ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОТЕМУР

Факултети Иқтисодӣ

Декан: Бобоев Шариф Қаноатшоевич, н.и.и., дотсент

Соли 1963 бори нахуст ҳамчун шӯъбаи факултаи агрономӣ (иҷрокунандаи вазифаи сарвар, дотсент Шетел Н.М.) ва аз соли 1966 ҳамчун ҷузъи мустақили донишкада ташкил карда шуд. Сарвари нахустин дотсент Қодиров Ч.К. буд. Аз соли 1979 то 1983 факултетро дотсент Манякин А.Г. роҳбарӣ мекард. Соли 1983 вазифаи сарвариро Х.А. Аҳтамов ба уҳда дошт.

Аз соли 1984 то соли 1994 вазифаи декани факултетро дотсент М.С.Набиева ба зимма дошт. Аз соли 1994 то сентябри соли 2002 факултетро д.и.и., профессор, узви вобастаи Академияи байналхалкии мактабҳои олӣ Р.Х.Эргашев,  аз сентябри 2002- 2004 вазифаи декани факултетро дотсент Самандаров И.Ҳ., 2004-2007 вазифаи декани факултетро д.и.и., профессор Пириев Ҷ.С. ба зимма доштанд, дотсент Баева Н.Х., 2007-2015 ба зимма доштанд. Аз соли 2015 вазифаи декании факултетро дотсент Бобоев Ш.Қ. иҷро карда истодааст.

Собиқадорони факултет Мадаминов А.А., Миркамолов А., Мирзоев Т.М., Носиров Р., Кароматуллоева Р., Юсупова Д.С., зумраи дигари онҳо ба мисли М.У. Розиқов., Х.А. Манякин., Д.К. Аҳтамов., Т.К. Қурбонов ҳоло дар қайди ҳаёт нестанд.

Ба сохтори факултет 4 кафедра: " Ташкили  истеҳсолот  дар  корхонаҳои КАС" (1931), "Иқтисодиёти КАС" (1931), "Назарияи иқтисодӣ" (1964), "Менеҷмент ва соҳибкорӣ" (1978) шомиланд, ки дар онҳо зиёда аз 50 устоди пуртаҷриба, аз ҷумла, 4 профессор,  15  номзади илм, дотсентон кор мекунанд.

То соли 1977 факултети иктисодӣ танҳо иқтисодчӣ тайёр мекард. Ҳоло менеҷеронро низ тайёр менамояд. Агар то соли 1972 хатмкардагони факултет тахассуси агроном-иқтисодчии олӣ мегирифта  бошанд,  ҳоло  факултет  барои соҳаи кишоварзӣ аз рӯи ихтисосҳои иқтисодчӣ-ташкилотчӣ, иқтисодчӣ-менеҷер, бакалавру магистрҳои баландихтисос низ тайёр менамояд. Пойгоҳи моддию техникии факултет солҳои охир хеле мустаҳкам гардид. Дар факултет зиёда аз 25 нафар аспирантон ва унвонҷӯён рисолаҳои номзадии худро дифоъ карда, соҳи- би номзади илмҳои иқтисодӣ шудаанд.

Дар факултет аз рӯи ихтисосҳои " Иқтисодиёти  истеҳсолоти  кишоварзӣ", "Идоракунӣ дар  КАС" ҷавонон  ба донишандӯзӣ фаро гирифта шудаанд. Мутахассисони иқтисодиёти истеҳсолоти кишоварзӣ метавонанд дар корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои илмӣ кишоварзӣ  фаъолият карда, дар ташкил намудани раванди истеҳсолот саҳми худро гузоранд. Хатмкардагони ихтисоси идоракунӣ дар  муҷтамеи агросаноатӣ бошанд, усулҳои беҳтарини идоракунии истеҳсолот ва захираҳои моддӣ техникӣ, меҳнатӣ ва молиявиро омӯхта, онро дар истеҳсолоти кишоварзӣ ҷорӣ менамоянд.

Омӯгорони факултет доимо кӯшиш менамоянд, ки принсипҳои асосии иқтисодиёти бозоргониро ба донишҷӯён  омӯзанд.  Бо  мақсади иҷрои ин вазифаи муҳим дар факултет профессорону омӯзгорони варзида  Мадаминов А., Пириев Ҷ., Шарофов У., Баева Н.Х., Исломов Ғ., Носиров Р., Назаров Ш., Юсупова Д., Дустмухамедова М., Мирзоев Т., Анваров М., Каримова Р., Миркамолов А., Раҳимов Х., Пиров Б. ва дигарон ҷалб карда шудаанд.

Ислоҳоти куллии низоми таҳсилоти олии касбӣ, ки дар ҶТ бо ташаббус ва таҳти роҳбарии бевоситаи Президенти мамлакат амалӣ гардида истодааст, ба болоравии сифати таълим ва тайёр намудани мутахассисони варзида мувофиқи талаботи стандартҳои байналхалқии таҳсилот ва воридшавии мактабҳои олии кишвар ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ равона  карда шудааст.

Аввалин шуда дар донишгоҳ ихтисоси идоракунӣ дар КАС ба таҳсили низоми кредитӣ гузаронида шуд. Хусусияти хоси ин низоми таҳсил дар он зоҳир мегардад, ки ба ташкил ва назорати иҷрои кори мустақилонаи донишҷӯён диққати махсус дода мешавад. Баҳогузорӣ ба кори мустақилонаи донишҷӯён, ба эътибор гирифтани натиҷаи он дар рафти имтиҳонҳои ҷамъбастӣ онҳоро водор месозад, ки ҳамарӯза бо тайёрии хуб ба дарс ҳозир шаванд.

Садорат ва коллективи омӯзгорони факултет баланд бардоштани сифати таълимро вазифаи аввалиндараҷаи худ дониста, дар тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси ба талаботи замон ҷавобгӯ доимо кӯшиш ба харҷ  медиҳанд.

Барои   баланд бардоштани дараҷаи донишандӯзии донишҷӯён дар кафедраҳои факултет матни лексияҳо пайваста такмил дода шуда, як қатор дастурҳои методӣ барои гузаронидани дарсҳои амалӣ, таҷрибавӣ, корҳои мустақилонаи донишҷӯён, иҷрои корҳои (лоиҳаҳо)  курсӣ ва таҷрибаомӯзии таълимию  истеҳсолӣ тайёр карда шудаанд. Коллективи профессорону омӯзгорони факултет доимо кӯшиш менамоянд, ки принсипҳои асосии иқтисодиёти бозоргонӣ ва  усулҳои беҳтарини идоракуниро ба донишҷӯён таълим диҳанд.

Омӯзгорон мувофиқи нақшаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар мавзӯи "Масъалаҳои баланд бардоштани самаранокии иқтисодии истифодабарии захирахои истеҳсолии    хоҷагии халқ" корҳои илмӣ   тадқиқотӣ бурда истодаанд.

Бо мақсади омӯзиши ҳолати ҳозираи тараққиёти кишоварзии ҷумҳурӣ ва таҳлил намудани роҳҳои асосии рушди устувори соҳаҳои кишоварзӣ, дар асоси таҳлили нишондиҳандаҳои ҳақиқӣ ва амалии хоҷагидорӣ ба ҳар як кафедра қисми мавзӯъ вобаста карда шудааст.

Дар кафедраҳо барои муайян намудани самаранокии иқтисодии соҳаҳои кишоварзӣ, ба монанди ҷорӣ намудани технологияи бепартов, таъминот бо воситаҳои асосии истеҳсолот, беҳтар намудани инфраструктураи истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ, истифодабарии кадрҳои соҳаи кишоварзӣ тадқиқот бурда истодаанд.

Барои коллективи кафедраҳои факултет корҳои тарбиявӣ дар байни донишҷӯён қисми муҳим ва таркибии фаъолият ба ҳисоб рафта,ба он диққати    махсус дода мешавад. Дар ин самт доимо аз тарафи омӯзгорони факултет чорабиниҳо  гузаронида мешаванд, ки барои баландшавии маданият ва ҳисси худшиносии ҷавонон мусоидат хоҳад кард.

Омӯзгорони факултет инчунин дар байни донишҷӯёни таҳсили ғоибона шаклҳои гуногуни корҳои тарбиявиро ташкил менамоянд. Доимо пеш аз гузаронидани чорабиниҳои фарҳангию  сиёсӣ ва ҷашнҳои соҳавӣ ба монанди Меҳргон, Сада, Наврӯз рӯзномаҳои деворӣ таҳия намуда, дар саҳифаҳои онҳо оиди масъалаҳои баррасишаванда маълумот дарҷ мегарданд.

Дар омодасозии чорабиниҳои мазкур донишҷӯён низ баробари устодон саҳми худро мегузоранд. Мақсади корҳои таълимӣ ва илмӣ тадққиқотӣ дар асоси таҳлил ва омӯзиши ҳолати ҳозираи тараққиёти кишоварзии ҷумҳурӣ муайян намудани роҳҳо ва усулҳои нави самараноки тараққиёти устувори кишоварзӣ  дар асоси тараққиёти ҳақиқӣ ва амалии хоҷагидорӣ ба ҳисоб меравад.

Ихтисосҳои Факултети Иқтисодӣ