Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Кафедраи "Маркетинг ва агробизнес"

 

ШУКУРОВ Комил Ибрагимович,
мудири кафедраи маркетинг ва агробизнес, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент 

Кафедраи «Маркетинг ва агробизнес» соли 1991 дар асоси кафедраи  «Ҳуқуқи Шуравӣ ва ташкилу идораи КАС» таъсис дода шудааст. Сарварии онро аз рӯзи таъсисёбиаш то моҳи ноябри 1991 доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ профессор Бобоҷонов Н.Б. ба ӯҳда дошт.

Аз моҳи ноябри соли 1991 то моҳи майи соли 2000 номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, «Аълочии маорифи халқ» Мадаминов А.А. ва аз моҳи майи соли 2000 то моҳи сентябри соли 2002 номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Акрамов Ш.А. маъсулияти мудири ро ба ӯҳда доштанд. Аз моҳи декабри соли 2002 то моҳи ноябри соли 2005 маъсулияти сарварии кафедра ба ӯҳдаи номзади илмҳои иқтисодӣ, дорандаи унвони «Аълочии маорифи халқ» ва нишони «Меҳнати шоиста», дотсент Боҳирова Х.С. буд.

Аз моҳи сентябри соли 2005 то ҳамин рӯз номзади илмҳои иқтисодӣ, дорандаи унвони «Аълочии маориф ва илми ҶТ» дотсент Шукуров К.И. ба ӯҳда дорад. Дар солҳои гуногун дар кафедра профессор Бобоҷонов Н. дотсентон Мадаминов А, Мамадқулов М, Миркамолов А, Акрамов Ш, Ойев Х, Ғуломов Х., Раҷабов С, Шукуров К.И., муаллимони калон Андалибова М, Комилова Г, ассистетон Ашрапова Ш., Ғаюров С., Сафарова Н, ва дигарон кору фаъолият намудаанд.

Дар айни замон дотсентон Шукуров К., Акрамов Ш., Ғуломов Х., Ахмедов М., ассистентон Қурбонова Ф., Тошева Г., Раҳматзода М., Ахмедов Д. ва лабаранти калон Акрамова Ш. дар кафедра фаъолият доранд.

Бо ташаббуси кафедра дар  факултаи Агробизнес аз соли 2001 сар карда мутахассисон бо ихтисоси «Маркетолог дар соҳаи аграрӣ» ва «Фермер-менеҷер» тайер карда мешаванд.

Бо ташаббуси Ректори донишгоҳ, профессор Салимзода А.Ф. аз соли 2017 дар назди кафедра «Маркази логистикӣ» ташкил карда шудааст.

Мавзӯи корҳои илмию тадқиқотӣ бозгӯи талабот буда, ба раванди имрӯзаи ҳаети  иқтисоди бозоргонии кишвар мутобиқат мекунанд. Тадқиқотҳо тибқи масоили протсессҳои бозоргонӣ ва протсессҳои истехсолот  дар шароитхои ҳозиразамони хоҷагидорӣ бурда мешаванд. Дар хамин асос дар кафедра  4 монография, зиёда аз 30 китобча ва бештар аз 200 маколаҳои илмӣ ба табъ расонида шудаанд.

Дар қатори корҳои таълимию методӣ устодони кафедра ба фаъолияти илмиву тадқиқотӣ низ машғуланд. Мавзӯи корҳои илмӣ тадқиқотӣ «Идоракунии сифати маҳсулот ҳангоми нигоҳдорӣ, коркард ва фурӯши маҳсулот вобаста бо талаботи аҳолии ҶТ» буда, ба раванди ҳаёти иқтисодӣ бозоргонии кишвар мусоидат мекунанд..

Кафедра бо Академияи аграрии ба номи К.А. Тимирязеви шаҳри Маскав, Пажӯишгоҳи иқтисодӣ ва аграрии АИА Украина, Донишкадаҳои аграрии шаҳри Тошканд, Донишгохи давлатии миллии Тоҷикистон, АИК  Тоҷикистон, Академияи  қонунгузории ФР, АИ   Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аккадемияи илмҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Университети давлатии баноми Ломоносови шахри Маскав, Вазорати  кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корпоратсияи «Хӯрокворӣ» шахри Душанбе, Ассосиатсияи Агробизнеси Тоҷикистон, Ассосиатсияи хоҷагиҳои  деҳқонӣ ҶТ ва ғайра робитаҳои зичи илмию тадқиқотӣ дорад.