ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР

Факултети механиконии кишоварзӣ


 

Аҳмадов Баҳромҷон Раҷабович,
декани факултети механиконии кишоварзӣ,
доктори илмҳои техникӣ, профессор

 

 

Факултет 1 сентябри соли 1946 таъсис дода шуда буд. Дар  ҳамон сол аз рӯи ихтисоси  механиконии кишоварзӣ ба сафи донишҷӯён 30 нафарро қабул намуд ва дар ҷумҳурӣ якумин даргоҳе гашт, ки дар он муҳандисони бомаҳорати соҳаи кишоварзӣ тайёр карда мешуданд. Ҳоло бошад факултет аз рӯи се  аз рӯи 6  ихтисос  740601 – «Таъмини техникии равандҳои истеҳсолоти кишоварзӣ», 7406050102 – «Барқикунонӣ  ва автоматикунонии кишоварзӣ», 740602 – «Таъмини техникии равандҳои  механиконӣ ва  коркарди маҳсулоти кишоварзӣ» ва 74063601 2501 -  «Муҳандиси мошинсоз-менеҷмент», 74060301- «Ташкил ва технологияи хизматрасонии техникӣ», 74060302 – «Бехатарии раванди технологӣ ва истеҳсолот» мутахассис тайёр менамояд. Бояд қайд намуд, ки соли таҳсили ҷорӣ  аввалин бор ба ихтисоси 74060302 – «Бехатарии раванди технологӣ ва истеҳсолот» донишҷӯ қабул карда шуд. Айни  ҳол ба сохтори факултет 7 кафедра шомил  буда дар онҳо 60  нафар устодони ботаҷриба меҳнат мекунанд, ки 34 нафари онҳо профессорон ва дотсентон мебошанд.   Кафедраи математикаи олӣ мудир, дотсент Раҳмонов Х.Б., воситаҳои энергетикӣ ва бехатарии меҳнат мудир, дотсент Камолов Т.М., мошинҳои кишоварзӣ ва механиконии коркард мудир,  н.и.т.  Ҳоҷиев Б.Б., механикаи назариявӣ ва графикаи муҳандисӣ и.в.мудир,  н.и.к.  Юнусова С.С.,  кафедраи барқикунонӣ ва автоматикунонии кишоварзӣ дотсент Мирзоев Ш.  хизматрасонии техникӣ ва таъмири мошинаҳо, мудир, н.и.т. Амиров Н.Р., ва тарбияи ҷисмонӣ  мудир Ҳомидов Э.

Нуфузи донишҷӯёни факултет 1000 нафарро аз ҷумла 530  нафар шартномавӣ, 444 нафар буҷавӣ ташкил медиҳад. Шумораи духтарон 19 нафар, квотаи Президентӣ 26 ва ятими кул 4 нафар мебошанд. 

Олимони факултет дар ду мавзӯи илмӣ «Тарҳрезӣ ва такмилдиҳии сохти мошинҳо, барои механиконии маҷмӯи амалиётҳои технологии парвариши пахта ва ҷуворимакка»  ва «Тарҳрезӣ ва такмилдиҳии технологияҳо ва мошинҳои энергиясарфакунанда»  корҳои илмӣ таҳқиқотӣ мегузаронанд. Ҳайати омӯзгорону профессорон дар тули фаъолиятии илмии хеш соҳиби   80  патенту шаҳодатномаҳои муаллифӣ ва 210 таклифҳои ратсионализаторӣ, зиёда аз 1850 кори илмию методиро аз нашр намудааст. Барои боз ҳам мукаммал гардидани раванди таълим устодони варзида 60 китоби дарсӣ, 200 дастури услубӣ, 920  мақолаи илмӣ аз чоп баровардаанд.

 

Чунин ихтироъҳои назаррас ба монанди: «Чӯяни антификсионии аустинитӣ ва маргансдор», «Мошини анҷибарғундорӣ», «Мошинҳои решакан ва реза намудани ғӯзапоя», «Мошинаи резондани барги ниҳоли пахта», «Комбайни ғаладарави дар нишебиҳо коркунанда», «Тухмипошаки хурди универсалӣ», «Тухмипошаки дастӣ»,  «Хӯроктақсимкунаки ҳавоӣ», «Таҷҳизоти истеҳсоли биогаз ва хушккунаки индуксионӣ», «Мошинаи буғкунии хӯроки чорво», «Пулуги дастӣ», «Мошини муштараки  КМ1.8  «Кишоварз» барои кишти зироатҳои ғалладонагӣ, «Мошини муштараки  КМ 2.4  «Кишоварз» барои кишти зироатҳои каландшаванда,  Мошини шоликӯбак, Мошин барои бирён кардани зироатҳои лӯбиёгӣ, Мошини муштарак барои боғҳои интенсивӣ  КМИС-1.8, Мошини муштараки КУБ-3,5 «Кишоварз»   ва бисёр дигар мошину механизмҳо ба маҳсули зеҳнии олимони факултет мансуб аст.

Дар солҳои фаъолият дастпарварони факултет 14  рисолаи докторӣ ва зиёда аз 60 рисолаи номзадиро дифоъ намудаанд. Факултет бо бисёр мактабҳои олии Федератсияи Руссия, аз ҷумла Академияи хоҷагии қишлоқи ба номи Тимирязеви ш. Москва, Донишгоҳҳои аграрии шаҳрҳои Санкт-Петербург, Волгоград. Саратов, Челябинск, Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Туркманистон, Қазоқистон, Институти илмӣ-тадқиқотии механиконӣ ва барқикунонии кишоварзии ш. Санкт-Петербург, Воронежи  Федератсияи Русия ва Донишкадаи  техникии Бойти шаҳри Берлин  алоқаҳои мустаҳками илмӣ ва таълимию методӣ дорад. Ҳамзамон барои босифат ташкил намудани таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ факултет бо 25 корхонаву муассисахои ватанӣ шартномаҳо дорад.

Факултет то имрӯз зиёда аз 7500 мутахассисони баландихтисоси муҳандиси соҳаи кишоварзиро тайёр ва барои кор ба дунёи бехатари муҷтамеи агросаноатии ҶТ ва берун аз марзи он равона кардааст.

 

Факултет  дорои ду озмоишгоҳи илмӣ, маркази компютерӣ, 15 озмоишгоҳи  таълимӣ, як парки  техникаи   кишоварзӣ,  заводи  хурди коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, Бюрои конструкторӣ, Маркази дарёфти рушди истеъдодҳо ва синфхонаҳои  махсуси бо таҷҳизотҳои ҳозиразамон (тахтаи электронӣ, телевизор, стендҳои амалкунанда ва макетҳо)  мебошад. Илова бар ин барои  гузаронидани таҷрибаомӯзии таълимӣ  «Машқгоҳи ДАТ» амал менамояд, ки дар натиҷаи ниҳоӣ ба донишҷӯёни факултет  ҳуҷҷати ронандагии тракторҳо дода шавад,  ҳамзамон донишҷӯёни  факултет соҳиби шаҳодатномаи ронандагии  дараҷаи   В ва С  низ мегарданд. Яъне  пойгоҳи моддӣ техникии  факултет бо дастгирии раёсати донишгоҳ мустаҳкам шуда, сатҳи раванди таълиму тарбия баланд бардошта шудаст. Дар назди факултет ду озмоишгоҳи  илмӣ  «Агроинженерия»,  ва «Озмоишгоҳи соиш ва хурдашавии ҷузъҳои мошинҳо»  амал мекунад, ки дар он  олимони факултет  натиҷаҳои таҳқиқотҳои илмии хешро  натиҷабардорӣ  менамоянд. 

Саҳмгузорӣ намудан дар пешрафти Ватани азизамон ва баланд бардоштани обрӯю эътибори донишгоҳи маҳбубамон, ҳадафи асосии фаъолияти коллективи факултет мебошад.

  

 

 Ихтисосҳои факултети механиконии кишоварзӣ