ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР

Кафедраҳо

Кафедраи Заминсозӣ

Пас аз барҳам хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар назди мамлакатҳои соҳибистиқлол масъалаи тайёр кардани кадрҳо дар мадди аввал буд. Аз ҳамин лиҳоз аз соли 1993 оғоз намуда, дар назди факултаи гидромелиоративӣ қабули донишҷӯён бо ихтисоси "Танзими замин" оғоз гардид.

Соли 1996 дар асоси қарори Шӯрои олимони донишгоҳ кафедраи "Танзими замин" ташкил карда шуд, ки он аз таркиби кафедраи "Истифодабарии системаҳои гидромелиоративӣ" ҷудо карда шуда, дар он омӯзгорон, дотсент Ғуломҷонов А.Ғ., омӯзгори калон Оев О.Т., Саидов К.Т., Қодирова З.А., ҚурбоновТ.М., ёваромӯзгор Ҳасанов А.А ва корманди ёрирасон Пиров Б.А ба кор шурӯъ намуданд.

Аввалин мудири кафедра номзади илмҳои техникӣ, дотсент Ғуломҷонов А.Ғ. интихоб шуд, ки аз рӯзи ташкилёбӣ то маи соли 1999 ин вазифаро ба ӯҳда дошт. Аз моҳи маи соли 1999 иҷрои вазифаи мудирии кафедра ба зиммаи хатмкардаи факултаи танзими замини Донишкадаи муҳандисони ирригатсия ва механиконии кишоварзии ш. Тошкент Оев О.Т. гузошта шуд. Аз соли 2006, то ба имрӯз вазифаи мудири кафедра бар дӯши Ҳасанов А.А гузошта шудааст. Аз саршавии соли хониши 2008-2009 дар кафедра ихтисоси "Геодезия" амал менамояд. Дар айни замон кафедра дорои Маркази геоинформатсионӣ ва озмоишгоҳи харитасозии рақамӣ мебошад.

Дар кафедра мувофиқи нақшаи мавҷудаи донишгоҳ дар мавзӯи "Самаранок ва оқилона истифодабарии заминҳо дар ҶТ" кори илмӣ бурда мешавад, ки барои иҷрои он ҳамаи омӯзгорони кафедра ҷалб карда шудаанд. Инчунин омӯзгорон ва олимони кафедра барои иҷрои корҳои илмӣ дар самтҳои " Проблемаи иқтисодию иҷтимоии экологӣ дар шароити гузариш ба иқтисодиёти бозаргонӣ", "Усулҳои беҳтар намудани истифодаи чарогоҳҳои мавсимӣ", "Тасдиқ ва омӯзиши андозаҳои заминҳои фермерӣ ва асосноккунонии иқтисодии онҳо" тадқиқот мебаранд.

Дар асоси барномаи давлатӣ оиди гузаронидани ислоҳоти замин ва дигаргунсозии шаклҳои хоҷагидории кишоварзӣ дар ҶТ омӯзгорони кафедра Ҳасанов А.А., Қурбонов Т.М., Саидов К.Т., Раҳматуллоев У.Р. бо Маркази хусусигардонии хоҷагиҳо ҳамкорӣ намуда, дар иҷрои лоиҳаи дигаргунсозиҳои хоҷагиҳои н. Рӯдакӣ ва Ёвон иштирок менамоянд.

Кафедраҳо