ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОТЕМУР

Кафедраҳо

Кафедраи Ботаника ва экологияи кишоварзӣ

Яке аз аввалин кафедраҳои донишгоҳ буда, соли 1931 бо номи "Ботаника ва физиологияи растаниҳо" таъсис ёфиааст. Соли 1938 бо номи «Ботаника ва микробиология» ва соли 1988 таҳти унвони "Ботаника ва экологияи кишоварзӣ" табдили ном  мекунад. Аввалин сарвари кафедра омӯзгор В.С. Шардаков (1931), минбаъд сарварии онро устодон В. Городетский (1931-1932), С.С. Москаленко (1932-1947), П.П. Чуваев (1974-1952), профессорон О.Ш. Шукуров (1952-1958), Ю.В. Медведев (1958-1965), дотсентон Э.Ҳ. Ҳайдаров (1965-83), Юнусов С.Ю. (1983-2006, 2009-2012), Давлатов С.Х. (2006-2009) ба уҳда доштанд. Аз соли 2012 то ҳол вазифаи мудири кафедраро дотсент Мирзоев И.А. ба дӯш дорад.

Дар кафедра тайи солҳои гуногун олимони шинохта, дотсентон Н.И. Исоев, Л.С. Исҳоқова, И.Д. Мина, М.М. Маҳбубов, профессорон С. Раҳимов, Г. Раҳмихудоев, У. Холдоров, Н.А. Аҳмадов фаъолияти илмию омӯзгорӣ кардаанд.

Ҳоло дар кафедра профессор Бобоҷонов В.А., дотсентон Мирзоев И.А., Ғафурова М.Х., Акрамов У.Ҳ., Воҳидова К.А., Комилов А.Д., Рамазонов С.Ш., омӯзгорон Расулов М.З., Сулаймонова И.Д., Саидов С.Э., Таваккалшоева Ш.Х., Мирзосаидова А.В., Муқаддасова Ф.С. фаъолияти илмиву омӯзгорӣ доранд.

Олимони кафедра дар тартибу танзими китобҳои нодири соҳа, ба мисли "Муайянкунандаи растаниҳои ҳавзаи дарёи Варзоб", "Красная книга Таджикской ССР", "Китоби сурхи Тоҷикистон" ва "Флораи Тоҷикистон" (китоби бисёрҷилда) саҳми илмӣ гузоштаанд.

Кафедра барои омода намудани ихтисоси 330106-"Агроэкология» махсус гардонида шудааст. Дорои 1 санҷишгоҳи агроэкологӣ ва лабораторияи фитопатология буда, ҳамаи онҳо бо лавозимоти таълимӣ таҷҳизонида шудаанд.

Олимони кафедра тӯли 4 соли охир дар мавзӯи «Баҳодиҳии агроэкологии омилҳои ҳаётӣ ва ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ” кори илмӣ анҷом дода, 1 монография, 4 китоби дарсӣ, 8 дастури услубӣ, 60 мақолаи илмӣ, 1 тавсиянома рӯи чоп овардаанд. Ҳамчунин аз рӯи корҳои илмии хеш соҳиби 2 шаҳодатномаи муаллифӣ гардидаанд.

 

Кафедраҳо