Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Кафедраи "Ҳифз ва карантини растаниҳо"

Mirzoev Tavakal

  

МИРЗОЕВ Тавакал Каримович,
мудири кафедраи ҳифз ва карантини растаниҳо, номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент

Кафедраи «Ҳимояи наботот» соли 1968 таъсис  ёфтааст. Аз соли 1968 то имрӯз  зиёда аз 1700 хатмкунандагон дар самти ҳифзи растаниҳо ва карантин ва дигар соҳаҳо фаъолияти босамарро иҷро карда истодаанд.

 Нахустин мудири кафедра доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор М.Я. Менликиев буда, дар ин вазифа  солҳои 1968 – 1980 ва 1983-1992 кор карда, хизматҳои босазое намудааст. Солҳои минбаъда вазифаи мудири кафедраро шахсони зерин ба уҳда доштаанд: номзади илмҳои кишоварзӣ дотсент Келимбетов П.К. (с. 1980-1983),  д.и.к., профессор  В. С. Мадаминов (с.1993-2002), д.и.к., профессор  М.М. Тошпӯлотов (с.2002-2010), н.и.к., дотсент И.С.Тешаев (с. 2010-2011), аз соли 2011 то ин ҷониб вазифаи мазкурро д.и.к., профессор Қ.Ҳ. Қаҳоров ба ӯҳда дорад.  Аз моҳи сентябри соли 2015 бо дастгирии ректори донишгоҳ, муҳтарам Салимзода А.Ф. вобаста ба талаботи имрӯза номгӯйи кафедра ба  «Ҳифз ва карантини растаниҳо» иваз карда шуд.

Дар солҳои гуногун дар кафедра омӯзгорони зерин: профессор Мадаминов В.С., дотсентон Келимбетов П.К., Исроилов У.Р., Абдулхаирова С.С., Султанова М.Ҳ., Уроқов Б.Э., Исроилов У.Р., Семиколенова Н.И., Шомирсаидов Ш.Ш., Назарова Ш.Д., Тайманов Ш.И., Чалилов А.У., Ахмедов А., Амонов М.Ҳ., Алибаева М. омӯзгорони калон Солиев Ш.Т., ассистентон Каримов З., Абдунабиев Ф.С., Шарипова Н.У., Яфарова Н., Меликов Қ., Ҳимматова С., Восиева Д. ва Абдуллоев Б. кору фаъолият намуданд.            

Коллективи босалоҳияти кафедра: профессорон Тошпулотов М.М., Мухитдинов С.М., Қаҳоров Қ.Ҳ., дотсентон Тешаев И.С., Мирзоев Т.К., омӯзгори калон Аёмбекова А.Х., ассистентон Бобоазизов Д.А., Орзуев М.О. ва дигар омӯзгорони собиқадору ҷавон омадаанд, ки дар оянда низ барои тайёр намудани мутахассисон чораҳои зарурӣ андешанд. 

Дар айни замон дастпарварони кафедра дар тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ ва берун аз он дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва мақомоти роҳбарикунанда бомуваффақият кор мекунанд. Дар байни онҳо бисёр қаҳрамонони меҳнат, ходимони намоёни ҷамъиятӣ ва давлатӣ, роҳбарони корхонаҳои калони комплексии агросаноатӣ, муассисаҳои илмӣ, докторҳо, профессорҳо ва дотсенту номзадҳои илм ҳастанд. Бояд қайд кард, ки хатмкардагони кафедра дар даврони истиқлолият вазифаҳои масъули давлатиро иҷро намуда, дар рушди иҷтимоию иқтисодии ватани азизамон саҳми арзанда гузошта истодаанд.

Дар назди кафедра озмоишгоҳи таълимӣ-истеҳсолии «Бионтинсекта», санҷишгоҳҳои ҳашаротомӯзӣ ва ҳимояи биологию химиявии набототи ҳозиразамон мавҷуданд. Донишҷӯён дар кафедра аз рӯйи зиёда аз 15 фанҳои ихтисосӣ машғулиятҳои озмоишую амалӣ ва корҳои мустақилонаро  меомӯзанд.

Омӯзгорони кафедра ба донишҷӯёни шуъбаҳои рӯзона ва ғоибхонони факултетҳои агрономӣ, агробизнес, боғдорӣ ва биотехнологияи кишоварзӣ аз фанҳои гуногуни кафедра дарс медиҳанд. 

Корҳои илмӣ –тадқиқотӣ

Корҳои илмию тадқиқотӣ дар кафедра аз рӯзи таъсис ёфтани он оғоз ёфта, олимону омӯзгорон тибқи шароитҳои табиии Тоҷикистон ва талаботи хоҷагии кишоварзӣ ба тадқиқоти илмӣ даст задаанд. Дастовардҳои илмии онҳо вобаста ба масъалаҳои зерин сурат гирифтааст: Биология ва дигаргуншавии барангезандаи паҷмурдашавии фузариозии пахта, алоқаи он бо растании соҳибхона ва патогенҳои хок (профессор М.Я.Менликиев); бактерияҳои эндофитии пахта (профессор М.Я.Менликиев: дотсент М.Х.Султонова, ассистент Н.У.Шарипова); биология ва фенологияи кирми зироатҳои тирамоҳӣ ва пахта дар водии Вахш (профессор С.М.Мухитдинов); самаранокии истифодабарии таркибҳои микробиологй дар мубориза ба мукобили зараррасонхои пахта (дотсент У.Р.Исроилов); Нематодҳои муфтхӯр дар навъҳои пахтаи маҳиннах (51 намуд). Биология, зараррасонӣ ва паҳншавии нематодаҳои ғуруми пахта, мавқеи он дар паҳншавии паҷмурдашавии фузариозӣ (дотсент Н. И. Семиколенова); Намудхо, биология ва зараррасонии ганданафасакҳои растанй (профессорон В. С. Мадаминов, М. М. Тошпулотов, дотсент С. С. Абдулхаирова). Биология, экология ва зараррасонии ширинчахои зироатхои хӯшадор: (дотсент С. С. Абдулхайрова). Самаранокии инсектоакаритсидҳои нав ва нематитсидҳо; (профессорон В.С.Мадаминов, М.М.Тошпулотов, дотсентон С.С.Абдулхаирова, Н.И.Семиколенова); Касалиҳои лимӯ дар шароити гармхона: (дотсент Б.Э.Уроқов); Ҳашарот-зараррасони маҳсулоти хоҷагии кишоварзӣ (57 намуд); (дотсент П.К.Келимбетов); Хусусиятҳои биоэкологӣ ва зараррасонии гамбӯсаки колорадой дар шароити Тоҷикистон (профессор Қ.Ҳ.Қаҳоров); Намуд, хусусиятҳои биологӣ, экологӣ, зараррасонӣ ва табоварии навъҳои пахта ба сафедболакҳо: (усули биологӣ бар зидди кирми пахта дар шароитҳои ноҳияҳои вилоятҳои Суғду Хатлон, биопеститсидҳо бар зидди зараррасонҳои зироатҳои кишоварзӣ (профессор М.М. Тошпулотов).

Барои солҳои 2016-2020 аз тарафи кафедраи «Ҳифз ва карантини растаниҳо» лоиҳа дар мавзӯъҳои «Коркарди ҳимояи интегратсионии помидор аз зараррасонҳо ва касалиҳо дар шароити Водии Ҳисор» ва  «Коркарди маҷмӯи ҳимояи пахта ва харбузаю тарбуз аз сафедболак дар шароити Тоҷикистон» пешниҳод карда шуданд. Лоиҳаҳаи мазкур аз тарафи АИ кишоварзии Тоҷикистон ва АИ Тоҷикистон дастгирӣ ёфт, ки ҳайати омӯзгорони кафедра корҳои илмӣ-тадқиқотии худро дар пахта ва зироатҳои полизию сабзавотӣ гузаронида истодаанд.

Ғайр аз ин омӯзгорони кафедра аз рӯйи мавзӯе, ки аз тарафи раёсати донишгоҳ тасдиқ карда шудааст «Технологияи интенсивии парвариши меваю сабзавот ва чораҳоимуборизабарзиддизараррасонҳоюкасалиҳо» кору фаъолият менамоянд. 

Натиҷаи корҳои илмӣ-тадқиқотии олимони кафедра дар 5 адад монография, 22 китоб, 42 тавсиянома ва  зиёда аз 800 мақолаҳои илмӣ нашр гардидаанд. Аз он ҷумла дар 5 соли охир 8 тавсиянома ва 15 буклет барои хоҷагидорону фермерон аз чоп бароварда шудаанд. Омӯзгорони кафедра оид ба ихтироотии фунгитсидҳо, инсектитсидҳо ва таркибҳои биологӣ зиёда аз 10 адад патенту шаҳодатномаҳои муаллифӣ ба даст оварданд.

Дар асоси корҳои илмию тадқиқотӣ олимони кафедра 5 рисолаҳои докторӣ, 22 рисолаҳои номзадӣ ҳимоя намуданд.

Дар кафедра  се  соли охир 5 нафар аспиранту унвонҷӯён рисолаи номзадӣ ва 1 нафар рисолаи докторӣ   дифо намудаанд (аз ҷумла 1 нафар шаҳрванди хориҷӣ).

Кафедраи мазкур аз рӯйи  ихтисоси 1-74.02.03. – Ҳифзи растаниҳо ва карантин аспирантҳо, унвонҷӯён ва магистри кишоварзӣ тайёр мекунад.

Бояд қайд намуд, ки соли ҷорӣ бо ташаббус ва хизматҳои арзандаи роҳбари донишгоҳамон муҳтарам профессор Салимзода А.Ф. ихтисоси нав1-74.02.03.06-Пешгӯйи ва огоҳии организмҳои зараррасон кушода шуд. Аз 1 сентябри соли ҷорӣ ба ин ихтисоси нав зиёда аз 25 нафар донишҷӯён қабул карда шудаанд.

Робитаи иҷодии кафедра:

Кафедраи ҳифз ва карантини растаниҳо бо як қатор пажӯҳишгоҳҳо ва донишгоҳҳои Россия (Москва, Санкт-Петербург), Украина (Киев) ва дохили ҷумҳуриамон алоқаи зичи илмӣ-методӣ дорад.

Ба ғайр аз ин кормандони кафедра бо истеҳсолот, алалхусус бо хоҷагиҳои фермерӣ (деҳқонӣ), алоқаи зичи илмию истеҳсолӣ доранд. Аз ҷумла раисони хоҷагиҳои фермерӣ (деҳқонӣ), мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, соҳибкорони инфиродӣ, фермерон барои ҳалли масъалаҳои гуногуни соҳаи ҳимояи растаниҳо ба кафедра муроҷиат менамоянд ва омӯзгорони кафедра ба онҳо кӯмаки амалии худро мерасонанд.