ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР

Кафедраҳо

Кафедраи Истифодабарии парки мошину тракторҳо

Истифодабарии парки мошину тракторҳо, кафедра моҳи майи соли 1954 ҳамчун кафедраи "Истифодабарӣ ва таъмири парки мошину тракторҳо" ташкил ёфта, аввал аз фанҳои истифодабарии парки мошину тракторҳо, тағйирёбии андоза ва ченкунии техникӣ, таъмири мошинҳо, сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ ба донишҷӯён сабақ меомӯзонид.

Аз соли 1957 кафедра ба омӯзонидани фанҳои техникаи бехатарӣ, комёбиҳои илм ва таҷрибаи пешқадам дар соҳаи механиконии кишоварзӣ ва хизматрасонии техникии парки мошину тракторҳо сар карда буд. Аз соли 1959 ба кафедра номи "Истифодабарии парки мошину тракторҳо" дода шуд. Дар давоми мавҷудияти кафедра шахсони зерин сарварии онро бар ӯҳда доштанд: С.И.Исоев (солҳои 1954 -1958; 1960 1969; 1973 1975), И.А.Арабов (1958 1960), Ш.Б.Шарифов (1968 1973), Э.С.Кароматуллоев (1975-1982; 1994 1997), А.К.Кимсанов (1982 1994).

Аз соли 1997 то имрӯз мудирии кафедраро доктори илмҳои техникӣ, профессор Х.Сафаров бар ӯҳда дорад.

Дар тӯли фаъолияти кафедра дар он шахсони зерин кор кардаанд: Исоев С.И., Арабов И.А., Ашӯров А., Баҳриев С.Х., Бердиев К., Каримов А.Ё., Бозоров Ш.Ш., Кенҷаев С., Ли Бон Гир, Мавлонов У., Маҳмадуллоев Р., Муҳитддинов К.Р., Обидов А.,А., Одинаев А., Отаев Т.О., Ризоев А.Б., Семенов Л.Е., Темирбеков Р.А., Тешаев С.Т., Турсунов Н.С., Филлимонов А.Ф., Юлдошев Ш., Набиҷонов Ш., Солиев М. Марозиқов Қ., Ҷабборов Н.И., Давлатов М.Д.ва дигарон.

Ҳоло дар кафедра доктори илмхои техникӣ, профессор Сафаров Х.С., профессорЭ.С.Кароматуллоев, дотсентон Ҷ.Саъдуллобеков, А.К. Кимсанов ва ассистент Беков М. фаъолият менамоянд. Дар кафедра оиди мавзӯи "Муайян ва ҷобаҷо намудани марказҳои хизматрасонии техникии техникаи кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" корҳои илмӣ тадқиқотӣ бурда мешаванд.

Кафедра бо истеҳсолот алоқаи зич дорад. Дар хоҷагии ба номи Латиф Муродови н. Ҳисор пойгоҳи кафедра арзи вуҷуд дорад, ки дар он ҷо як қисми дарсҳои лабораторӣ-саҳроӣ гузаронида мешаванд.

Имрӯзҳо олимони кафедра дар хоҷагиҳои вил. Хатлон ва н.-ҳои Ҳисор, Турсунзода ва Рӯдакӣ ба корҳои илмӣтадқиқотӣ машғул мебошанд.

Солҳои охир омӯзгорони кафедра 6 китоби дарсӣ, 49 кори методӣ, 97 мақолаи илмӣ, 1 кашфиёти илмӣ, 2 ихтироот ва бештар аз 40 маротиба дар конфронсҳои илмӣ ва тавассути радио ва телевизиони Тоҷикистон оид ба масъалаҳои самаранок истифодабарии техникаи кишоварзӣ баромадҳо кардаанд.

Мудири кафедра профессор Сафаров Х. соли 2007 дар Шӯрои илмии Донишгоҳи аграрии ба номи Н.И.Вавилови ш. Саратови ФР рисолаи докториашро ҳимоя намуд.

Кафедраҳо