Факултети Гидромелиоративӣ
Декан: Сатторов Шаҳриёр Ҷаборович
Факултети гидромелиоративӣ соли 1951 таьсис ёфтааст. Сарварии факултетро номзади илмҳои техникӣ, Сатторов Шаҳриёр Ҷаборович бауҳда дорад. Дар факултет аз рӯйи ихтисосҳои зерин мутахасис тайёр карда мешавад:
- 1-70040101-Сохтмони гидротехникӣ;
- 1-740501-Мелиоратсия ва хоҷагии об;
- 1-74050105-Истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои обӣ;
- 1-740501 2602-Беҳдошти замин ва менеҷменти хоҷагии об.
Мутахассисони ин ихтисосҳо метавонанд дар объктҳои азими сохтмонии гидротехникӣ, системаҳои гидромелиоративӣ, корхонаҳои сохтмону хоҷагии оби ноҳияҳо ва вилоятҳо, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намоянд.
Дар сохтори факултет 4 кафедраи тахассусӣ, 1 кафедраи умумитехникӣ, 1 кафедраи умумидонишгоҳӣ ва 1 озмоишгоҳи соҳавӣ амал карда истодаанд.
Дар кафедраҳои «Мелиоратсия, таҷдидсозӣ ва ҳифзи замин», «Истифодабарии системаҳои гидромелиоративӣ», «Сохтмони иншооти гидротехникӣ», «Заминсозӣ», «Механикаи сохтмон ва гидравлика», «Физика » 53 нафар омӯзгор, аз он ҷумла, 5 нафар профессор, 9 нафар номзади илм, дотсентон, 19 нафар омӯзгори калон, 20 нафар ассистент кору фаьолият карда истодаанд. Инчунин, факултет дорои бинои таълимии алоҳида, синфхонаҳо, озмоишгоҳҳои замонавӣ, толори иноватсионӣ, майдончаҳои тамсила, 2 маркази компютерӣ, маркази геоинформатсионӣ, озмоишгоҳи харитасозии рақамӣ, озмоишгоҳи иттилооти геодезӣ бо шабакаи интернети бовусъати алоҳида, таҷҳизот, асбобу анҷоми замонавӣ ва махзани махсуси китобҳои техникӣ мебошад.
Омӯзгорони факултет баланд бардоштани сифати таълимро вазифаи аввалин дараҷаи худ дониста, барои тайёр кардани кадрҳои баландихтисосӣ ба талаботи ҳозира ҷавобгӯ пайваста кӯшиш бахарҷ медиҳанд.
Самти фаъолияти илмӣ-тадқиқотии факултет вобаста ба равияи кафедраҳо дар мавзуъҳои «Кор карда баромадани технология ва техникаи ҳозира замони обсарфкунанда, заминҳифзкунанда ва аз ҷиҳати экологӣ манфиатноки обёрии зироатҳои кишоварзӣ», «Таъсири ислоҳоти замин ба самарнок истифодабарии заминҳои корам", « Баҳодиҳии ҳолати техникии конструксияҳои иншооти гидротехникӣ»-ро дарбар мегирад ва ба ҳар як кафедра зермавзӯъ вобаста карда шудааст.
Ихтисосҳои Факултети Гидромелиоративӣ