ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОТЕМУР

Кафедраҳо

Кафедраи Агрохимия ва хокшиносӣ, кафедра

Кафедраи пойгоҳӣ ва тахассусии факултет буда, соли 1934 дар якҷоягӣ бо кафедраи зироаткории умумӣ ва соли 1938 мустақилан фаъолият дорад. Аввалин мудири кафедра -Ходими хизматнишондодаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор А.М. Мещеряков (1938-1980) буд. Минбаъд сарварии кафедраро профессор И.Э. Эшонов (1980-1982), профессор Ҳ.Ҷ. Ҷумонқулов (1982-1994), дотсент Р.Д. Бобоев (1994-2001) ва аз соли 2002 дотсент Р.Б. Боймуродов ба ӯҳда дорад.

 

Дар  солҳои  гуногун олимони намоён профессорон Эшонов И. Э., В.В. Чербар, Ҳ.Ҷ.Ҷумонқулов,  С.Р. Сангинов, Акрамов Ю.А., СултоновМ.С., дотсентон А.И. Горбонов, Б.Я. Кутеминский,  Р. С. Леонтева, И.М. Халилов, Н.Н. Зевакин, Г.Г. Бикбулатова, Ҷӯраев С.Б. ва асcистент М.В. Тетерина дар кафедра фаъолияти пурсамари омӯзгорию илмӣ кардаанд.

Ҳоло дар кафеда аз рӯи 16 фан профессор  Бобоев Р.Д., дотсентон Боймуродов Р.Б., Ҳотамов М.Т., Бобохонова З.Қ. ва омӯзгорон МуродовА.А., НазаровТ.Т. ва Шакаров Н. дарс мегӯянд.

Кафедра маркази муҳими тадқиқоти илмӣ дар соҳаи кимиёи агрономӣ ва хокшиносӣ мебошад, ки дар он олимони шинохта А.М. Мешеряков, Ҳ.Ҷ. Ҷумонқулов, И.Э. Эшонов, Р.Э. Рашидов, Н. Артамонова, Л. Алехина, Р. Яковлева, К. Маҷидов, Р. Давлатов,  Р.Д. Бобоев, М.С. Суннатов, Р.Б. Боймуродов, З.Қ. Бобохонова рисолаҳои  илмӣ дифоъ намудаанд. Аз рӯзи таъсис то ҳоло дар кафедра 5 доктори илм ва 30 нафар номзади илм кори илмии хешро ба сомон расонидаанд.

Кафедра барои омода намудани ихтисоси 740205-"Агрокимиё ва хокшиносӣ махсус гардонида шудааст. Дорои 4 санҷишгоҳи кимиёи агрономӣ ва хокшиносӣ буда, ҳамаи онҳо бо лавозимоти таълимӣ таҷҳизонида шудаанд. Тӯли мавҷудияти худ беш аз 800 нафар мутахассиси кимиёи кишоварзӣ ва хокшиносро омода ва ба дасти истеҳсолот додааст.

Олимони кафедра тӯли  солҳи охир дар мавзӯи «Омӯзиши таъсири нуриҳои минералӣ дар нашъунамои зироатҳои кишоварзӣ» кори илмӣ анҷом дода, 3 монография, 5 китоби дарсӣ, 3 дастури услубӣ, 57 мақолаи илмӣ, 4 тавсиянома рӯи чоп овардаанд. Ҳамчунин аз рӯи корҳои илмии хеш соҳиби 2 шаҳодатномаи муаллифӣ гардидаанд. 

 

 

 

Кафедраҳо