Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур
Факултети Агробизнес 28.12.2012 10:10
    Шарипов Хуршед Буриевич,декани факултети агробизнес, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент     Факултет бо тақозои талаботи иқтисоди бозоргонӣ, соли 1997 таъсисёфта, кафедраҳои "Технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ", "Маркетинг ва агробизнес", "Таърих ва ҳуқуқ", "Забони русӣ" ва "Забони хориҷӣ"-ро фаро мегирад. Факултетро докторони илм, профессорон С.М.Гулов (1998-2002), Қ.Ғ. Қодиров (2002-2010), (Норов М.С.2010-2012) сарварӣ намудаанд. Аз соли 2015 ....
Факултети Боғдорӣ ва биотехнологияи 28.12.2012 10:10
     Ҳафизов Тоир Додоҷонович, декани факултети боғдорӣ ва биотехнологияи кишоварзӣ, номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент   Донишгоҳи меваю сабзавоти Осиёимиёнагӣ дар шаҳри Хуҷанд соли 1931 бо шӯъбаҳои меваю сабзавоткорӣ, токпарварӣ, ҳифзи наботот таъсис ёфта буд. Соли 1939 факултети меваю сабзавоткорӣ ташкил шуд, ки баъдан он бо факултети агрономӣ якҷоя гашта, моҳи феврали соли 1991 аз ....
Факултети Агрономӣ 28.12.2012 10:10
   Комилзода Анис Давлатҷон,декани факултети агрономӣ, номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент     Факултети агрономӣ нахустин факултети Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур буда, таърихи он бо раванди ташаккули донишгоҳ, ки соли 1931 дар заминаи Донишкадаи осиёимиёнагии меваю сабзавот дар шаҳри Хуҷанд таъсис ёфт, ҳамсон аст. Таърихи факултет бо санаи таъсисёбии донишгоҳ ва марому ....
Факултети баҳисобгирӣ ва молия 28.12.2012 10:10
ОЛИМОВ Аловиддин Хайруллоевич,декани факултети баҳисобгирӣ ва молия,номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Факултети баҳисобгирӣ ва молия дар асоси Қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон № 8\9 аз 03.04.2006 ва қарори Шӯрои илмии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон (суратҷаласаи № 5 аз 22.12. 2006) дар заминаи факултети иқтисодӣ аз 22.12. с.2006 таъсис дода шуд. Аз моҳи ....
Факултети Гидромелиоративӣ 28.12.2012 10:10
Декан: Сатторов Шаҳриёр Ҷаборович Факултети гидромелиоративӣ соли 1951 таьсис ёфтааст.Сарварии факултетро номзади илмҳои техникӣ, Сатторов Шаҳриёр Ҷаборович бауҳда дорад. Дар факултет аз рӯйи ихтисосҳои зерин мутахасис тайёр карда мешавад: 1-70040101-Сохтмони гидротехникӣ; 1-740501-Мелиоратсия ва хоҷагии об; 1-74050105-Истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои обӣ; 1-740501 2602-Беҳдошти замин ва менеҷменти хоҷагии об. Мутахассисони ин ихтисосҳо метавонанд дар объктҳои азими сохтмонии ....
Факултети Зооинженерӣ 28.12.2012 10:10
      Мастов Абдуҷабор Ҷурабекович,декани факултети зооинженерӣ, номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент    Дар пойгоҳи факултети агрономӣ соли 1943 шуъбаи зоотехникӣ  таъсис ёфт, ки соли 1943 ин шуъба ба  факултети зоотехникӣ ва баъдан соли 1976  ба  факултети зооинженерӣ табдил дода шуд. Дар факултет 5 кафедра, 2 зерсохтори илмии баландихтисосиомӯзгорону профессорон иборат аз 1 академики ИАХҚБЛ ....
Факултети Иқтисодӣ 28.12.2012 10:10
      Бобоев Шариф Қаноатшоевич,декани факултети иқтисодӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент     Соли 1963 дар асоси қарори махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоxикистон дар таркиби факултаи агрономӣ шуъбаи иқтисодиёти кишоварзӣ ташкил гардид, ки сарварии онро дотсент Шефтел Н.М. ба уҳда дошт. Аз соли 1966 ҳамчун ҷузъи мустақили донишкада ташкил карда шуд, аввалин сарвари он дотсент Қодиров ....
Факултети Механиконии кишоварзӣ 28.12.2012 10:10
Мирзоев Шамсулло Иззатовичдекани факултети механиконии кишоварзӣ,номзади илмҳои техникӣ, дотсент Факултет 1 сентябри соли 1946 таъсис дода шуда буд. Дар ҳамон сол аз рӯи ихтисоси механиконии кишоварзӣ ба сафи донишҷӯён 30 нафарро қабул намуд ва дар ҷумҳурӣ якумин даргоҳе гашт, ки дар он муҳандисони бомаҳорати соҳаи кишоварзӣ тайёр карда мешуданд. Ҳоло бошад ....
Факултети Тибби ветеринарӣ 28.12.2012 10:10
      Давлатмуродов Тоирҷон Мирзоалиевич, декани факултети тибби ветеринарӣ, номзади илмҳои ветеринарӣ, дотсент     Соли 1963 таъсис ёфтааст, дорои 5 кафедра: «анатомияи  нормалӣ, патологӣ бо ҳистология ва физиологияи патологӣ», «фармакология  ва паразитология», «микробиология ва эпизоотология», «ҷарроҳӣ, қобилагӣ ва касалиҳои дарунии ғайрисироятии ҳайвонот» ва «беҳдошти ветеринарӣ» мебошад. Факултет зиёда аз 4500 нафар мутахассиси баландихтисосро тайёр намудааст. Ҳоло ....
Факултети Идораи замин ва геодезия 28.12.2012 10:10
Мирзоев Мирасил Маҳмадназарович, декани факултети идораи замин ва геодезия,номзади илмҳои техникӣ, дотсент Факултети идораи замин ва геодезия бо қарори Шӯрои олимони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва фармоиши ректори донишгоҳ №44 аз 14.08.2019, дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷистон № 03/1-1233, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷистон № 1/6-2038 ....