ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОТЕМУР

Кафедраҳо

Кафедраи Асосҳои назарияи техникаи барқӣ

Асосҳои назарияи техникаи барқӣ, кафедра аз сабаби зиёд шудани сарбории ихтисоси 3114. Барқикунонӣ ва автоматикунонии кишоварзӣ дар соли хониши 2005-2006, дар зери кафедраи "Барқикунонӣ ва автоматикунонии кишоварзӣ" кафедраи нав бо номи "Асосҳои назарияи техникаи барқӣ" ташкил карда шуд.

 

Мақсади асосии ташкилкунии кафедра аз баланд бардоштани сифати таълими касбӣ ва фаъолияти донишҷӯен буд. Дар давраи ташкилёбии кафедра омӯзгорон Хоҷиев Ч.С., Меликов И.А., Назаров Т.Ш., Назаров А.К., Парвонаев С.А. кору фаъолият менамуданд. Аввалин мудири кафедра дотсент Хоҷиев Ч.С. буданд. Аз моҳи феврали соли 2008 омӯзгори калон Назаров Т.Ш. мудирии кафедраро ба ӯҳда дорад.
Ҳайати кафедраро омӯзгорон дотсент Файзуллоев З., омӯзгори калон: Назаров Т.Ш., Назаров А.К., ассистентон Тоҳиров Ш.К., Ҷалилов Ш.В. ташкил медиҳанд.
Омӯзгорони кафедра дар факултаҳои механиконии кишоварзӣ, агробизнес, боғдорӣ ва биотехнологияи кишоварзӣ, гидромелиоративӣ дар шӯъбаҳои рӯзона ва ғоибона дарс мегӯянд.
Корҳои методии омӯзгорони кафедра назаррас мебошанд. Аз ҷумла овеза барои корҳои лабораторӣ аз фанҳои "Ченкунии барқӣ", "Асосҳои автоматикунонӣ", "Микропротсессорҳо" ва навиштаҷотхо оид ба иҷроиши корҳои лабораторӣ бо ду забон ( русӣ ва тоҷикӣ ) ташкил карда шудааст.
Дар кафедра  ҳоло ҷаъияти илмии донишҷӯн амал намуда истодааст, ки онҳо мувофиқи талаботи ҳозира таёркунии стендҳои амалкунадаеро ба роҳ монда истодаанд, ки аз таҷҳизотҳои барқии замонавӣ ва каммасраф истифода бурда мешаванд.
Хар сол  зери роҳбарии омӯзгорони кафедра аз тарафи хатмкунандаҳои факултаи механиконии кишоварзӣ, ихтисоси "Барқикунонӣ ва автоматикунонии кишоварзӣ" лоиҳаи дипломӣ ба анҷом расонида мешавад.

 

Кафедраҳо