ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОТЕМУР

Кафедраҳо

Кафедраи «Микробиалогия ва эпизоотология»

Кафедра соли 1966 дар пойгоҳи факултети тибби ветеринарӣ бо номи «Паразитология, эпизоотология ва беҳдошти ихтибори ветеринарӣ» таъсис ёфтааст, ки роҳбарияшро  доктори илмҳои ветеринарӣ, профессор Авессаламов И.С  ба уҳда дошт. Дар айни замон мудири кафедра  дотсент Идиев Қ.У мебошад.

Ҳоло  дар кафедра профессорон  Ёрбоев Н.Ё., Мирзоев Д.М., Ҳасанов Н.Р., дотсентон Идиев Қ.У., Шарипов М., омӯзгори калон Сафаралиев А.Р. ва омӯзгорон Рабиев Ҳ., Асрорзода М. кор бурда истодаанд.

Самти фаъолияти кафедра мониторингӣ паҳншавии касалиҳои сироятӣ ва ҷустуҷӯи усулҳои муосири ташхис, табобату пешгирии онҳо мебошад.   

Ҳайати кормандони кафедра дар мавзӯи «Алоқамандии касалии сили одам ва ҳайвонот» кори илмӣ бурда истодаанд. Вобаста ба мавзӯъ 1-патент, 26- мақолои илмӣ навишта шудааст.

Дар давоми солҳои фаъолият 2-нафар устодони кафедра рисолаи докторӣ ва 1-нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя кардаанд. Маҳфили ҷамъиятии илмии  донишҷӯён бо номи «Сироят» дар кафедра амал мекунад ва ба он донишҷӯёни хубу аълохон шомиланд.

 

 

 

Кафедраҳо