ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР

Кафедраҳо

Кафедраи Зотпарварӣ ва генетикаи ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ

Зотпарварӣ ва генетикаи ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ, кафедра соли 1955 баъди 8 соли якҷоя фаъолият доштан, аз кафедраи "Чорводорӣ" ҷудо шуд. Дар солҳои гуногун профессорону дотсентон Алтшулер В. И. (1955 1958), Ванновский Т.И. (1958 1960), Форсихонов С.И. (1961 1975), Солдатенков Н.И. (1975 1978), Ли Г.Т. (1978 1989), Умаров М.У. (1989 1993), Ҳайитов А.Ҳ. (1993 2003), Шамсиев А.Г. (2003 2005), Қодиров Т.А. (2005 2007) ба кафедра роҳбарӣ кардаанд.

 Аз соли 2007 то ҳоло кафедра таҳти роҳбарии доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор Шамсиев А.Г. фаъолият дорад. Аз соли 1955 то соли 1977 кафедра бо номи кафедраи "Зотпарварӣ" муаррифӣ мешуд, аз соли 1977 инҷониб кафедра номи "Зотпарварӣ ва генетика"-ро гирифтааст.

Мудири кафедра Шамсиев А.Г. бо дастоварди селексионии худ, ки соли 2002 аз тарафи Комиссияи байнидавлатии апробатсионӣ зоти аспҳои тоҷикиро қабул ва тасдиқ кардааст, ҳамчун муаллифи зот шинохта шудааст. Ин дастоварди бузурги селексионӣ самараи дастранҷи олимони факултет, донишгоҳ ва ҷумҳурӣ мебошад, ки дар 50 соли охир ба даст оварда шудааст. Устодони кафедра Шамсиев А.Г. рисолаи докториро дар Пажӯҳишгоҳи умумирусиявии асппарварии Федератсияи Русия ва соли 2009 Қосимов Р.Б. рисолаҳои доктории худро ҳимоя кардаанд. Ҳайати олимони кафедра имрӯзҳо бо ду мавзӯи илмӣ тадқиқотӣ "Такмили зоти аспҳои тоҷикӣ" (Шамсиев А.Г.) "Ба вуҷуд овардани типи минтақавии гӯсфандони ҳисорӣ" Ҳайитов А.Ҳ., Раҷабов Н.), "Беҳтар кардани сифати пашми гӯсфандони зоти тоҷикӣ" (Қосимов Р.Б., Файзуллоев А.А.) машғул мебошанд. Оид ба ин мавзӯъҳои илмӣ аз тарафи олимони кафедра зиёда аз 276 асару мақолаҳо ба табъ расидаанд.

Кафедраҳо