Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Кафедраи ҳарбӣ

 

ШАМСУДИНОВ Камол, мудири кафедраи ҳарбӣ полковник

 

Кафедраи ҳарбии Донишгоҳи аграрии Тоxикистон  яке аз аввалин кафедраҳои ҳарбӣ дар кишварамон мебошад. Соли 1941 дар ибтидои Ҷанги Бузурги Ватанӣ кабинети ҳарбӣ таъсис дода шуд.Ба он супориш дода шуд,ки ҳамаи донишҷӯён ва профессорону муаллимони донишгоҳро ба таълими ҳарбӣ фаро гирад. Донишҷӯёну омӯзгорон пас аз таълими ҳарби гирифтан ба муҳофизати Ватан сафарбар шуда, дар майдони ҷанг шуҷоату қаҳрамони нишон доданд.

Соли 1944 кабинети ҳарбии донишгоҳ ба кафедраи ҳарбӣ табдил дода шуд ва сарвари он иштирокчии ҶБВ подполковник Н.И.Рытиков таъин гардид.Солҳои баъди ҷангӣ дар кафедра афсарони аз имтиҳони ҶБВ гузашта – Н.И.Поляков, Қ.Шарипов, Е.Н. Кантария, В.Н..Василенко, А.Х.Борисов, Г.Д. Агарков ва дигарон хизмат карданд.Сарварии кафедраро подполковникҳо Е.Н. Кантария, (солҳои 1949-1950), Н.И.Поляков (солҳои 1950-1954), А.Иркаев (солҳои 1954-1960) ба ӯҳда доштанд.

Моҳи январи соли 1961 бо қарори КМ Ҳизби Коммунистии Иттиҳоди Шуравӣ, тайёрии ҳарбӣ дар  донишкадаҳои олӣ ва миёнаи махсус  бекор гардид ва кафедраи ҳарбии ДЛонишгоҳи аграрӣ барҳам хурд.

Моҳи августи соли 1965 мувофиқи қарори Шӯрои Вазиирони Иттиҳоди Шӯравӣ, аз 15 мартии соли 1965 ва Қарори Шӯрои олии Иттиҳоди Шӯравӣ аз 2 майи соли 1965 дар Донишгоҳи аграрии боз аз нав кафедраи ҳарбӣ ташкил гардид ва сардори он полковник А.М.Власов таъин шуд.

Аз моҳи ноябри соли 1982 то соли 1993 полковник Р.Д.Рой сардори кавфедра буд.

Бояд зикр кард,ки пас аз таъсисёбии Артиши миллӣ сарварии кафедраро полковник Авазали Бекташов (солҳои 1993-1996),подполковник Юлдош Шарипов (солҳои 1996-1997),полковник Эмомали Ҳаитов (солҳои 1997-2001), полковник Асрор Салимов (солҳои 2001-2008), ба ӯҳда доштанд. Подполковник Исмоилов Чурабек аз соли 2008 то соли 2009 иҷрокунандаи вазифаи сардори кафедраи ҳарбиро ба ӯҳда дошт.Полковник Бутаев Гулмаҳмад Тоирович аз соли 2009 то соли 2017  аз Соли 2017 то инҷониб полковник Шамсудинов Камол Асоевич  вазифаи сардори кафедраи ҳарбии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемурро ба уҳда дорад.

Кафедраи ҳарбии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон бо байрақи Сурхи сайёри Шӯрои ҳарбии ҳавзаи Осиёи миёна ва 7 маротиба бо ифтихорномаи фахрӣ ва ифтихорномаи фармондеҳи Қушун сарфароз гардидааст.

Дар 26 соли фаъолияташ зиёда аз 13000 афсарони эҳтиётӣ тайёр кардааст, ки як қисмашон дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои қудрати хизмат карда истодаанд.

 

Кафедраи ҳарби дар асоси фармони якҷояи Вазорати мудофиа ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, №72/73 аз 20.04.1994 ба роҳ монда шуда буд. Ҳоло бошад кафедраи ҳарбӣ фаъолияти худро мутобиқи моддаи 17-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», Қонувни ҶТ «Дар бораи маориф»,Қарори Ҳукумати ҶТ №344 аз 30.05.соли 2014 «Низомномаи ташкил ва ба роҳ мондани таълим дар кафедраҳои ҳарбии муасиссаҳои олии касбии давлатӣ», фармони вазири мудофиаи ҶТ №485 аз 26.07 соли 2014 ва фармоиши вазири маориф ва илми ЧТ №1576 аз 29.07 соли 2014 «Дар бораи тасдиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба кафедраҳои ҳарбии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатии ҶТ», фармони вазири мудофиаи ҶТ №587 аз 06.09. соли 2014, ва Оинномаҳои умумиҳарбӣ ба роҳ мондааст.

Кафедраи ҳарби донишҷӯёнро аз рӯйи ду ихтисос омода менамояд.
1. ИБҲ – 021001 «Командири взводи савораи тирандоз дар мошинҳои пиёданизом».
2. ИБҲ – 420100 «муовини комнадири рота оид ба аслиҳа»

Кафедраи ҳарбии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур аз чор сикл иборат аст:

1.Сикли тайёрии тактикӣ
2.Сикли тайёрии умумиҳарбӣ
3.Сикли тайёрии оташфишонӣ
4.Сикли тайёрии техникӣ

Ба нақшагирии корҳои таълимӣ аз рӯи семестрҳо

курси 2 - семестри   4-ум
курси 3 – семестри 5-ум ва 6-ум
курси 4 – семестри 7-ум ва 8-ум
курси 5 – семестри 9-ум

- миқдори умумии афсарон дар кафедраи ҳарбии Донишго{и аграрии Тоҷикистон  ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур  мувофиқи штат 14 нафарро ташкил медиҳанд.

Сардори қисми атъим- муовини сардори кафедра полковник Каримов С.С, сардори сикли тайёрии умумиҳарбӣ подполковник Қаландарзода И.М, сардори сикли тайёрии техникӣ подполковник Сафаров  З.Ф, сардори сикли тайёрии оташфишонӣ подполковник Қодиров Ш.А, сардори сикли тайёрии тактикӣ подполковник Комилиён Ҳ.С, муаллими калони сикли тайёрии умумиҳарбӣ подполковник Раҷабов А.Н, муаллими калони сикли тайёрии техникӣ подполковник Ҳабибов С.С, муаллими  сикли тайёрии техникӣ майор Кариев Т.З, муаллими калони сикли тайёрии оташфишонӣ подполковник Маниёззода Д.М, муаллими калони сикли тайёрии тактикӣ подполковник Қориев Б.У, муаллими сикли тайёрии тактикӣ лейтенанти калон Сулаймонзода Б.С, иҷрокунандаи массъул оид ба корҳои кадрӣ прапоршики калон Носиршоевав Х.Б, мутахассиси пешбар Одилов К. муаллими калони сикли тайёрии техникӣ майори эҳтиёт Миралиев И, муаллими сикли тайёрии оташфишшонӣ лейтенанти хурди эҳтиёт Косимов Б. аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Дар кафедраи ҳарбии ДАТ ба номи Ш.Шоҳтемур таълиму тарбия дар асоси фармони ВМҶТ,фармони Вазири маориф ва илми ҶТ, Оинномаҳои Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ, директиваҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ба роҳ монда шудааст. Дар асоси ҳуҷҷатҳои мазкур дар кафедра нақша-чорабиниҳо оид ба мустаҳкам намудани интизоми ҳарбӣ тартиб дода шуда, мувофиқи он ҳамаруза бо донишҷӯён корҳои фаҳмондадиҳӣ ба мақсади дар онҳо ташаккул додани ҳисси баланди сиёсӣ, зиракӣ, содиқ будан ба ватан, мардонагӣ, ҷасорат, пуртоқатӣ омузонида мешавад.

- мувофиқи нақша чорабиниҳои тарбияи харбӣ – ватандустии донишҷӯён ҷамъомадҳо дар мавзӯи «Вазифаҳои тайёрии ҳарбӣ дар соли хониши нав», суҳбат дар мавзӯи «Техникаи ҳарбӣ ва тарақиёти ояндаи он», суҳбати дар мавзӯи «Сифатҳои ахлоқии афсарони Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», суҳбат дар мавзӯи «Тоҷикистони соҳибистиқлол», суҳбати алоҳида бо донишҷӯён оид ба муносибати байниҳамдигарии онҳо дар коллектив ва паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маҷлиси Олӣ  гузаронида шуд. Ва дар назар аст , ки  рузи 21.02.2019  маҷлиси васеъ дар толори факултети Зооинжинери бахшида ба 27-умин солгарди ташкилёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Тарбияи ҳарбӣ – ватандустӣ яке аз масъалаҳои муҳимтарин Консепсияи миллии тарбия ба шумор рафта, кафедра аз рӯи он амал мекунад. Он дар донишҷӯён ташаккул додани сифатҳои баланди маънавӣ, сиёсӣ, ҷангӣ ва руҳиро барои иҷрои вазифаи муққадаси конститутсиони- ҳимояи Ватан бедор мекунад аз ин рӯ афсарони кафедраи ҳарбӣ ҳамаи кушишҳоро ба он равона мекунанд, ки ба донишҷӯён хислатҳои дар боло зикршударо омӯзонанд.

Ҳуҷҷатгузории кафедраи ҳарбӣ мутобиқи талаботи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба пурраги ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла: нақшаҳои дарсӣ, барномаҳои таълимӣ, дастурҳои методӣ, журналҳои синфӣ, овезаҳо дар роҳравҳо, дар синфхонаҳо  ва  утоқхои корӣ.

- дар кафедраи ҳарбӣ то имрӯз ҳамаи дастурҳо, лавҳаҳо ба миқдори умумӣ 76 дона бо забони давлатӣ тарҷумашуданд.

- ҷаласаҳои кафедраи ҳарбӣ мувофиқи нақшаи солона гузаронида ва муҳокима шуда қарорҳо қабул карда мешаванд.

- адои хизмати шабонарӯзӣ навбатдорӣ дар дохили кафедраи ҳарбӣ мувофиқи оинномаи хизмати дохилӣ дуруст ба роҳ монда шуда ва афсароне, ки барои навбатдории шабонарӯзӣ таъин мегарданд, ба онҳо дастурамал гузаронида мешавад.

- нигоҳубин ва истифодаи дурусти ҳамаи биноҳо, парки техникӣ инчунин иншоотҳои таълимӣ барои кафедраи ҳарбӣ ҷудо карда шуда нигоҳ доштани тозагии қитъаҳои кафедраи ҳарбӣ ва тадбирҳои гузаронидани амалҳои зидди сухтор дар кафедраи ҳарбӣ xавобгe мебошад          

- интизоми ҳарбӣ дар кафедраи ҳарбӣ дуруст ба роҳ монда шудааст. Барои мустаҳкам намудани тартибу интизом дар кафедраи ҳарбӣ аз тарафи роҳбарияти кафедраи ҳарбӣ, Раёсати кардҳо ва таълимоти ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҷурии  Тоҷикистон ва инчунин бо кормандони агентии молиявии давлатии мубориза бо коррупсияи Ҷумхурии Тоҷикистон  корҳои фаҳмондадиҳи барои пешгири намудан ва вайрон намудани қонунҳо ҷаласаҳо гузаронида шуд.

 -ҚАБУЛИ ДОНИШҶӮЁН

Мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №344 аз 30 майи соли 2014 «Низомномаи ташкил ва ба роҳ мондани таълим дар кафедраҳои ҳарбии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатӣ», фармони вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон №485 аз 26 июни соли 2014 «Дар бораи ба кафедраи ҳарбӣ ҷалб намудани донишҷӯёни ДАТ» кафедраи ҳарби нақша чорабиниҳо оид ба қабули донишҷӯёни курси 2-юми ДАТ тартиб дода шуда, донишщҷӯён танҳо баъд аз гузаронидани муоинаи тибби дар назди комиссариати ноҳияи И.Сомони ки қобили хизмати ҳарби дониста мешаванд ҷалб карда мешавад.

Раванди таълим дар кафедраи ҳарбӣ мувофиқи реҷаи кории тасдиқгардидаи ректори донишгоҳ дар ду баст ба роҳ монда шудааст.