Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Кафедраи "Хоҷагии ҷангал ва бунёди чаманзор"

 

ХОЛОВ Зафар Наътулоевич,
мудири кафедраихоҷагии ҷангал ва бунёди чаманзор,номзади илмҳои кишоварзӣ 

Кафедраи хоҷагии ҷангал ва бунёди чаманзор дар соли 1996 дар назди факултети меваю сабзавотпарварӣ, ангурпарварӣ ва  биотехнологияи кишоварзӣ бо номи кафедраи  ҷангалпарварӣ барои тай  кардани мутахассисон   аз рӯй ихтисоси 26.04.00 «Ҷангалпарварӣ» таъсис дода шуд. Аз соли 1998  қабули донишҷӯён ба ин ихтисос сар шуд. Асосгузор ва аввалин мудири кафедра д.и.б., профессор Нимадҷонова К.Н. мебошад, ки дар давоми 14 соли роҳбарӣ кафедраро ташкил кардааст. Дар с. 2007 ихтисоси нав 26.05.00 «Бунёди чаманзор» таъсис дода номи  кафедра ба хоҷагии ҷангал ва бунёди чаманзор  иваз карда шуд. Ҳоло дар кафедра аз рӯйи ду ихтисос 1-75.01.01.01 «Ҷангалпарварӣ ва илми ҷангалпарварӣ» ва 1-75.02.01 «Бунёди боғу истироҳатгоҳҳо» бакалавр тайёр карда мешавад. Инчунин дар назди кафедра магистратура низ фаъолият дорад.

Солҳои 2013-2015  кафедраро дотсент Сатторов Ҷ.С. роҳбарӣ кардааст ва ҳоло вазифаи мудири кафедраро аз соли хониши 2015-2016 сар карда хатмкардаи ҳамин кафедра, дотсент Холов З.Н. ба уҳда дорад. Барои ташкил намудани сохтори кафедра ва таъмини раванди таълим бо омӯзгорони соҳавӣ, олимон, мутахассисони соҳавӣ ва кормандони бо таҷриба ва хатмкардагони Институти ҷангали Федератсияи Россия  ва Украина ба сифати устод барои дарс додан ҷалб карда шуданд. Иқтидори педагогию  илмии кафедра имрӯз ба талаботи Стандарти давлатии маълумоти олӣ пурра ҷавобгӯ мебошад. Ҳоло дар кафедра профессорон: д.и.к. Ахмадов Ҳукматулло Махмудович, академики АИКТ, д.и.б., профессор Нимадҷонова Кимёҷон, академики ШТ АИБМО, дотсентон: н.и.к. Холов Зафар Наътулоевич,  Худойқулов Бахтовар Субҳонович, омӯзгори калон Каримов Ҳасан Сайфуллоевич,  ассистент Шералиев Зиёдулло Абдуғаниевич фаъолият мекунанд, ки 4 нафари онҳо хатмкардаи кафедраи мазкур мебошанд.                    

Аз соли таъсисёбӣ то имрӯз дар кафедра ба хоҷагиҳои ҷангал 126 нафар мутахассис, 217 нафар бакалавр, 7 магистри соҳаи ҷангалпарварӣ ва барои хоҷагиҳои ободонии шаҳру деҳот 103 бакалавру 2 нафар магистр тайёр карда шудааст. Шумораи довталабон барои дохил шудан ба ихтисоси ҷангалпарварӣ ва бунёди чаманзор ҳамасола зиёд шуда истодааст.

Ҳоло ҳамаги дар кафедра 227 донишҷӯ таҳсил карда истодаанд, ки аз он ҷумла 149  нафар дар ихтисоси ҷангалпарварӣ  ва 78 нафар дар ихтисоси бунёди чаманзор.

Професорони кафедра дар тайёр кардани омӯзгорони ҷавони унвони илмидор ба як қатор муваффақиятҳо ноил гаштаанд. Дар солҳои фаъолияташ дар кафедра таҳти роҳбарии профессорони  кафедра ҳамагӣ 13 нафар номзади илм ва 2 нафар доктори илм тайёр шуда рисолаи илмиро ҳимоя намуда,  аксарияти онҳо дар  донишгоҳ ва институтҳои илмӣ тадқиқотии кишвар кору фаъолият менамоянд.

Мутахассисоне, ки дар ин кафедра тайёр карда мешаванд, маълумоти пурра оид ба ҷангалпарварӣ мегиранд. Онҳо масъалаҳои ниҳолпарварӣ, тухмипарварӣ, ташкил ва танзими хоҷагии ҷангал, кабудизоркунӣ, инкишофи боғдории лалмӣ ва чормағзпарварӣ, муҳофизати замин ва муҳити зистро аз вайроншавӣ  ҳаматарафа меомӯзанд.

Дар давоми таҳсил ҳангоми таҷрибаомӯзӣ  таркиб ва сохтори хоҷагии ҷангалро хаткунандагон омӯхта маводҳои илмӣ ҷамъ мекунанд ва рисолаи хатмро дар асоси натиҷаи мушоҳидаи худ навишта барои дифоъ пешниҳод менамоянд. Баъзе аз хатмкунандагон натиҷаи ба даст овардаашонро, ки ҷолиби диққат мебошад,  дар намуди мақолаи илмӣ нашр менамоянд.   

Хатмкунандагони кафедраи хоҷагии ҷангал ва бунёди чаманзор дар оянда дар сохторҳои гуногуни хоҷагиҳои ҷангал ва экология, ободонию  кабудизоркунии назди ҳукумати шаҳриву ноҳиявӣ ва ғ. дар вазифаҳои гуногун фаъолият карда, метавонанд дар ташкилу ободонии боғҳои истироҳатӣ, паркҳо, ҷангалбоғҳо, кабудизоркунии назди биноҳои истиқоматӣ, корхонаҳо ва ғ. саҳми арзанда гузоранд.

Кафедра  ба  хоҷагиҳои ҷангал ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва истироҳатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мутахассис тайёр  менамояд.

Барои самаранокии дарсро баланд бардоштан, донишҷӯён бо маводҳои таълимӣ бо забони давлатӣ таъмин мебошанд, аз он ҷумла:  15 китоби дарсӣ,  16 дастури таълимӣ барои дарси лабораторию амалӣ. 23 дастур оид ба иҷрои дарсҳои КМРО ва КМД, 5 дастур барои иҷрои кор ва лоиҳаи курсӣ, 2 дастур оид  ба иҷрои кори хатми бакалавр ва магистр, 2 дастур барои таҷрибаомӯзиҳои таълимӣ ва истеҳсолӣ ва ғ.

Версияи электронии ҳамаи маводҳои таълимию методии фаннӣ, дар китобхонаи электронии ДАТ ҷойгир карда шудааст, ки аз онҳо донишҷӯён метавонанд бо пуррагӣ истифода баранд.  

Ҳоло дар кафедра ҳамаи омӯзгорон ду мавзӯи илмиро иҷро карда истодаанд ва  донишҷӯёнро низ ба кори илмӣ ҷалб менамоянд.

Аз натиҷаи фаъолияти илмии худ 5 омӯзгорони кафедра  рисолаи номзадӣ дифоъ кардаанд, назди 450  мақолаҳои илмӣ ба чоп расидааст ва соҳиби 2 Патент шудаанд. Профессорони кафедра Ахмадов Ҳ.М. ва Нимадҷонова К.Н. 7 монография чоп намудаанд.

Коллективи омӯзгорони кафедра ҳамасола дар конференсияҳои илмӣ амалии байналмиллалӣ, ҷумҳуриявӣ ва донишгоҳӣ фаъолона иштирок намуда, натиҷаи корҳои илмии худро маърӯза карда, ба муҳокима пешниҳод менамоянд.

Кафедра бо Агентии хоҷагии  ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо идораи ободонии назди Ҳукумати шаҳру ноҳияҳо ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва истироҳатии ш. Душанбе зич алоқаманд буда, барои таъмин намудани таҷрибаомӯзиҳои таълимию истеҳсолӣ ва илмӣ шартномаи тарафайн доранд.  

Тарбияи фарҳангии ҷавонон яке аз қисматҳои асосии корҳои таълимӣ мебошад. Аз ин сабаб ҳамаи омӯзгорони кафедра ба ҳайси кураторони гурӯҳҳои академӣ корҳои тарбиявӣ мегузаронанд. Дар соатҳои куратории ҳарҳафтаина ҳамаи масъалаҳои муҳими рӯзмарраи ҷавононро таҳлил намуда, дараҷаи фарҳангии онҳоро баланд мебардоранд. Дар тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстию ватанпарварӣ, ифтихори миллӣ, худогоҳию худшиносӣ, ҳифзи арзишҳои миллии таърихию фарҳангӣ, пойдории ваҳдат ва ғ. корҳои ҳамарӯза гузаронида мешавад.         

Коллективи кафедраи хоҷагии ҷангал ва бунёди чаманзор азму кушиш доранд, ки нишондодҳои кафедраро дар такмили сатҳи таълиму тарбия ҳарчӣ боло бардоранд, сифату мазмуни кадрҳои тайёр мешудагиро ба талаботи замон ҷавобгӯ ташкил кунанд, ки онҳо дар пешравии илм, хоҷагии ҷангал ва ободонии шаҳру деҳот пешсаф бошанд.