Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Кафедраи "Кимиё"

 

БОБИЕВ Холмурод Абдувадудович, мудири кафедрки кимиё, номзади илмҳои химия, дотсент

 

Яке аз калонтарин кафедраи  пойгоҳӣ буда, соли 1931 баробари ташкил шудани донишгоҳ таъсис ёфтааст. Сарварии кафедраро  таи солҳои гузашта дотсентон Шаферштейн И.И. (1957-1959),  Хаимов И.Н. (1959-1967), Собиров С.С. (1967-1969), Ёрматов Н.Ё. (1970-1981), Исмоилов С.Я. (1981-1986), Бондар В.В. (1986–1991), Ҷалолов С.С.(1991–1993), Идрисов Т.Ч. (1993–1994,), Юсупова Н.А. (1994–2003), дотсент Каримов К.Ғ. (2003-2007), профессор Идрисов Т.Ч.(2007-2012) бар ӯҳда доштанд. Аз соли  2012 инҷониб сарварии кафедра бар дӯши дотсент Бобиев Х.А. мебошад.

Айни замон дар кафедра1 профессор, 4 дотсент, 2 муаллими калон, 6 омӯзгор дарс мегӯянд. Имрӯз ҳайати кафедра аз профессор Идрисов Т.Ч., дотсентон Бобиев Х. А., Самиев М., Валиев Р., Низомов И.М. ва Тағоев М.И. омӯзгорони калон Зоирова З., Ёрова Б., омӯзгорон Сулаймонова Р., Аъзамов Ш., Худоёрбекова С., Солиев Ҷ., Сангов М.М., Қудратуллоев Ё. ва Оев Ш.Д. иборат мебошад. 

Кафедра  дорои 7 лабораторияи таълимӣ мебошад, ки бо дастгоҳу таҷҳизот, маводи кимиёӣ ва воситаҳои аёнии таълим муҷаҳҳазанд. Омӯзгорони кафедра дар 7 факултети донишгоҳ ба донишҷӯёни шӯъбаҳои рӯзона ва ғоибона аз рӯи 10 фан ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дарс медиҳанд.  Дар дарсҳои худ омӯзгорон аз воситаҳои техникии таълим, аз ҷумла, компютерҳо ва тахтаҳои электронӣ ба таври васеъ истифода мебаранд.

Олимони кафедра  солҳои охир дар мавзӯи «Синтез ва таҳқиқи пайвастҳои комплексии микроэлементҳои аз нигоҳи физиологӣ фаъол», «Омӯзиш ва таҳқиқи таркиби кимиёии оби ҳавзаи дарёи Варзоб» ва «Таъсири нуриҳои минералӣ ба нашъу намо ва маҳсулнокии зироатҳои техникӣ»   таҳқиқот анҷом медиҳанд. Аз рӯи натиҷаи таҳқиқотҳои илмӣ олимони кафедра дар конференсия ва симпозиумҳои байналхалқӣва ҷумҳуриявӣ баромадҳо кардаанд. Дар солҳои охир аз ҷониби муаллимони кафедра  беш аз 100 мақолаҳои илмӣ чоп карда шудаанд. Омӯзгорони кафедра соҳиби 10 шаҳодатномаи муаллифӣ мебошанд.

Китобҳои дарсии "Кимиёи таҳлили миқдорӣ", "Кимиёи аносир (элементҳо)", "Кимиёи узвӣ", "Асосҳои кимиёи умумӣ ва физикию коллоидӣ", "Кимиёи ғайриорганикӣ", "Биокимиё", “Кимиё”, “Усулҳои физикию кимиёии таҳлил”, “Кимиёи об”,”Практикуми лабораторӣ аз кимиёи узвӣ, ”Практикуми лабораторӣ аз кимиёи ғайриузвӣ”,аз ҷумлаи китобҳои тозанашри устодони кафера мебошанд, ки имрӯз чун воситаи асосии таълим мавриди истифода қарор гирифтаанд. Омӯзгорони кафедраи кимиё барои ҳамаи фанҳо дастурҳо барои иҷрои корҳои лабораторӣ ва корҳои мустақилона навишта, чоп намудаанд.

 

Дар солҳои гуногун олимон Юсупова Н.А., Хаимов И.Н., Ёрматов Н.Ё., Собиров С.С., Бондар В.В., Умаров С., Малахова С.И., Фозилова М., Фузайлова Р.М., Скобенко В.И., Ҷалолов С.С., Қодиров А., Каримов Ғ.,Абдуллоева С.К, Иброҳимов М.П., Нурматов Ш., Нажбуддинов С., Солиев З.,  Алибоева А., Саломатшоева З. дар кафедра фаъолияти пурсамари омӯзгорию илмӣ кардаанд.