ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОТЕМУР

Факултети Боғдорӣ ва биотехнологияи


Декан: Эмомов Холмумин Абдушукурович, н.и.к., дотсент

Донишгоҳи меваю сабзавоти осиёимиёнагӣ дар ш. Хуҷанд соли 1931 бо шӯъбаҳои меваю сабзавоткорӣ, токпарварӣ, ҳифзи наботот таъсис ёфта буд. Соли 1939 факултети меваю сабзавоткорӣ ташкил шуд, ки баъдан он бо факултети агрономӣ якҷоя гашта, моҳи феврали соли 1991 аз нав чун факултети мустақил ба фаъолият шурӯъ намуд. Аз соли 2013 то инҷониб сарварии  факултетро номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент Эмомов Х.А. ба ӯҳда дорад. Дар факултет аз рӯи 6 ихтисос мутахассис тайёр карда мешавад. 

Меваю сабзавот ва ангурпарварӣ, ҷангалпарварӣ, ҳимояи наботот, пиллапарварӣ, бунёди чаманзор ва агроном, боғпарвар, иқтисодчӣ -менеҷмент. Аз соли 1991 то имрӯз факултет зиёда аз 2500  нафар мутахассис тайёр карда, ба истеҳсолот равона кардааст. Ҳоло дар факултет зиёда аз 500 нафар донишҷӯён таҳсил намуда,  донишҷӯёни аълохон имконияти ба хориҷа рафта, таҳсилро давом додану таҷрибаомӯзӣ намудан доранд. Хатмкунандагони аълохон ҳамасола ба аспирантура тавсия карда мешаванд.  

 Айни замон дар факултет 1 узви пайвастаи АИ КТ, 7 доктори илм, профессорон, 12 номзади илм, дотсентон, омӯзгорони  калон ва ассистентон кор мекунанд. Дар сохтори факултет Пажӯҳишгоҳи тадқиқотӣ-илмии биотехнология амал мекунад. Устодону кормандони факултет дар ҷумҳурӣ  аввалин  шуда,  бо  усули микроклоналӣ парвариш намудани картошкаи  бевирусро дар истеҳсолот ҷорӣ намуда, барои кашфиётҳои илмӣ соҳиби беш аз 27 шаҳодатномаи ихтироотӣ гаштаанд. 

Аз давраи ташкилёбии факултет то имрӯз 8 устоди факултет рисолаи докторӣ ва 13 нафар рисолаи номзадиро ҳимоя намудаанд, ки боиси ифтихор аст, кашфиётҳои олимон дар соҳаҳои меваю  сабзавотпарварӣ, ситрусипарварӣ,  ҳимояи наботот, физиологияи растанӣ ва биотехнология дар намоишгоҳҳои ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ сазовори ҷоизаҳо  гардидаанд.

Ҳоло  оиди рушди соҳаи боғу токпарварӣ, сабзавотпарварӣ ва ҷангалпарварӣ корҳои илмӣ тадқиқотӣ ба роҳ монда шудаанд. Факултет бо озмоишгоҳҳо, синфхонаҳо, майдончаи таҷрибавӣ таъмин буда, онҳо бо асбобу воситаҳои аёниву техникӣ мувофиқи имкониятҳои мавҷуда таҷҳизонида шудаанд. Дар сохтори факултет инчунин озмоишгоҳҳои биоинсектикӣ, гулпарварӣ, ситруспарварӣ ва ҳимояи наботот, ки барои  дарсҳои амалию таҷрибавӣ муқаррар шудаанд, фаъолият доранд.

  

Дар факултет айни замон 5 кафедра фаъолият менамоянд: меваю сабзавот ва ангурпарварӣ, хоҷагии ҷангал ва бунёди чаманзор, ҳимояи наботот, пиллапарварӣ, физиологияи растанӣ ва биотехнология. Дар кафедраҳои мазкур олимон ва устодони соҳибтаҷриба фаъолият намуда, ба таълиму тарбияи донишҷӯён ва таёр намудани мутахассисони варзидаи муҷтамеи агросаноатӣ машғуланд.    

Ихтисосҳои Факултети Боғдорӣ ва биотехнологияи