносибатҳои ҳамҷавории Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки бо анъанаҳои бисёрасраи дустию бародарии халқҳои ӯзбеку тоҷик асос ёфтааст, дар давраи истиқлолият ба маҷрои сифатан нав ворид гардид. Миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон то имрӯз зиёда аз 70 санадҳои ҳамкори ба имзо расидааст, ки он оид ба ҷанбаҳои гуногуни  ҳамкориҳои  иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ мебошад.

Ҳамкориҳои дуҷонибаи фарҳангии ин ду давлат дар пояи меъёрҳои байналмилали ба манфиатхои тарафайн ба роҳ монда шудааст. Тайи солҳои соҳибистиқлолияти миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар аксар бахшҳои фарҳангӣ ҳамкориҳои судманди дуҷониба  сурат  гирифта, ҳусни тафоҳуми  ҳамсояги  муқаррар гардид.

Масалан, ташрифи як ҳайати 30 нафараи намояндагони доираҳои тиҷоратию истеҳсолии вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон ба вилояти Суғд дар ҳафтаи гузашта исботи ҳамин андешаҳост. Ҳайати номбурда давоми ду рӯз аз коргоҳҳои саноатӣ ва мавзеъҳои фарҳангию истроҳатии вилоят дидан карда, барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо андешаҳои судманд баён доштанд. Чунин сафари фарҳангиро аз ин пештар ба шаҳри Тошканд дастаи ҳунарпешагони тоҷикистонӣ анҷом дода буд, ки онҳо робитаи деринаи ду мардуми ба ҳам дӯстро тақвият бахшиданд. Аз ин рӯ, ин падидаҳоро мо метавонем ҳамчун фоли нек барои барқарории муносибатҳои деринаю дӯстонаи Тоҷикистону Ӯзбекистон қабул намоем.

Умеди комил дорем, ки минбаъд ба тадриҷ ин робитаю муносибатҳо хеле устувор мегарданд ва рафтуомади шаҳрвандон, гардиши молу коло, ҳамкориҳои фарҳангию илмии ин ду мамлакат ба авҷи дилхоҳи худ мерасад.   

Асомадинов М.А.

омӯзгори калони  кафедраи фалсафа ва

сиёсатшиносии ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур