ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОТЕМУР

Факултети Тибби ветеринарӣ

 Декан:Нурмадов  Қурбон, н.и.в., дотсент 

Соли 1963 таъсис ёфтааст, дорои 5 кафедра: «анатомияи  нормалӣ, патологӣ бо ҳистология ва физиологияи патологӣ», «фармакология  ва паразитология», «микробиология ва эпизоотология», «ҷарроҳӣ, қобилагӣ ва касалиҳои дарунии ғайрисироятии ҳайвонот» ва «беҳдошти ветеринарӣ» мебошад. Факултет зиёда аз 4500 нафар мутахассиси баландихтисосро тайёр намудааст. Ҳоло дар факултет 740 нафар донишҷӯён  аз рӯи ихтисосҳои зерин духтури тибби ветеринарӣ, духтури беҳдошти ветеринарӣ ва духтури ветеринарӣ – фармасевт таҳсил менамоянд.

 Дар факултет 40 нафар устод аз ҷумла 4 профессор, 15 номзади илм, дотсент ва 11 муаллими калон ва 10 ёвар муаллим барои таълиму тадриси донишҷӯён фаьолият доранд.

Алҳол  дар факултет устодони моҳиру соҳибтаҷриба ва ҷавонони болаёқат профессор Н.Ё Ёрбоев., Д.М Мирзоев., Ш.Р Мирзоаҳмадов., Н.Р Ҳасанов., дотсентон: У.Абдуллоев, Қ. Нурмадов., М.Р Сахимов., Қ.У Идиев., М.Ҷ Хоҷаев., Ф.Ф Раҳимов., И.Х.Иматшоев., Р.Ҳ Шодибоева., Т.М Давлатмуродов.,  Ш.Ҳ Назаров., М.М Каримов., М. Шарипов.,  И.М Шарофудинов., муаллимон: М.Қ Бобоева., Ш.С Соҳибов., А.Маҳмудов., Б.С Давлатов., Ф.Ф Зокиров., А. Одинаев., А. Сафаралиев., Ш.Ф Шеров., Ф. Сафаров., Р. Азизов., М.С Зоиров., С. Зайнуллоева., С. Исвалиев.,  С. Ҷӯраев., Г. Адҳамова., Абдуллоев Р., Тупалов А., Рабиев Ҳ., Асрорзода М., Холиқова А. фаьолият доранд.

Донишҷӯён таҷрибаомӯзии истеҳсолиро дар хоҷагиҳои пешқадами чорводорӣ, хоҷагии таълимӣ – таҷрибавии «Ҳисор», хоҷагҳои ба номи «Латиф Муродов», «Баракат» ва «Абдурауф Юсупов» ноҳияи Ҳисор мегузаранд.

Олимони факултет дар мавзӯи «Мониторинги эпизоотологии пешгирии касалиҳои сироятӣ ва инвазионии  ҳайвонот» корҳои илмӣ-тадқиқотӣ мебаранд. Корҳои илмии профессорон  Сатторӣ И., Ёрбоев Н., Мирзоев Д.М., Мирзоаҳмадов Ш., Ҳасанов Н., дотсентон Давлатмуродов Т., Идиев Қ., Иматшоев И.Х., оид ба пешгирӣ ва мубориза  бар  зидди касалиҳои сироятии одаму ҳайвонот равона карда шудааст, ки дорои 6 патент ва 10 шаҳодатномаи мулифи мебошанд.  Дар факултет 16 номгӯи китоб, 32 дастурҳои методӣ бо забони тоҷикӣ ва зиёда аз 30 мақола аз чоп бароварда шудаанд.