ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР

Кафедраҳо

Кафедраи Графикаи муҳандисӣ

Графикаи муҳандисӣ, кафедра. Аз соли 1931 сар карда фанҳои геометрияи тасвирӣ ва нақшакашӣ дар ҳайати кафедраи математикаи олӣ хонда мешуданд. Фанҳои геометрияи тасвирӣ ва нақшакашӣ таҳкурсии асосии таълими инженерии тамоми муҳандисон буда, ба ташаккули тассавуроти фазогии донишҷӯён кӯмаки амалӣ расонида бо усулҳои дар ҳамвориӣ кашидани шаклҳои фазоӣ ва ҳал намудани масъалаҳои геометриро аз рӯи шаклҳои додашуда ва инчунин хондану фаҳмидани нақшаро ба донишҷӯ ёд медиҳад.

 Соли 1975 кафедраи "Математикаи олӣ" ба ду қисм тақсим карда шуд ва кафедраи нав бо номи "Геометрияи тасвирӣ ва нақшакашӣ" таъсис гардид.

Дар солҳои 1975-1996 вазифаи мудири кафедраро дотсент Баҳриев С.Х иҷро намуда буд. Дар ин солҳо дар кафедра устодони варзида ба монанди Чернаков А.И., Чулин В.С., Аллагулов Д.А., Ризоев А.Б., Абдураҳмонова Ш.А., Нурматов М.И., Пятов А.С., Умриколов Ф.У., Толибов Г.Т., Ҳакимов А.Н., Қурбонов А.К. фаъолият намудаанд.

Моҳи марти соли 1996 барҳам дода шуда устодони он ба кафедраи "Механикаи назариявӣ ва ҷузъиёти мошинҳо" гузаронида шуданд.

Аз он вақт сар карда сифати дарсҳо аз фанни «Геометрияи тасвирӣ ва нақшакашӣ» коста гашт, дар тӯли солҳои 1996-2006 ғайр аз китоби дарсии "Геометрияи тасвирӣ бо нишонаҳои ададӣ (бо забони тоҷикӣ) ва дастури методии", "Инженерная графика" бо забони русӣ ягон маводи таълимӣ аз чоп набаромадааст.

Тақозои замона буд, ки аз 30 сентябри соли 2008 кафедра ба номи "Геометрияи тасвирӣ ва графикаи муҳандисӣ" таъсис гардид ва иҷрокунандаи вазифаи мудирии кафедра ба зиммаи Ризоев А.Б вогузор карда шуд.

Дар кафедраи таъсисдода устодон, профессор Ризоев А.Б ., дотсент Баҳриев С.Х., омӯзгори калон Абдураҳмонова Ш.А., Кенҷаев К.Б., Қамариддинов Н. ва ассистент Ҷамилов М. фаъолият доштанд.

Дар соли 2009 бо қарори Шӯрои илмии донишгоҳ кафедра номи "Графикаи муҳандисӣ"-ро гирифт ва профессор Ризоев А.Б. мудири кафедра интихоб карда шуд.

Аз тарафи устодон Ризоев А.Б., Баҳриев С.Х. ва Қамариддинов Н. маҷмӯи лексияҳо ва тестҳо барои қабули имтиҳонҳо тайёр карда шуд ва онҳо дар раванди таълим васеъ истифода бурда мешаванд.

Дар давоми фаолияти устодон аз тарафи Корманди шоиста Ҷ Т, профессор Ризоев А.Б. китоби дарсии "Геометрияи тасвирӣ бо нишонаҳои ададӣ" 27 мақолаи илмӣ ва 7 дастури методӣ аз чоп бароварда шудаанд.

Аз рӯи як ихтироъ соҳиби патент мебошанд ва китоби дарсӣ бо номи "Геометрияи тасвирӣ" ва ду дастури методӣ низ ба чоп омода карда шудаанд.

Ба қалами Баҳриев С.Х. як монография бо номи "Эксплуататция энергокасвищеных тракторов", 27 мақолаи илмӣ ва 16 дастури методӣ мансубанд. Ихтироотҳои ӯ бо 9 патент тасдиқ карда шудаанд ва соҳиби 10 таклифҳои ратсионализаторӣ аст. Ҳоло бошад дар кафедра устодон, профессор Ризоев А.Б., дотсент Баҳриев С.Х., омӯзгори калон Абдураҳмонова Ш.А. ва Кенҷаев К.Б., ассистент Муҳибуллоев Б.Х. фаъолият доранд.

Профессор Ризоев А.Б аз рӯи проблемаи "Технологияи нави кишти зироатҳои кишоварзӣ", дотсент Баҳриев С.Х. дар мавзӯи азхудкунӣ ва истифодабарии заминҳои ҶТ кори илмӣ бурда истодаанд. Абдураҳмонова Ш.А. ва Кенҷаев К.Б низ ба иҷро намудани ин мавзӯъҳо шомиланд.

Кафедраҳо