ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОТЕМУР

Кафедраҳо

Кафедраи барқикунонии кишоварзӣ

Кафедраи  барқикунонии кишоварзӣ- мудири  кафедра  номзади  илмҳои  техникӣ, дотсент Мирзоев Ш.И.

Кафедра  мувофиқи фармони ректори Институти хоҷаги қишлоқи Тоҷикистон (фармони №15, аз 18-уми соли 1991) ташкил шудааст. Имрӯзҳо дар кафедра  номзади илмҳои техникӣ Мирзоев Ш.И., омӯзгори калон Қурбонов Ф., ассистентон: 

Қурбонов А., Улфатов А., Шарофов Ш., Ҷомаҳмадов Х., Шеров Ш., Бодурбекова А., Ҷабборов Т.,  Салимбеков Д., Ахмедов Ш.А., Маҳмуродов Р., Ҷӯраев У., Шарипов А. ва лаборант Майдаева Л.С. ба кори таълиму тарбияи донишҷӯён машғул буда, аз паи ҷустуҷӯи дастовардҳои илмианд.

Донишҷӯёни кафедра дар ҷаласаҳо, конференсияҳо, ҷамъомадҳои илмию фарҳангии донишгоҳи  ва факултет  фаъолона иштирок намуда, бо маърӯзаю мавзуъҳои  пурмазмуни худ баромад карда, дар миёни донишҷӯён оид ба иштирок дар корҳои илмию ҷамъиятӣ фаъолияту меҳнатдӯст будани худро нишон додаанд. Соли 2013 Одинаев Н.  бо навоварии хеш «Хабардиҳаки лазерӣ», ки дар пойгоҳи кафедра сохта шуда буд, дар озмуни ҷумҳуриявии «Инноватсия аз нигоҳи донишҷӯ» ғолиб дониста шуда бо Ифтихорнома ва Дипломи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

           

 

 

 

 

Кафедраи мазкур дорои озмоишгоҳҳои таҷҳизонидашудаи замонавӣ ва махсусгардонидашудаи соҳавӣ мебошад. Дар даврони истиқлолият аз тарафи омӯзгорон ва донишҷӯён 10 лавҳаи лабораторӣ сохта шудааст:

  •  озмоишгоҳи истифодабарии таҷҳизотҳои барқӣ ва автоматикунонии равандҳои технологии кишоварзӣ;
  •  озмоишгоҳи ҳаракатоварии барқӣ ва мошинҳои барқӣ;
  •  озмоишгоҳи бобарқтаъминкунии кишоварзӣ ва шабакаҳои барқӣ;
  • озмоишгоҳи илмӣ – татқиқотӣ ва машваратӣ.

    

Таҷрибаомӯзиҳои истеҳсолии насби таҷҳизотҳои барқӣ, таъмири таҷҳизотҳои барқӣ, истифодабарии таҷҳизотҳои барқӣ ва корҳои пеш аз дипломӣ дар хоҷагиҳо, шабакаҳои барқӣ, корхонаҳои истифодаи барқӣ гузаронида мешаванд.

      Омӯзгорони кафедра аз мавзӯи «Истифодабарии манбаъҳои алтернативии энергия» корҳои илмӣ-тадқиқотӣ мебаранд, ки вобаста ба он   зиёда аз 50 мақолаҳои илмию таълимӣ-услубӣ чоп карда шуда, дар конференсияҳои ҷумҳуриявӣ баромад кардаанд. Натиҷаи ин буд, ки бо ёрии омӯзгорон дар қишлоқи Арҷинаки ноҳияи Ҳисор дар дарёчаи кӯҳӣ микронерӯгоҳи обӣ-барқии тавоноиаш 30 кВт ба кор даромад.            Устодони кафедра аз 10 фан матни лексия, 10 адад дастури методӣ, 50 мақолаи илмӣ ба забони тоҷикӣ чоп намуда,  соҳиби 30 шоҳодатномаи ихтироотӣ гардида  ва 76 маротиба дар конфронсҳо ва симпозиумҳо  баромад  кардаанд. Инчунин  аз рӯи таҷриба ва таҳқиқотҳои илмӣ омӯзгорони кафедра зиёда аз 10 мақолаҳои илмию услубии худро дар рӯзномаю маҷалаҳои бурунмарзӣ ба нашр расонидаанд.Дар даврони истиқлолият  аз тарафи устодони кафедра як рисолаи номзадии илмӣ аз тарафи Мирзоев Ш.И. ҳимоя карда шуд ва ҳоло бошад,  омӯзгорон: Улфатов А., Қурбонов А., Қурбонов Ф., Бодурбекова А. ва Шарофов Ш. дар ҷустуҷӯи навовариҳои корҳои илмии худ мебошанд.        

  

        

 

Кафедраҳо