Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Кафедраи Агрохимия ва хокшиносӣ, кафедра

 

ИБРОҲИМОВ Насим Шогадоевич,
мудири кафедраи агрохимия ва хокшиносии номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент

 Кафедраи пойгоҳӣ ва тахассусии факултет буда, соли 1934 дар якҷоягӣ бо кафедраи зироаткории умумӣ ва соли 1938 мустақилан фаъолият дорад. Аввалин мудири кафедра Ходими хизматнишондодаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор А.М. Мещеряков (1938-1980) буд. Минбаъд сарварии кафедраро профессор И.Э. Эшонов (1980-1982), профессор Ҳ.Ҷ. Ҷумонқулов (1982-1994), дотсент Р.Д. Бобоев (1994-2001), дотсент Р.Б. Боймуродов (2002-2018) ва аз соли 2018 то ба имрӯз дотсент Иброҳимов Н.Ш. ба ӯҳда дорад.

Дар солҳои гуногун олимони намоён профессорон И.Э. Эшонов, В.В. Чербар, Ҳ.Ҷ. Ҷумонқулов, С.Р. Сангинов, Ю.А. Акрамов, М.С. Султонов, Бобов Р.Д., дотсентон А.И. Горбонов, Б.Я. Кутеминский, Р.С. Леонтева, И.М. Халилов, Н.Н. Зевакин, Г.Г. Бикбулатова, С.Б, Ҷӯраев ва асcистент М.В. Тетерина дар кафедра фаъолияти пурсамари омӯзгорию илмӣ кардаанд.

Ҳоло дар кафеда аз рӯйи 16 фан профессор Ҳотамов М.Т., дотсентон Иброҳимов Н.Ш., Боймуродов Р.Б., Бобохонова З.Қ. ва омӯзгори калон Муродов А.А., ассистентҳо Шакаров Н, Асроров А ва Эмомов И. дарс мегӯянд.

Кафедра маркази муҳими тадқиқоти илмӣ дар соҳаи кимиёи агрономӣ ва хокшиносӣ мебошад, ки дар он олимони шинохта А.М. Мешеряков, Ҳ.Ҷ. Ҷумонқулов, И.Э. Эшонов, Р.Э. Рашидов, Н. Артамонова, Л. Алехина, Р. Яковлева, К. Маҷидов, Р. Давлатов, Р.Д. Бобоев, М.С. Суннатов, Р.Б. Боймуродов, З.Қ. Бобохонова рисолаҳои илмӣ дифоъ намудаанд. Аз рӯзи таъсис то ҳоло дар кафедра 6 доктори илм ва 30 нафар номзади илм кори илмии хешро ба сомон расонидаанд.

Кафедра барои омода намудани ихтисоси 740205-"Агрокимиё ва хокшиносӣ махсус гардонида шудааст. Дорои 4 санҷишгоҳи кимиёи агрономӣ ва хокшиносӣ буда, ҳамаи онҳо бо лавозимоти таълимӣ таҷҳизонида шудаанд. Тӯли мавҷудияти худ беш аз 800 нафар мутахассиси кимиёи кишоварзӣ ва хокшиносиро омода ва ба истеҳсолот тайёр намудааст.

Олимони кафедра тӯли солҳои охир дар мавзӯи «Омӯзиши таъсири нуриҳои минералӣ дар нашъунамои зироатҳои кишоварзӣ» кори илмӣ анҷом дода, 3 монография, 7 китоби дарсӣ, 5 дастури услубӣ, 57 мақолаи илмӣ, 4 тавсиянома рӯйи чоп овардаанд. Ҳамчунин аз рӯйи корҳои илмии хеш соҳиби 2 шаҳодатномаи муаллифӣ гардидаанд.