ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР

Кафедраҳо

Кафедраи "Барқикунонии ва автоматикунонии кишоварзӣ"

 

МИРЗОЕВ Шамсулло Изатович,
мудири  кафедраи барқикунонӣ ва автоматикунонии кишоварзӣ, номзади  илмҳои  техникӣ, дотсент 

 

 Кафедраи «Барқикунонӣ ва автоматикунонии кишоварзӣ» соли 1991 ташкил ёфтааст. Дар тӯли фаъолияти кафедра омӯзгорон Дробинин Д.И., Аминҷонов Х., Узоқбоев М., Толмачёв Г., Юсупов С., Идиятулин Р., Қурбонов Т. ва Сангинова Г. кардаанд. Омӯзгорони кафедра ба ғайр аз факултети механиконии кишоварзӣ дар факултетҳои гидромелиоративӣ, боғдорӣ, агробизнес ва дар шӯъбаи  ғоибонаи факултетҳои донишгоҳ ба таълиму тадрис машғуланд. Дар соли 1995 аввалин маротиба донишҷӯёни ихтисоси 3114,  «Барқикунонӣ ва автоматикунонии кишоварзӣ» лоиҳаи дипломии худро бо муваффақият ҳимоя намуда, соҳиби диплом ва муҳандиси соҳаи барқикунонӣ ва автоматикунонии кишоварзии хоҷагии қишлоқ гардиданд.

Имрӯз бошад, номзади илм Мирзоев Ш.И., омӯзгори калон: Қурбонов А.,Назаров Т,Валиев Н Ассистентон: Шарофов Ш., Салимбеков Д., Маҳмуродов Р., Аҳмадов Ш., Туразода Ф  ва лабарант Майдаева Л.С. ба кору таълиму тарбияи донишҷӯён машғул буда, аз паи ҷустуҷӯи дастовардҳои илмианд.

Корҳои таълимӣ

Баззаи методӣ-техникӣ (синфхонаҳо, маводҳои техникӣ ва овезаҳо)

Бо дастгирии раёсати донишгоҳ ва факултет кафедра соҳиби 12 снфхона ва лабораторияҳои замонавӣ мебошад.

  

Қайд кардан бо маврид аст, ки бо ёрии омӯзгорони кафедра Мирзоев Ш.И., Аҳмадов Б.Р.,  Сабзалии Мисриён, Қурбонов А.М  ва    Ахмедов Ш дар кафедра   китобҳои «Истифодабарии таҷҳизоти барқӣ»,  «Асосҳои электроника ва ҷузъиёт», «Ассҳои илмӣ-амлии механиконии кишоварзӣ» ва «Мошинҳои барқӣ» бо тавсияи Вазорати маориф ва илмӣ Ҷумҳурии Тоҷикситон  аз чоп бароварда шуд инчунин  50 дастури методӣ зиёда аз 420  презентатция, 130 овеза бо забони давлатӣ,  зиёда аз 15 лавҳаҳои лабараторӣ ва 32 макетҳои амалкунанда пешниҳод гардидааст, ки дар раванди таълим истифода бурда мешавад тайёр карда шудааст.

Кафедра дар самти гӯзаронидани таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва равона додани корҳои илмӣ бо муассисаҳои  коргоҳи “Мошнсози”-и шаҳри Душанбе, шабакаҳои барқии шаҳру ноҳияҳо, маркази гармию-барқдиҳии шаҳри Душанбе, шабакаҳои равшанидиҳии Душанбе шаҳр, НБО-и Норак, НБО-и Роғун, СНБО Варзоб , донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ  ҳамкории зич дорад.

Корҳои илмӣ

Самтҳои асосии корҳои илмӣ-тадқиқотии кафедра ба тарҳрезӣ ва такмилдиҳии технологияи истифодабарии манбаъҳои алтернативии энергия, дар Тоҷикистони равона карда шудааст мавзӯъи илми кафеда  «Тадқиқи дастгоҳ барои истеҳсолӣ энергияи электрикӣ аз ҳисоби манбаҳои алтернативии энергия» мебошад Устодони кафедра 52 мақолаи илмӣ ба забони тоҷикӣ чоп намуда,  соҳиби 4 шоҳодатномаи ихтироотӣ гардида  ва 76 маротиба дар конфронсҳо ва симпозиумҳо  баромад  кардаанд. Инчунин  аз рӯи таҷриба ва таҳқиқотҳои илмӣ омӯзгорони кафедра зиёда аз 30 мақолаҳои илмию услубии худро дар рӯзномаю маҷалаҳои бурунмарзӣ ба нашр расонидаанд.

Дар кафедра Ҷаъмияти илмии донишҷуён бо номи «Нерӯи барқ асоси зиндагист» фаъолият менамояд, ки бевосита донишҷуён низ бо  мавзӯъи илмии кафедра якҷо корҳои илми худро пеш мебаранд.

Омӯзгорон ва донишҷуён  дар озмунҳои навъовари ва ихтироъкори иштирок менамоянд, ки натиҷаҳои дилхоҳро ба даст овардааанд ба монанди Одинаев Н  соли 2013 дар шаҳри Хуҷанд вилояти Суғд дар озмуни соли фарҳанги техникӣ  иштирок намуда дар байни донишҷуёни Донишгоҳҳои олии Ҷумҳурӣ ҷойи аввалро сазовор гардид, инчунин донишҷӯи курси 4 Исломов Дилшод соли 2015 дар озмӯни навоварҳои беҳтарин , ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми ҶТ баргӯзоргардид  ҷои дуюмро ишғол намуад . Ба ғайр аз ин донишҷуёни зерин дар   озмунҳо  иштирок карданд ва ҷойҳои намоёнро ишғол кардаанд:   Курси 3 гурӯҳи 3: Амиров А, Ғаниев О., Зарипов С., Ҷобиров К.,  Курси 4 гурӯҳи 4,Қосимзода Р., Муҳтоҷов М.,  Раҳимов А., Олимов Ш., Саидов А.,Курси 4 гурӯҳи 5 Исроилов И., Маликов М., Сафаров Ф.,Курси 5- ум шуъбаи ғоибона Юсуфзода И., . Амоназода  А., Бобоев И. соли 2018 дар Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ иштирок намуда Юсуфзода бо ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардид.