ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОТЕМУР

Кафедраҳо

Кафедраи Бехатарии фаъолияти ҳаёт

Бехатарии фаъолияти ҳаёт-мудири кафедра  Муҳамадиева С.Ғ. Кафедра соли 1979 таъсис дода  шудааст. Дар ибтидо кафедра муҳофизати меҳнат ва идоракунии мошинҳои кишоварзӣ" ном дошт. Роҳбари аввалини кафедра  (солҳои 1979-1992) дотсент Отаев Темир Отаевич буд. Ӯ дар рушди муҳофизати меҳнат дар ҷумҳурӣ саҳми арзанда гузоштааст. Аз соли 1992 то 2014 мудири кафедра дотсент Ризоев Илхом Бобоҷонович буд.

 Дар кафедра аз фанҳои "Бехатарии фаъолияти ҳаёт дар истеҳсолот", "Бехатарии фаъолияти ҳаёт дар ҳолатҳои фавқулодда", "Эргономика ва психологияи муҳандисӣ", "Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ" дарс меомӯзанд. Инчунин ба зиммаи кафедра аз ҳисоби донишҷӯёни факултетҳои механиконии кишоварзӣ, агрономӣ  ва боғдорӣ тайёр кардани касби кории тракторчӣ-мошинист ва аз ҳисоби донишҷӯёни факултети механиконии кишоварзӣ ронандаи автомобили силсилаи "В" гузошта шудааст.Ҳайати кафедра аз 3 дотсент, 3 омӯзгори калон 4 ассистент, 2 устои таълимӣ, 1 лаборанти калон ва 1 лаборант иборат мебошад. Аз омӯзгорон 3 нафарашон номзади илм мебошанд.

Дар кафедра шахсони зерин кор мекарданд ва кор карда истодаанд: дотсент Ризоев И.Б., омӯзгори калон Ҳабибов Б. , омӯзгори калон Ҳаитов Э., Шокирхӯҷаев А.А., Раупов С, А., Шамсидинов А.С.,  Миралиев Ш.               

Омӯзгорони кафедра барои мукаммал намудани тарзи гузаронидани дарсҳо корҳои зиёдеро ба анҷом пазируфтаанд. Синфхонаҳои "Муҳофизати меҳнат", "Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ", "Мудофиаи гражданӣ" бо лавҳаҳо ва тренажёрҳои барқии ҳозиразамон таҷҳизонида шудаанд.

Ҳангоми гузаронидани дарсҳои лабораторию амалӣ дастурҳои нав бо забонҳои давлатӣ ва русӣ  истифода бурда мешаванд.

Доир ба қисми "Муҳофизати меҳнат" дар корҳои дипломии ҳамаи ихтисосҳо  дастурҳо тайёр карда шудаанд. Ҳоло дар кафедра корҳои дипломӣ  оид ба панҷ самти асосии "Бехатарии фаъолияти ҳаётӣ дар истеҳсолот" иҷро карда мешавад.

Роҳбарии таҷрибаомӯзии таълимии донишҷӯён оид ба рондани тракторҳо, мошинҳои кишоварзӣ, инчунин тайёр кардани ихтисоси касбии тракторчӣ аз ҳисоби донишҷӯёни факултаҳои механиконии кишоварзӣ, агрономӣ, боғпарварӣ  ба зиммаи кафедра гузошта шудааст. Таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар машқгоҳи таълимии донишгоҳ гузаронида мешавад, ки дар   машқгоҳ   шароити хуб фароҳам оварда шудааст.

 

Ҳамаи омӯзгорони кафедра кори илмӣ -тадқиқотӣ мебаранд. Мавзӯи кори илмии кафедра "Баланд бардоштани дараҷаи бехатарии мошинҳои ҳаракаткунанда дар КАС ҶТ бо такомул додани усулҳои муҳандисию техникӣ ва воситаҳои пешгирии захмдоршавӣ" ва"Пешгӯии ҳолатҳои фавқулодда дар Ҷ Т" мебошад. Олимони кафедра  муаллифи 84 мақола, 46 дастури методӣ, 8 китоби дарсӣ дар масъалаҳои истифодабарии техникаи кишоварзӣ ва муҳофизати меҳнат мебошанд. 

Кафедраҳо