ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОТЕМУР

Илм

ИЛМ, дар баробари ҳалли вазифаи асосии донишгоҳ тайёр намудани мутахассисони баландпоя барои эҳтиёҷоти КАС-и ҷумҳурӣ ҳайати профессорон ва омӯзгорони донишгоҳ ба раванди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ аз рӯзҳои аввали таъсисёбии он аҳамияти хоса медиҳанд. Дар ин раванд бояд тазаккур дод, ки донишгоҳ дар баробари он, ки муассисаи таълимист дар ҷумҳурӣ дар як вақт яке аз марказҳои илмии боэътимод ба шумор меравад.

Аввалин дастовардҳои илмӣ маҳз маҳсули натиҷаи тадқиқотҳои илмии олимони ҳамин даргоҳанд. Бо назардошти ин таърихи илмии донишгоҳ як саҳифаи пурғано вати илму истеҳсолоти кишоварзии ҷумҳуриамонро ташкил медиҳад.

Дар солҳои аввали таъсис то солҳои 40-ум мавзӯи корҳои илмӣ-тадқиқотии олимони донишгоҳ бо тарҳрезии агротехникаи парвариши зироатҳои ғаллагӣ, пахта, юнучқа, ток, меваю сабзавот бахшида шуда буд. Ҳанӯз соли 1940 нақшаи корҳои илмии олимони донишгоҳ 20 мавзӯъро дар бар мегирифт. Аз соли 1946 сар карда ҷамъбасти корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар солҳои тақвимӣ муҳокима карда мешуданд. Олимони донишгоҳ дар конференсияҳои илмӣ, ки ба онҳо соли 1946 оғоз бахшида шудааст, бо маърӯзаҳо мунтазам баромад мекарданд.

Соли 1948 аввалин маротиба маҷмӯаи мақолаҳои илмии олимони донишгоҳ бо номи "Навиштаҷоти Донишкадаи хоҷагии кишлоқи Тоҷикистон" бо 19 мақола аз чоп баромад. Олимони донишгоҳ дар хонданбоб гаштани маҷаллаи илмӣ-истеҳсолии Вазорати хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон "Хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон" (соли таъсисаш 1948) саҳми босазое гузоштаанд.

Дар солҳои баъдиҷангӣ дар баробари масъалаҳои номбаршуда ба мавзӯи тадқиқотҳои илмӣ масъалаҳои парвариши анҷибар, гулкарам ва механиконии зироаткорӣ, интродуксияи зироатҳо илова шуданд. Соли 1957 аз рӯи 45 ва соли 1962 аз рӯи 66 мавзӯъ тадқиқотҳои илмӣ гузаронида мешуд ва дар амалӣ гардонидани онҳо мутаносибан 62 ва 102 нафар омӯзгор иштирок мекарданд. Дар ин солҳо омӯзгорони кафедраҳои ҷомеашиносӣ ба корҳои илмӣ ҷалб карда шуданд. Олимони факултети зоотехникӣ ба масъалаи мукаммалгардонии зотҳои мавҷудаи чорвои хоҷагии қишлоқ ва мубаддалгардонии чорвои каммаҳсули ҷойдорӣ ба сермаҳсул машғул буданд.

Дар солҳои 50-60- ум олимони донишгоҳ аз рӯи натиҷаҳои корҳои илмӣ- тадқиқотиашон ба гирифтани 11 шаҳодатномаи муаллифӣ мушарраф гардонида шуданд.Дар солҳои 60-70-ум ва минбаъд омӯзиши маҷмӯи масъалаҳои хоҷагии қишлоқи ҷумҳурӣ дар доираи соҳаҳо: агрономӣ, ҳимояи наботот, зоотехникӣ, тибби ветеринарӣ, тарҳрезии масъалаҳои рушдбахши истеҳсолот ва беҳтар намудани сифати маҳсулоти соҳа, интродуксия, корҳои селексионӣ, ҳалли масоили кимиёкунонӣ, механиконӣ, гидромелиоративӣ, технология, таъмир ва иқтисодиёти истеҳсолоти кишоварзӣ масъалаҳое буданд, ки мавриди тадқиқоти олимони донишгоҳ қарор дода шуда буданд.

Дар соли 1969 якумин қисмати сохтории донишгоҳ озмоишгоҳи "Ғизои минералии чорвои хоҷагии қишлоқ" таъсис дода шуд, ки роҳбариашро профессор Ғаффоров А. Қ. ба ӯҳда дошт. Дар тӯли ин солҳо маҳсулнокии корҳои илмӣ ва шумораи иштирокчиёни он меафзуданд. Масалан, агар дар соли 1969 ҳамчун маърӯзачӣ дар конференсияҳои илмӣ 47 омӯзгор иштирок карда бошад, пас дар соли 1970 шумораи онҳо ба 91 расидааст.

Барои ин солҳо дар фаъолияти илмӣ равонасозии тамоми иқтидори зеҳнӣ ба ҳалли масъалаҳои актуалии про гресси илмӣ-техникӣ, васеъгардонии тадқиқотҳои маҷмӯӣ, мустаҳкамгардонии алоқаи илм бо истеҳсолот хос аст.

Донишкада дар кулли мавридҳо дар ин солҳо ташкилкунанда ва иштирокчии фаъоли конференсияҳои илмӣистеҳсолӣ буд, ки онҳо ба ҳалли масоили соҳаҳои мухталифи истеҳсолоти кишоварзӣ, истифодаи таҷрибаи пешқадами истеҳсолоти кишоварзии минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ оид ба ирригатсия, мелиоратсия, иқтисодиёт ва ташкили хоҷагии қишлоқ баромад намудааст.

Дар ҳамон солҳо аз рӯи натиҷаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ корҳои зерин ҳаллу фасли худро ёфтанд:

Ихтирои типи нави тоҷикии швитсизебуии чорво (Горбунов Н.);Тарҳрезии технологияи тайёр намудани биопреппаратҳо ба муқобили нағзаки бузҳо (Ванновский Т. Я.); Ихтирои навъҳои нави пахтаи миёнанах ТСХИ-63, ТСХИ-65 (Нагибин Я. Д., Ҳайдаров Э. Ҳ.); Ихтирои навъи нави гандуми тирамоҳӣ "Сурхак юбилейный" (ЕрмоленкоА. П.); Усул ва мукаммалгардонии роҳҳои муайянкунии миқдори нитроген ва микроэлементҳо (Мешеряков А. М., Ҷуманқулов Ҳ. Қ.);

Интихоби зироатҳои мобайнии нашъунамои зимистона дар системаи дар давоми сол пурра истифода бурдани заминҳои обӣ, агротехникаи шолӣ, реҷаи обию ҳавои хокҳо (Нурматов А. Н., Қаюмов Ғ. Қ., Гулмамедова Н. Н.); Ихтирои зоти нави гуштӣравғанӣтва пашмии тоҷикии гӯсфанд (Алиев Ғ.А.); Муайян намудани миқдори микроэлементҳо дар хӯрокаҳою маводҳои биологӣ ва таъсири онҳо ба маҳсулнокии чорво (Ғаффоров А. Қ.);

Мукаммалгардонии усулҳои мубориза бар зидди касалиҳои сирояти хун (Авессаломов И. С); Таҳрезӣ ва тавсиянома оид ба системаи чорабиниҳои нигоҳдории тандурустӣ- диспансеризатсияи ҳайвони калони шохдор ва истифодаи флюорографии рентгенӣ ва дигар методҳо (Мустақимов Р. Т.); Усулҳои самараноки мукаммалгардонии дохили зотии гӯсфандони ҳисорӣ (Форсихонов С. И,); Тарҳрезии усулҳои самараноки мубориза бар зидди фузариоз ва дигар касалиҳои пахта (Менликиев М. Я);Ихтирои чӯянҳои нави ба хӯрдашавӣ устувор (Лядский В. Б.);Тарҳрезӣ ва тадбиқи усулҳои нави барқароркунии қисмҳои мошину олотҳо (Пулотов А,);Тайёр намудани намунаи таҷриба вии мошинаи анҷибарғундоранда, хуш ккунаки индуксионӣ ва тухмипошаки универсалӣ (Шукуров А., Мадалиев А., Попов А., Ахунов Т. И,); Технологияи гирифтани ду ҳосили дон дар як сол аз заминҳои обии минтақаҳои мухталифи хокию иқлимии ҷумҳурӣ (Қосимов Ҷ. Қ,);

Тарҳрезӣ ва татбиқи усули муборизаи интегратсионӣ бар зидди зараррасонҳои пахта (Муҳиддинов С. М,); Омӯзиши хусусиятҳои хоси физикии булурҳои моеъ (Бобоев А. С., Сабуров Б.С.); Тарҳрезии усулҳои нави обёрии заминҳои нишеб ва конструксияи системаи объёрӣ (Нурматов Н. К.); Тадқиқотҳо ва тадбиқи онҳо дар истеҳсолот оиди ҳисоби хоҷагӣ ва ҳавас мандгардонии маводи меҳнат (Мироқи лов Т.М., Солиев Х.С.) ва ғайраҳо.

Истиқлолияти давлатӣ, иқтисоди бозоргонӣ, шаклҳои гуногуни моликият ва истифодаи замин масъулияти олимони донишгоҳро боз ҳам афзуд. Бо назардошти ин ва бо мақсади дуруст ба роҳ мондани фаъолияти илмӣ дар сохтори идоракунии қисми илм тағйиротҳо ворид карда шуданд. Айни замон дар сохтори қисми илм шӯъбаҳои зерин мавҷуданд: шӯъбаи ташкил ва банақшагирии корҳои илмӣ (сардораш д.и.б., профессор Исмоилов М.И.), шӯъбаи танзими фаъолияти илмии донишҷӯён (Аминова Г.), шӯъбаи аспирантура (Назарова Ш.Б.), шӯъбаи табъу нашр (Аҳмадов Э.), ҷамъияти илмии донишҷӯён, Шӯрои олимони ҷавон (дотсент Олимов А.Х.), озмоишгоҳҳо, комиссияҳои ташхисӣ (апробатсионӣ), матбааи донишгоҳ, муҳандис- потентшинос (Абдуллоева С.), муҳосиб (Аъзамова М.). Тибқи Қарори Шӯрои илмӣ № 1 аз 26.09.2008 вази- фаҳои ҷонишини ноиби ректор оид ба илм ва ҷонишинони деканҳо оид ба илм низ ба ҷадвали вохидҳои корӣ ворид карда шудааст.

Фаъолияти илмии олимони донишгоҳ дар рушди илми кишоварзӣ ва пешниҳоди усулҳои навини тадқиқот дар самтҳои селексия ва технологияи парвариши зироату чорво, ба танзим даровардани реҷаҳои мухталифи хоку зироатҳо, ҳифзу табобати зироатҳои кишоварзӣ ва чорво аз касалиҳо ва организмҳои зараррасон, мукаммалгардонии мошину олотҳои кишоварзӣ, татбиқи усулҳои самараноки обмонӣ, хӯронидани чорво, бунёди боғҳои интенсивии нав, интродуксияи растаниҳо, татбиқи механизми усулҳои муфиди иқтисодӣ дар идоракунии истеҳсолоти кишоварзӣ ва ғ. бағоят назаррас аст. Дар ҳамаи зинаҳои тараққиёти ҷомеа мазмуну мундариҷаи корҳои илмӣ-тадқиқотии олимони донишгоҳ ба ҳалли масъалаҳои бунёдию амалӣ нигаронида мешуданд, ки маҳз аз талаботи истеҳсолоту вазифаҳои гузошташуда бармеомаданд.

Алҳол олимони донишгоҳ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар шароити ис- тиқлолияти давлатӣ, шаклҳои гуногуни моликият ва истифодабарии замин он масъалаҳоеро таҳқиқ намоянд, ки ба рушди истеҳсолот дар давраи гузариш ба иқтисоди бозоргонӣ мусоидат намуда, каммасрафу обу энергия захиракунанда бошанд ва бешубҳа барои болоравии иқтисодиёти кишвар заминаи боэътимод гузоранд.

Мувофиқи нақшаи дурнамои КИТ ва дар асоси нақшаи тақвимии тасдиқшуда дар донишгоҳ аз рӯи 14-17 мавзӯъ корҳои илмӣ-тадқиқотӣ гузаронида мешаванд. Аз он ҷумла, дар факултети агрономӣ иҷрои КИТ аз рӯи 3 мавзӯъ, зоотехникӣ 2, механиконии кишоварзӣ 1, гидромелиоративӣ2, тибби ветеринарӣ 2, боғдорӣ ва биотехнологияи кишоварзӣ 2, иқтисодӣ 1, агробизнес 1 ва ИИТ "Биотехнология" 2 мавзӯъ ба нақша гирифта шудааст.

Аз ҳисоботи роҳбарони мавзӯъҳои КИТ бармеоянд, ки дастовардҳои илмӣ дар самтҳои зерин назаррасанд:

– мукаммалгардонии технологияи гирифтани ду ҳосили дон аз заминҳои корам бо истифодаи зироатҳои ғайрианъанавӣ (лӯбиёи чинӣ, мош, чормағзи заминӣ, марҷумак, офтобпараст, шолӣ ва ғайра) бо роҳбарии профессорон Қосимов Ҷ.Қ., Набиев Т.Н.;

– ба роҳ мондани технологияи парвариши пахтаи ангорӣ ва гирифтани ду ҳосили дон ва пахта дар системаи киштгардонҳои кӯтоҳдаври пахтаю зиро атҳои ғалладонагӣ устодони кафедраи зироаткории умумӣ ва истеҳсоли хӯроки чорво бо роҳбарии профессор Сардоров М.Н.;

– ба даст овардани навъҳои пахтаи миёнанахи "Ҳисор" (дар ҳамкорӣ бо Институти зироаткорӣ) ва "Суғдиён-2", қаторҳои (линияҳои) навьи пахтаи "Зарафшон-1", "Зарафшон-2" ва ба инспексияи давлатии навъсанҷӣ супоридани навъи нави пахтаи миёнанахи "Ҳулбук" - устодони кафедраи "Пахтапарварӣ, генетика, селексия ва тухмипарварӣ" бо роҳбарии дотсент Алямов А. ва профессор Расулов С.;

– ихтирои навъҳои нави зироатҳои ғалладонагӣ-гандуми мулоим - "Моҳи нав" (профессорон Бобоҷонов В.А., Исмоилов М.И. ва дотсент Расулов Б . Р .), ва " Ваҳдат", гандуми сахт "Дустӣ" ва тритикале "Истиқлол" бо роҳбарии профессорон Муминҷонов Ҳ.А. ва Маҳмадёров У.М., ки ба инспексияи давлатии навъсанҷӣ супорида шудаанд;

– технологияи коркард ва нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ (пиёз) профессор Пиров Т.Т.; ба даст овардани маводи тухмии беҷирми картошка н.и.б. Анварова М.;

– ихтирои мошинаҳою механизмҳои хӯроктақситмкунандаи чорво - ЭКЗ-1, хушккунаки индуксионии ИСШ-1-и маҳсулоти кишоварзӣ (меваю сабзавот) дотсент Мадалиев А.М.;

– ихтирои тухмипошаки универсалӣ профессор Ахунов Н. ва диг.;

– ихтироъ ва ба роҳ мондани препаратҳои микробиологию кимиёвӣ барои пешгирӣ ва муолиҷаи ҳайвонот ва зироатҳои кишоварзӣ ("Субтилбен", ДС-1100, "Шодмон", Албендазол-мм, "Дибакупрол", "Дибаферол", "Витагин", "Лактовит", "Албкупрол" ва ғ. - бо роҳбарии академик Сатторӣ И., дотсентон Турдиев Ш., Маҳмудов К.Б. ва Сатторов Н.Р.;

– ихтирои воситаҳои нави техникӣ ва технологияи нави микрообёрӣ профессорон Нурматов Н.Қ., Икромов И.И.;

– мукаммалгардонии зоти аспи точикӣ профессор Шамсиев А.Г.; мукаммалгардонии технологияи хӯронидани ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ профессорон Ғаффоров А.Қ. ва Раҷабов Ф.М.;

– муайя намудани зотҳои бедонаҳо ва таҳияи технологияи самараноки парвариш ва нигоҳдории онҳо дар шароити Тоҷикистон профессор Комилзода Д.Қ.;

– пешниҳод намудани типи нави гӯсфанди шаҳринавию регарии минтақавии дохилитипии зоти "Ҳисорӣ" ва ғайра бо роҳбарии профессор Ҳайитов А.Ҳ.

Ба ғайр аз фаъолияти илмӣ аз рӯи мавзӯъҳои тасдиқшуда тибқи дурнамо олимони донишгоҳ дар чорабиниҳои илмӣ ва лоиҳаҳое, ки аз тарафи АИ ҶТ ва ташкилотҳои байналмилалӣ пешниҳод карда мешаванд, фаъолона иштирок меварзанд. Ҳисоботи академик Сатторӣ И. аз рӯи лоиҳаҳои илмӣтадқиқотии баанҷомрасида, ки аз Фонди президентии тадқиқоти бунёдӣ дар солҳои 2008-2009 дар мавзӯи "Тарҳрезии усули самараноки парвариши бактерия антагонист Batsilus subtilis" ва маводи хушки микробиологӣ дар ассорбентҳо ва лоиҳаи дотсент Мадалиев А.М. дар мавзӯи "Арзёбии захираҳо ва самаранокии табдил ва истифодаи манбаьҳои барқароршавандаи энергия дар ҶТ" 17.06.2010 аз тарафи Шӯрои Фонди президентии тадқиқоти бунёдӣ баҳои баландро сазовор гардида, тасдиқ карда шудаанд.

Дастоварди дигари олимони донишгоҳ дар ин давра боз он аст, ки тарҳрезии аз тарафи академик Сатторӣ И. ду сол пеш ба лоиҳаи "Биотехнологияи инноватсионӣ"-и Шӯрои иқтисодии байнидавлатии Аврупою Осиё пешниҳодшуда , маъқул ва барои маблағгузорӣ аз 01.01.2011 пешниҳод карда шудааст. Ин амал дастоварди беназир аст ва аз иқтидори зеҳнии олимони донишгоҳ дар сатҳи байналмилалӣ шаҳодат медиҳад.

Ба ғайр аз ин дар ин давра олимони донишгоҳ дар тарҳрезии бахши рушди илм, тайёр намудани кадрҳои илмӣ педагогӣ ва такмили ихтисоси барномаи "Ислоҳоти аграрӣ барои солҳои 2011-2014" бо 8 пешниҳоди муфид самаранок фаъолият намуданд. Барои ин амалашон аз тарафи Вазорати кишоварзии ҶТ баҳои сазовор гирифтанд.

Дар баробари ин ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ дар раванди амалӣ гардонидани барномаҳои рушдбахши соҳаҳои мухталиф (боғу токпарварӣ, пиллапарварӣ, тухмипарварӣ, занбӯриасалпарварӣ), ки аз қарорҳои Ҳукумати ҶТ бармеоянд, фаъолони иштирок меварзанд. Олимони донишгоҳ дар кулли чорабиниҳои илмию амалие, ки аз тарафи Ҳукумати ҶТ, вазоратҳои кишоварзӣ, маориф, иқтисоду савдо, АИ ҶТ, АИКТ ва дигар муассисаҳои давлатӣ гузаронида мешаванд, мунтазам саҳми худро мегузоранд.

Дар фаъолияти раёсати донишгоҳ дар қатори корҳои таълимию тарбиявӣ ба рушди корҳои илмӣ тадқиқотӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад. Дар раванди амалигардонии натиҷаҳои КИТ шумораи чоп ва дастрас намудани тавсияномаҳо шаҳодати ин натиҷаҳост. Дар ин давра аз тарафи олимони донишгоҳ 80 тавсиянома ба истеҳсолкунандагон пешниҳод шудаанд.

Дар ин солҳо тайёр намудани олимони ҷавон номзадҳо ва докторони илм пурмаҳсул аст, ки дар таърихи донишгоҳ дар самти тайёр намудани кадрҳои илмию педагогӣ як саҳифаи дурахшон аст. Дар ин солҳо маҳз аз рӯи методикаи корҳои илмӣ-тадқиқотии донишгоҳ 60 нафар рисолаи номзадӣ ва 28 нафар рисолаи дараҷаи илмии докториро ҳимоя намуданд. Аз ҷумлаи дифоькардагон 30 нафар (20 рисолаи докторӣ- Мадаминов В. С., Муҳиддинов С., Мухиддинов А., Мирзоев Д., Пириев Ҷ. С., Самандаров И. Ҳ., Мадаминов А. А., Норов М. С., Исмои- лов М. И., Икромов И. И., Мирзоах- медов Ш. Р, Қодиров Қ. Г, Сафаров Х., Тошпулатов М. М, Қаҳҳоров Қ. Ҳ., Шамсиев А. Г., Рӯзиев Т. Б., Назаров Н. Э., Гафоров А.А., Соибов А. ва 10 номзадӣ Аҳмадов Б. Р., Исоев У., Хоҷаев М., Минҳоҷов С., Сатторов Ҷ. ва дигарон) дар хориҷи кишвар дифоь намудаанд.

Донишгоҳ дар раванди тайёр намудани кадрҳои илмию педагогӣ пойгоҳи зарурии моддию техникӣ ва моддиро дорост. Дар ин самт раёсати донишгоҳ тайёр аст, ки омӯзгороне, ки майлу рағбати дифои рисолаҳоро доранд, ҳаматарафа дастгирӣ намояд.

Дар айни ҳол Шӯрои диссертатсио нии муштараки ДАТ бо Институти иқтисодиёти кишоварзии АИКТ Д050.005.01 оид ба дифои рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ аз рӯи ихтисоси 08.00.05 - иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ, Шӯрои диссертатсионии дифои рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ аз рӯи ихтисоси 06.01.01 - зироаткории умумӣ ва 06.01.05 - селексия ва тухмипарварии зироаткории кишоварзӣ, Шӯрои диссертатсионии дифои рисолаҳои номзадӣ аз рӯи ихтисосҳои

06.02.10 - зоотехнияи ҷузъӣ, технологияи маҳсулоти чорводорӣ ва 06.02.08-истеҳсоли хӯроки чорво, хӯронидани чорвои хоҷагии қишлоқ ва технологияи хӯрокаҳо фаъолият карда истодаанд. Инчунин ҳуҷҷатҳои Шӯрои диссертатсионии муштараки Институти ветеринарии АИКТ ва ДАТ барои тасдиқ ба КАОФР ирсол шудаанд. Алҳол ҳуҷҷатҳои Шӯрои диссертатсионии дифои рисолаҳои номзадӣ аз рӯи ихтисоси 06.01.07 - ҳимояи наботот барои пешниҳод ба АИ ҶТ ва минбаъд ба КАОФР тайёр карда шудаанд.

Дар тӯли солҳои 2001-2010 профессорону омӯзгорони донишгоҳ дар самти тарғиботи дастовардҳои илмӣ тавассути чорабиниҳои гуногуни илмӣ фаъолона иштирок намуданд. Натиҷаҳои КИТ-и олимон дар конференсияҳои илмию амалии олимони донишгоҳ ва донишҷӯён , конференсияҳои илмию амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба санаҳои таърихӣ муҳокима ва дастраси оммаи васеь гардонида шудаанд, ки дар кори онҳо зиёда аз 2000 нафар мутахассисон иштирок намуданд.

Дар кори тарғибу ба самъи хонандагон расонидани натиҷаҳои КИТ ва дастовардҳои илмӣ дунявӣ ва таҷрибаи пешқадами истеҳсолот рӯзномаи бисёртиражаи "Дониш" ва маҷаллаи назариявӣ илмиву амалии "Кишоварз"мақоми хосаро доранд ва ин нашрияҳо мунтазам чоп шуда истодаанд.

Дар соли 2010 маҷаллаи "Кишоварз" ба рӯйхати маводҳои чопии эътирофшудаи КАОФР ба қайд гирифта шуд, ки орзуи деринаи ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ буд. Дар ин кор ректори донишгоҳ, академик Сатторӣ И., профессорон Мадаминов А.А. ва Исмоилов М.И. саҳми босазо гузоштанд.

Ҷалби донишҷӯён ба КИТ ва иштироки онҳо дар чорабиниҳои илмии донишгоҳӣ, ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ яке аз маҳаки фаъолияти пурсамари донишгоҳ ба шумор меравад. Дар ин солҳо ҳамчунин дар донишгоҳ конференсияҳои илмӣ амалии донишҷӯён гузаронида шуданд, ки дар онҳо зиёда аз 10000 нафар донишҷӯён иштирок ва баромад намуданд.

Дар ин давра зиёда аз 130 китоби дарсӣ, 235 дастур, 50 монография, 1940 мақолаи илмӣ нашр карда шудаанд, ки аз натиҷаи иҷрои корҳои илмӣ шаҳодат медиҳанд. Саҳми олимони донишгоҳ дар раванди ихтироот ва сазовор гардидан ба патенту шаҳодатномаҳои муаллифии Маркази миллии патенту иттилоотии Вазорати иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ дар ин солҳо назаррас аст. Ба олимон муяссар гардидааст, ки ба гирифтани 72 патенту шаҳодатномаҳои муаллифӣ ва 2 медали тиллои Ташкилоти байналхалқии моликияти зеҳнӣ барои дастовардҳои илмӣ сазо- вор гарданд (Нурматов Қ.Н. ва Сатторӣ И.).

Барои дастовардҳои пурсамари илмӣ ва татбиқи онҳо дар истеҳсолот 6 нафар олими ҷавони донишгоҳ ба гирифтани ҷоизаи Исмоили Сомонӣ мушарраф гардиданд (Баева Н., Ҳасанов Н.Р., Олимов А.Х., Сатторов Н.Р., Аҳмадов Б., Давлатмуродов Т.). Профессор Муҳиддинов С. барои дастовардҳои илмӣ ба гирифтани Ҷоизаи ба номи академик Е.П. Павловский сазовор гирдидааст.

Ҳар сол тибқи барномаи Вазорати маорифи ҶТ аз рӯи 11-13 фан дар озмуни олимпиадаҳои фаннӣ донишҷ ӯён иштирок меварзанд ва дар байни дигар донишгоҳу донишкадаҳо ба гирифтани ҷойҳои намоён сазовор мегарданд.

Дар 50 кафедраи донишгоҳ маҳфилҳои илмии донишҷӯён фаъолият доранд ва дар кори онҳо қариб 600 нафар донишҷӯ ба корҳои илмӣ - тадқиқотӣ фаро гирифта шудаанд. Роҳбарии маҳфилҳои илмӣ ба зиммаи мудирони кафедраҳо, докторони илм профессорон ва дотсентони пуртаҷриба вогузор карда шудааст. Ба маҳфилҳои илмии донишҷӯён, конференсияҳои илмӣ амалии онҳо, дастаҳои олимпии фаннӣ ва дигар чорабиниҳои илмӣ амалии онҳо Ҷамъияти илмии донишҷӯён вобаста карда шудааст.

Пойгоҳи илмии донишгоҳ рӯз то рӯз мустаҳкам мешавад. Дар донишгоҳ 20 озмоишгоҳи илмӣ-таълимӣ фаъолият мекунанд, ки аз ин шумора 17 тоаш солҳои 2006-2010 таъсис дода шудаанд. Ба қисми илмии донишгоҳ дар солҳои гуногун профессорон Мешеряков А.М., Форсихонов С.И., Эшонов И.Э., Литвинов В.Н., Масаидов Р.С., Мирзоев Д.М., Пириев Ҷ.С., Салимов Т.О., Сардоров М.Н. роҳбарӣ кардаанд. Дар айни замон ин вазифаро доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор, Норов М.С. иҷро мекунад.