Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Кафедраи "Фалсафа ва сиёсатшиносӣ"

РАҲМАТОВ Убайдулло Неъматович, 
мудири кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносӣ, номзади илмҳои фалсафа, дотсент 

Кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносӣ дар оғози  бунёди  донишгоҳ дар ҳайати кафедраи фанҳои умумиҷамъиятӣ ташкил  ёфта буд. Баъдан соли 1968  кафедра  мустақил шуда, ҳайати  онро  якчанд  дотсентон ва ёвар-устодон ташкил  менамуданд. Сарвари аввалини  кафедра дотсент Одилов  Н.Ф.  таъин  шуда  буд. Як муддати   муайян   ба   тариқи ҳамкор сарварии кафедраро академик М. Диноршоев ба зимма доштанд. Дар солҳои гуногун ба кафедра профессорон Комилов М.К., Тағоев Ҷ.С. ва дотсент Д. С. Победимский роҳбарӣ    мекарданд. Аз соли 2000-ум то сентябри соли 2015 вазифаи  мудири кафедраро доктори илмҳои фалсафа, профессор  Идиев Х.У.  ба уҳда дошт. Аз моҳи сентябри соли 2015 то ҳол ин вазифаро номзади илмҳои фалсафа Раҳматов А. иҷро менамояд. 

Аз 25 нафар устодони кафедра 1 нафар  профессор, 6 нафар номзади илм, 4 нафар устоди калон, 14 нафар ассистент ба донишҷӯён дарс медиҳанд. Дар кафедра ба тарбияи кадрҳо аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. 

Дар назди кафедра ду маҳфили донишҷӯён "Ҳикмат" ва "Сиёсат" фаъолият мекунанд, ки дар доираи онҳо донишҷӯён маҳорати муҳокимаронӣ оид ба масоили мубрами ҳаёти ҷомеа ва санъати тасдиқу баёни андешаи фардиро аз худ мекунанд. Аъзоёни маҳфилҳои мазкур пайваста дар олимпиадаю озмунҳои ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд. 

Пешбурди корҳои илмӣ яке аз ҷанбаҳои сермаҳсули фаъолияти кафедра маҳсуб мешавад, ки табъу нашри асарҳои зиёди устодон аз он шаҳодат медиҳад. Қисми бештари ин асарҳо марбут ба соҳаи ҷамъиятшиносӣ буда, то имрӯз аксарияти муҳаққиқони ҷомеаи тоҷик дар ҳолати пешбурди корҳои илмиашон аз онҳо фаровон иқтибос мекунанд. 

Ҳамкории илмии кафедра бо ташкилоту муассисаҳои таҳқиқотии ватаниву хориҷӣ васеъ ба роҳ монда шудааст.