ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОТЕМУР

Кафедраҳо

Кафедраи "Анатомияи нормалӣ, патологӣ бо ҳистология ва физиологияи патологӣ"

Кафедраи анатомияи нормалӣ, патологӣ бо ҳистология ва физиологияи патологӣ аввалин маротиба соли 1944 бо номи «Анатомия ва зоологияи ҳайвоноти ҳоҷагии қишлоқ» таъсис ёфтааст, ки роҳбарии онро омузгори калон Коновалова М.Ф. ба уҳда дошт. Соли 1963 баъди таъсисёбии шӯъбаи ветеринарӣ дар назди факултаи зооинженерӣ кафедра бо номи «Анатомия ва ҳистология бо анатомияи патологӣ» фаъолияти худро идома дод, ки онро дотсент Маҷидов Ф.Х. роҳбарӣ менамуд.

Аз моҳи феврали соли 2013 то ҳоло роҳбарии кафедраро номзади илмҳои ветеринарӣ, дотсент Назаров Шамсулло ба уҳда дорад.

Ҳоло дар кафедра устодон Назаров Ш., Абдуллоев У.,Нурмадов К., Зокиров Ф., Исвалиев С., Халикова А., Одинаев А., Шалягин В. кор ва фаъолияти илмӣ бурда истодаанд.

Дар  давоми солҳои фаъолият 5 кори илмӣ, зиёда аз 80 мақолаҳои  илмӣ нашр карданд ва китобҳои дарсии «Анатомияи ҳайвонҳои  хонагӣ»; «Физиологияи амрозии ҳайвонот»  дастурамалҳои омӯхтани фанҳои «Анатомия ва морфологияи ҳайвонҳои хонагӣ ва паррандаҳо» ва дастури методӣ «Оиди равандҳои умумии физиологияи патологӣ» чоп гардидаанд.

Ходимони кафедра  барои омӯзиш ва мустаҳкам намудани таҳкурсии асосии тафаккури духтури тибби ветеринарӣ дар мавзӯъи «Хусусиятҳои  морфологии скелети  гӯсфанди тоҷикӣ тадқиқоти илми бурда истодаанд.

Дар кафедра маҳфили ҷамъияти аъзоёни маҳфили илмии донишҷӯён бо номи «Морфология» ба корҳои илмию-тадқиқотӣ ҷалб карда мешаванд.

 

Кафедраҳо