ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОТЕМУР

Кафедраҳо

Кафедраи "Беҳдошти ветеринарӣ"

Бо мақсади таъмин намудани амнияти озуқаворӣ ва тайёр намудани мутахассисони баландпояи соҳаи ветеринарӣ бо фармони ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур таҳти №51 аз 16.06.2011с. дар назди факултети тибби ветеринарӣ, кафедраи беҳдошти ветеринарӣ ташкил ва Иматшоев И.Х. мудири кафедра таъин карда шуд.

Дар кафедра аз рузи таъсисёбиаш дотсентон Иматшоев И.Х. ва Шадыбаева Р.Ҳ., омӯзгорони калон  Шеров Н.Ф., Соҳибов Ш.С. ва Азизов Р.А.,  ёвармуаллимон Абдуллоев Р.С. ва Тупалов А.Ф. кору фаъолият карда истодаанд. Аз рузҳои аввали таъсис ёбиаш кафедра пурсамар фаъолият карда дар тайёр намудани мутахасисони баландпоя ва тайёр намудани китобу дастурамалҳо бо забони давлатӣ равона карда шудааст. Айни ҳол зиёда аз 12 дастурамал ва 3 китоби дарсӣ ба забони давлатӣ тайёр карда шуда барои нашр пешниҳод карда шудаанд.

Дар кафедра аз рӯи 12 фан ба донишҷӯёни факултет, дарс гузаронида мешавад, ки аз инҳо фанҳои зерин; зооантропозоонозҳо ва зооантропаразитҳо, бехатарии биологии маҳсулотҳо, беҳдошти ихтибори ветеринарӣ, молшиносӣ - бехатарии биологӣ ва ихтибори молҳо, беҳдошти микробиологӣ, озмоиши ветеринарии судӣ, назорати давлатӣ дар вақти воридот ва содирот, азназаргузаронии ветеринарии беҳдошти истеҳсолот, назофот бо беҳдошти  хӯрока фанҳои тахасуси ба ҳисоб мераванд.

Мақсади тайёр намудани мутахассисони беҳдошти ветеринарӣ иборат аст:

  1. Пешгирии бемориҳои зооантропозоонозӣ ва зооантропаразитӣ.
  2. Пешгирии воридоти маҳсулоти ғизоии сироятӣ.
  3. Тафтиши беҳдоштию – микробиологии маҳсулоти ғизоӣ.
  4. Ба аҳоли пешниҳод намудани маҳсулоти баландсифати ғизоӣ.
  5. Ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон ва ҳайвонот.
  6. Назорати беҳдоштию - назофоти аз болои фаъолияти муассисаҳои коркарди маҳсулоти чорводорӣ.

Кафедраи беҳдошти ветеринарӣ фаъолияти худро бо ҳамкории дуҷониба бо ММТБ. ҶТ ва озмоишгоҳҳои беҳдошти ветеринарии бозорҳои ноҳияҳои марказӣ ва берун аз марказ ба роҳ мондааст.

Дар тули фаъолияти худ кафедра зиёда аз 40 нафар мутахассисони соҳаи беҳдошти озмоиши ветеринарӣ барои истеҳсолот тайёр ва сафарбар намудааст, ки айни ҳол онҳо баҳри таъмин намудани амнияти бехатарии озуқаворӣ кору фаъолият намуда истодаанд.

  

Кафедраҳо