Кафедраи ихтиология ва физиологияи ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ
АЗИЗОВ Фарух Фатҳулоевич,
мудири кафедраи ихтиология ва физиологияи ҳайвонноти хоҷагии қишлоқ, номзади илмҳои кишоварзӣ
Кафедраи анатомия ва физиологияи ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ соли 1944 таҳсис ёфтааст. Асосгузори он омӯзгори калон Коновалова М. Ф. ба ҳисоб меравад. Баъдан кафедраро бо кафедраи анатомия, физиологияи ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ ва зоология табдил доданд. Дар солҳои гуногун роҳбарии онро шахсони зерин ба ӯҳда доштанд: дотсент Руденко П.Д. (1954-1963), профессор Авессаломов И.С. (1963-1966), аз соли 1966 то соли 2007 кафедра бо номи кафедраи физиология ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ фаъолият мекард. Бо мақсади таъмин намудани талаботи хоҷагии қишлоқи ҷумҳурӣ бо кадрҳои баландихтисос дар соҳаи моҳипарварӣ бо фармони ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2007 № 82 кафедра бо номи ихтиология ва физиологияи ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ таъсис дода шудаст. Мудирии онро аз соли 1966 то соли 1976 дотсент Шелковский Н.А., аз соли 1976 то соли 1984 профессор Шамсиев М.А., аз соли 1984 то соли 1989 дотсент Самиев А.С., аз соли 1989 то соли 1995 дотсент Холиқов Ҷ.Р., аз соли 1995 то соли 2000 профессор Шамсиев М.А. аз соли 2000 то 2012 профессор Ҳаитов А.Ҳ., аз соли 2002-2016 дотсент Юсупов А.Я. сарварӣ доштанд. Аз соли 2016 инҷониб мудирии кафедраро н.и.к. Азизов Ф.Ф. ба ӯҳда дорад.
Ҳоло, дар кафедра 7 нафар устодон фаъолият доранд. Аз он ҷумла 3 нафар дотсент, номзадҳои илм, ва 2 нафар омӯзгорони калон ва 2 нафар ассистент фаъолият намуда истодаанд. Кафедра дорои 3 озмоишгоҳ, осорхонаи муҳофизати табиат ва зоология, инчунин 5 синфхонаи таълимиро дар бар мегирад.
Дар назди кафедра ду маҳфили илмии донишҷӯён аз фанҳои зоология ва физиология амал мекунад, ки зиёда аз 20 нафар донишҷӯёни хубу аълохонҳои факултетҳои зооинженерӣ ва тибби ветеринариро дар бар мегирад.
Дар кафедра аз соли 2016 боз аз рӯйи мавзӯи «Методҳои интенсификасия ва баланд бардоштани ҳосилнокии кӯлҳои моҳипарварии водии Ҳисор дар солҳои 2020-2025» ба таври комплексӣ машғуланд.
Дар давоми 10 соли охир зиёда аз 100 номгӯи корҳои илмию методӣ ва тавсияномаҳо навишта аз чоп баровардаанд. Аз он ҷумла китобҳои дарсӣ аз фанҳои физиологияи