ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОТЕМУР

Кафедраҳо

Кафедраи «Ҷарроҳӣ, қобилагӣ ва касалиҳои дарунаи сироятнакунанда»

Кафедраи ҷарроҳӣ, қобилагӣ ва касалиҳои дарунаи сироятнакунанда соли 1970–ум ташкил карда шудааст. Аз соли 2014 то инҷониб вазифаи мудири кафедраро дотсент Давлатмуродов Т. М  ба уҳда дорад.

Ҳоло дар ҳайати кафедра 10 нафар омӯзгор аз он ҷумла д.и.б.  Турдиев Ш.А., дотсентон Давлатмуродов Т.М; Каримов М. М.,Қаландаров З.С омӯзгорони калон Бобоева М. Қ., Сафаров Ф. Х., Маҳмудов А. Ҳ., Давлатов Б. С., омӯзгорон  Ҷураев С.Ҷ., Адаҳамова Г.Ғ., 1 нафар духтур–ординатор ва 2 нафар коргарони ёрирасон кор мекунанд.

Кормандони кафедра барои баланд бардоштани маҳсулнокии чорво ва чораҳои мубориза бар зидди касалиҳои ғайрисироятӣ пайваста тадқиқотҳои илмӣ мебаранд. Кафедра дар мавзӯи «Омӯзиши бемории  мастити модаговҳо ва усулҳои муоисири табобати он» тадқиқотҳои илмӣ бурда зиёда аз 40 мақолаҳои илмӣ ва 3 патенти ихтироотӣ рӯи чоп овардааст.

 Дар давоми солҳои фаъолият дар кафедра 2 нафар рисолаи докторӣ ва 5 нафар рисолаҳои номзадии худро ҳимоя намуданд. Дар кафедра ҷамъияти илмӣ-амалии донишҷӯён мал мекунад, ки ба он донишҷӯёни хубу аълохон шомил мебошад.

 

 

 

Кафедраҳо