ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОТЕМУР

Факултети Агробизнес

 

Декан: Шарипов Хуршед Буриевич, н.и.ф., дотсент

Факултет бо  тақозои талаботи иқтисоди бозоргонӣ,  соли 1997 таъсис ёфта, кафедраҳои "Технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ", "Маркетинг ва агробизнес", "Таърих ва ҳуқуқ", "Забони русӣ" ва "Забонҳои хориҷӣ"-ро фаро мегирад. Факултетро докторони илм, профессорон  С.М. Гулов (1998-2002 ва 2012-2015),  Қ.Ғ. Қодиров (2002- 2010) ,( Норов М.С.2010-2012), сарварӣ намудаанд.

Аз  соли 2015 инҷониб дотсент Шарипов Х.Б. роҳбарии факултетро бар уҳда дорад. Айни ҳол дар факултет олимони шинохтаи тоҷик, узви вобастаи АИ ҶТ Қ. Алиев, докторони илм, профессорон С.М.Гулов, Т. Т.Пиров, А.Ф. Салимов, М. Каримов, Қ. Қодиров, дотсентон Р.С. Бобохонов, М. Бобохонов, Н. Ахмедов,Х.Б.Шарипов, К.И. Шукуров, Ф.Холов, С.Одинаев, З.Ҷ. Додарбеков  ва дигарон ба донишҷӯён дарс мегӯянд.

Факултет бо як қатор корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ, аз қабили фабрикаҳои шароббарорӣ, консервакунонӣ, коркарди гӯшту шир ва ғайраҳо робитаи мустаҳками истеҳсолӣ дошта, дар баланд бардоштани малакаю маҳорати касбии донишҷӯён аз онҳо самаранок истифода мебаранд.

Дар факултет оид ба усулҳои хушк  намудани меваҷоту сабзаҷот ва роҳҳои самарабахш нигоҳ доштани он дар шароити ноҳияҳои ҷумҳурӣ тадқиқоти илмӣ бурда мешавад.

  Факултет аз рӯи чор тахассус:

  • маркетинг ва ташкилотчии агробизнес;  

  • технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди меваю сабзавот;  

  • ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ;

  • технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ-иқтисодчи, менеҷмент;  мутахассисон тайёр мекунад.

Дар факултет таълим аз рӯи таҳсилоти бисёрзинагӣ ба роҳ монда шудааст:

  • Бакалавр- 4 сол;  

  • Магистер- 2 сол

Факултет дорои озмоишгоҳои зерин мебошад:

  • Технологияӣ нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ

  • Бехатарии маҳсулоти кишоварзӣ

Факултет бо назардошти ҷавобгӯ будани сатҳи таълим ба стандарти ҷаҳонӣ бо донишгоҳои Аврупо, Осиё, Амрикою  ташкилотҳои байналмилалӣ ва ватанӣ ба монанди   TEMPUS, ERASMUS MUNDUS, ITEC, DAAD ҳамкорӣ дорад.

Ихтисосҳои Факултети Агробизнес