ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОТЕМУР

Кафедраҳо

Кафедраи Баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит

Кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит соли 1970  ташкил шудааст. Кафедраро аз рӯзи таъсисёбӣ то моҳи ноябри соли 1985 номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Казаков С.К. роҳбарӣ кардааст. Дар солҳои гуногун сарварии кафедраро номзадҳои илмҳои иқтисодӣ,  дотсентон Азимов Х.А., Шалбаев А.Ш., Ваҳобов Т.В., Назиров А.Н. ба ухда доштанд. Аз соли 2012 то имрӯз доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шарифов З.Р. ин вазифаро ба уҳда дорад. 

 

Дар айни замон дар кафедра устодони зерин, дотсент Нуруллоев З. муаллимони калон Саидов М., Ҷонмаҳмадов Қ., Кабиров Н., Ҳусейнов З., МаҳмадназаровЗ., Махсуддинов А. ва ассистент Мирзоев С.  фаъолият мекунанд. 

Дар кафедра дар мавзӯи "Баҳисобгирӣ ҳамчун омили баланд бардоштани устувории иқтисодии рушди истеҳсолот" корҳои илмӣ - тадқиқотӣ бурда мешавад.  Натиҷаи корҳои илмӣ-тадқиқотии устодон дар 50 мақолаҳои илмӣ чоп шуданд. 

Омӯзгорони кафедра дар солҳои охир китобҳои дарсӣ аз фанҳои "Назорат ва тафтишот дар соҳаи хоҷагии қишлоқ", "Ҳисоби бухгалтерӣ  дар хоҷагиҳои фермерӣ", "Назарияи баҳисобгирии бухгалтерӣ" ва «Баҳисобгирии бухгалтерӣ дар кишоварзӣ»-ро чоп намудаанд. Инчунин аз тарафи устодони кафедра дар солҳои охир 2 монография ва 6 дастури методӣ рӯи чоп омадааст.

 

 

 

 

 

 

Кафедраҳо