ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР

Кафедраҳо

Кафедраи Истифодабарии системаҳои гидромелиороативӣ

Истифодабарии системаҳои гидромелиороативӣ, кафедра. Соли 1980 ҳангоми ҷудо намудани кафедраи "Мелиоратсия ва геодезия" таъсис ёфтааст. Ҳайати аввалини кормандони кафедра аз 8 нафар Холиқов А.Х. номзади илмҳои техникӣ (мудири кафедра), Абдусамадов М.А. номзади илмҳои техникӣ, дотсент, собиқ декани факултет, Ашӯров С.А. номзади илмҳои географӣ, омӯзгори калон, Михайлина Е.И. омӯзгори калон, Муҳаммадов Т.Х. ёваромӯзгор, Ғуломҷонова Ф.Р. ёваромӯзгор, Кириленко Е.К. ва Раҷабова О.С. лаборантон иборат буд.

Аз рӯзҳои аввал, то соли 2004 вазифаи мудирии кафедраро дотсент Холиқов А.Х. ба ӯҳда дошт. Солҳои 2004 2007 дотсент, номзади илмҳои кишоварзӣ Акрамов А.А. ва аз соли 2007, то ҳол вазифаи мудирии кафедраро омӯзгори калон Сафарова Р.Ҳ. ба ӯҳда дорад.

Дар айни замон ҳайати кафедра аз 10 нафар – Сафарова Р.Ҳ. омӯзгори калон, мудири кафедра, Акрамов А.А. номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент, Абдуллоева С.К. номзади илмҳои биологӣ, дотсент, Раҳматиллоев Р. доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор, Сатторов Ш.Ҷ. омӯзгори калон, Раҳимов А.А. ёваромӯзгор, Маҳкамов Х.О. ёваромӯзгор, Мустафоқулов Ф.Р.-ёваромӯзгор, Ҳамроева Г.ва Зиёбекова З.лаборантон иборат аст.

То имрӯз, зиёда аз 15 нафар дипломнависони кафедра ба ҳайси омӯзгор дар факултет мононда шудаанд, ки аз онҳо 2 нафарашон соҳиби унвони илмии номзади илмҳои техникӣ ва кишоварзӣ , 1 нафар доктори илмҳои кишоварзӣ гардидаанд.

Теъдоди мақолаҳои илмии кормандони кафедра аз рӯзи бунёдшавӣ то ҳозир бештар аз 250 мебошад. Ҷидду ҷаҳди кормандон ба муносибати эълон шудани соли 2005-2015 "Даҳсолаи об барои ҳаёт" сафарбар шудааст. Омӯзгорони кафедра барои босифат гузаронидани дарсҳо аз фанҳои мухталиф зиёда аз 150 васоити таълимӣ тайёр намудаанд.

Кафедраҳо